Имрӯз, 22 август дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳфили илмӣ-адабӣ “Хирад”- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маҳфили навбатӣ таҳқиқоти «Академик Муҳаммад Осимӣ: бунёд ва пешрафти донишноманависии илмӣ дар Тоҷикистон», ки ба солрӯзи академик бахшида шудааст рӯнамоӣ гардид.
Ба кори маҳфил ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд ҳусни оғоз бахшида, доир ба саҳми арзишманди академик Муҳаммад Осимӣ дар рушди соҳаи илм дар Тоҷикистон суханронӣ намуд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани муқаддимавии хеш иброз дошт, ки дар таҳқиқоти дастаҷамъии тоза ба нашр расида, гурӯҳи олимони саршиноси тоҷик, Амрико, Франсия, Испания, Ҳиндустон, Ӯзбекистон ва ғайра ширкат намуда, дар навиштаҳои асари мазкур масоили камомӯхташудаю мубрами назариявию консептуалии бунёд ва пешрафти донишномависии илмӣ дар Точикистон аз дирӯз то имрӯз, саҳми донишманди барҷаста, яке аз ташкилдиҳандагон, сарвари илми бунёдии тоҷик академик Муҳаммад Осимӣ, ки сарварии Академияи илмҳои Тоҷикистонро зиёда аз ду даҳсола ба зимма доштанд, ба риштаи таҳқиқ омадааст.
Таъкид гардид, ки муҳаққиқон дар навиштаҳояшон паҳлӯҳои муҳимми фаъолияти пурбори илмию давлатӣ, ҷамъиятии ин симои камназирро бар пояи санадҳои тоза ба қалам овардаанд. Аз ҷумла, саҳми устоди зиндаёд академик Муҳаммад Осимӣ дар бунёд ва пешрафти донишноманависии илмӣ дар Тоҷикистон пешрафт, ҳаллу фасли масоили ташкил, ҷалбу сафарбар намудани нерӯҳои илмӣ, таҳияи фонди илмӣ барои таҳия, ташкили сафарҳои омӯзишии кормандон ба кишварҳо, марказҳои илмӣ- энсиклопедии шӯравӣ барои андӯхтани дониш, тачрибаи энсиклопедиясозӣ, тартиб додани луғатномаҳои соҳавии энсиклопеди, гирдоварии адабиёти илмӣ, сарчашмаҳои хаттӣ доир ба масоили таърих, назарияи масоили таъриху фарҳанг, навиштани аввалин энсиклопедияи миллии тоыик, таҳияи энсиклопедияи ихтисосӣ доир ба ҷашнҳои 50-60 солагии таъсисёбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нашри сифатан баланди он, заминаи устувори илмию ташкилии энсиклопедияҳои соҳавӣ корҳои камназири ташкилии илмии академӣ саҳми арзанда доранд.
Дар идомаи маҳфил Сафарзода Давлат Шариф муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар олимону муҳақиқон саҳми ин донишманди тоҷикро дар рушди соҳаи илми кишвар муҳим арзёбӣ намуда, доир ба фаъолияти самарабахши ӯ маъруза намуданд. Қайд гардид, ки дар навиштани ин асари дастаҷамъӣ, ки олимони ватанию хориҷӣ ширкат намудаанд, мавзуоти мубрами таърихию назарии фарҳанги донишноманависии илмии тоҷик хидмати шоистаи академик Муҳаммад Осимӣ дар омӯзишу густариши он аз дидгоҳи нав баррасӣ намудаанд.