Муҳимтарин мавзуи баҳс дар тамоми таърихи ҳастии олам мавзуи истиқлол аст: ин падида аз замони шакл гирифтани ҷомеаву давлатҳо, аз даврони пайдоиши фарҳангу тамаддунҳо ва умуман зуҳур кардани андешаи чӣ навъ зистани бани башар дар алоҳидагӣ ва таъсиси муносибот дар ҷаҳони ба ҳам алоқаманд дар зеҳни кулли илмҳо ва таълимоту назариёти марбут ба инсонҳо пайдо шудааст ва ҳар вақте аз пешрафту таназзули ин ё он кишвар ва ё миллат сухан рафт, наметавон онро ба ҳайси нахустсабаб ба эътибор нагирифт.
Вақте аз решаи ин масъала сухан ба миён меоварем, сухани Гегел ба хотир мерасад, ки сарнавишти таърихии ҳама миллату кишварҳо ва умуман инсониятро таърихи ба озодӣ расидани онҳо медонад.
Масъалаи озодӣ ва ё истиқлоли воқеии кишварҳо ва миллатҳо масъалаест, ки кулли масоили дигарро таҳти танзим ва тасаллути худ медарорад, мисли он ки бидуни офтоб наметавон дигар аз ҳастии бонизом ва ҷунбишу ҳаракату пешрафт дар умум ҳарф зад. Бо назардошти эҳтиёҷоти воқеии хеш амал кардан, таъсироти берунаро то ҳадди мумкин ба манофеи хештан созгор намудан, нигаҳ доштани чеҳра ва вуҷуди маънавии миллӣ ва сипари таҳоҷуми арзишҳои бегона кардани тавоноии фарҳангӣ ва суннатҳои ҷомеадории миллӣ муҳтавои имрӯзии истиқлол аст, ки дар ҳама мамолики ҷаҳон дар сархатти барномаҳои рушди онҳо қарор дорад.
Истиқлол, қабл аз ҳама, озодии афкор ва рафтори инсонҳоест, ки дар як қаламрави муайян бо нишонаҳои ягонагии этникӣ ва фарҳангӣ зиндагӣ мекунанд ва барои худ раҳи ояндаро мушаххас месозанд. Ин навъи фаҳмиши истиқлол шохисаи асоситарини бунёди як кишвари мустақил аст: истиқлоли ҳамагонӣ аз истиқлоли афроди ҳамон кишвар вобастагӣ дорад ва он чӣ, ки маҷрои шохобҳои ин андешаҳои инфиродиро ба як самт, мисли дарёи бузург раҳнамоӣ мекунад, дар маҷмуъ андешаи миллист.
Тоҷикистон ҳамчун давлати озоду мустақил аллакай 34 сол аст, ки аз шаҳди истиқлол неру мегирад ва бо гузашти солҳо ин неруи мавҷудро чун муҳаррики пешрафт барои ҳалли ҳама масоили кишвардорӣ тақвият медиҳад. Ин неру ҳамон нахустпояест, ки болои он сохтмонҳо дар ҳама соҳоти зиндагӣ, чӣ зиндагии мардуми қаламрав ва чӣ давлат дар маҷмуъ ҷараён мегирад.
Маълум, ки бидуни нигоҳубини ҳамешагии ҳамон нахустпоя бинои зиндагӣ дуруст сохта намешавад ва сабаби ба таври ҳамеша аз истиқлол ёд кардани ҳам давлатмардон ва ҳам шаҳрвандони одӣ эҳтиёт кардани ҳамон зербино ва ё пояи нахустин аст.
Пояи истиқлол ҳамон вақт устувор мемонад, ки ин мафҳум ҳамчун муқаддасттарин арзиш дар зеҳни миллат ҷо гирифта бошад, вагарна ҳама гуна иқдомоти дигар барҳадар хоҳанд буд: авлавияти ин арзиш нисбат ба ҳама арзишҳои дигар мардум ва ҷомеаро аз шоҳроҳи рушд берун намекунад ва барои расидан ба ҳадафҳои миллӣ таҳрик мебахшад.
Ҳанӯз дар замонаш Арастуи ҳаким мегуфт, ки одам махлуқи иҷтимоист ва ташаккулу таҳаввули шахсияти ӯ танҳо дар қаламрави як кишвар ва ё як давлати мушаххас имконпазир буда метавонад. Ин андеша тӯли ҳазорсолаҳост, ки ҳаққи вуҷуд дорад ва касе ба ботил будани он ишора накардааст. Инсоният дар ҳудуди ҷамъи мардумони дигар зиста, дар аввал ба ин ё он арзиш касби эътиқод мекунад ва дар ҳамбастагӣ бо одамони дигар арзишҳоеро шакл медиҳад, ки манфиати умумро фаро мегиранд.
Аммо аз назариёти фалсафа ва ҷомеашиносӣ пайдост, ки дар низоми арзишҳо арзишҳои ахлоқию маънавӣ дар мавқеи аввал қарор доранд ва мақулаҳои бунёдии он некӣ ва бадист. Эҳсоси масъулияти инсон дар назди хештан ва ва ҷомеа пояи асосии ин арзиш аст.
Навъи дувуми арзишҳо аз эътиқодоти инсон ба дин вобастагӣ дорад, ки сутунҳои он озодӣ, меҳру шафқат ва ҷустуҷӯйи ҳақиқат мебошад. Принсипҳои асосии ин навъи арзиш боадолат будан, нисбат ба ҳақиқат устуворӣ нишон додан, зуҳури шафқату раҳм нисбат ба одамон, олиҳимматӣ ба атрофиён, таҳаммулпазирӣ ва хоксорӣ, нисбат ба тобеони худ масъулиятшинос будан ва далериву ҷасоратмандист.
Дар зинаи савуми арзишҳо арзишҳои зебоишиносӣ қарор мегиранд, ки асоси онро мафҳумҳои зебоӣ ва улвият ташкил медиҳанд. Барои ташаккули шахсият ва дар ниҳоди инсон тақвият додани арзишҳои зебоишинохтӣ адабиёту фарҳанг нақши бунёдӣ доранд.
Аммо арзиши истиқлол, қабл аз ҳама, ба маънои дар ҳудуди як давлати воҳид зистани мардум ва нигаҳ доштани озодиву мустақилият тамоми арзишҳои дар боло зикршударо ба худ тобеъ мекунад. Тарзи зиндагӣ, рафтору одат, ахлоқ, эътиқодоту аъмоли инсонҳо танҳо дар вазъияте маънову муҳтаво касб мекунанд, ки агар қаламрави муайяни зиндагӣ дар ҳоли амн ва ихтиёри зисти мардум дар ҳудуди давлати соҳибистиқлол бошад.
Аз ин ҷост, ки истиқлол бузургтарин арзиш аст ва тамоми арзишҳои дигар аз чигунагии дарки ин арзиши бузург вобастагӣ дорад.
Дар миқёси ҷаҳон, ҳар замоне, ки аз истиқлоли Тоҷикистон сухан равад, андешаи бархе олимони соҳаҳои ҷомеа ва давлатдорӣ ба хотир мерасад, ки истиқлол ҳамчун падидаи марбут ба соҳибихтиёрии давлат дар шакли комил ё пурра вуҷуд дошта наметавонад: он метавонад қисман ва ё нопурра бошад. Сабаби аслии зуҳури ин андешаҳо робитаҳои глобалии сабабию натиҷавии ҷаҳони имрӯзаи мост.
Давлате нест, ки пурра эҳтиёҷоти иқтисодиву молии худро қонеъ кунад ва аз кишварҳои дигар аз ин ё он ҷиҳат вобаста набошад. Як аломати ҷаҳонгароӣ ҳамин аст, ки иқтисоди кишварҳоро ба ҳам вобаста месозад, фарҳангҳоро омехтаи арзишҳои ҳамдигарӣ мекунад, суннатҳои хоси миллиро хатари аз байн бурдан дорад.
Аммо таърих гувоҳ аст, ки дар сурати устувор будани тафаккури ягонаи миллӣ ва пойдории суннату анъанаҳои фарҳангӣ ин хатарҳо ба истиқлоли давлатҳо чандон осеб расонида наметавонанд. Ба бахти миллати тоҷик Ҷумҳурии Тоҷикистон давлатест, ки аксарияти кулли мардумаш аз як миллат иборатанд ва мавҷудияти фарҳанги беш аз шашҳазорсолааш чун сипар онро аз ҳама хатарҳои осебпазирӣ нигаҳ медорад.
Ҷомеаи суннатгаро ва адабиёти инсонпарваронааш ду такягоҳи муҳимтарини дигар дар дифои истиқлол маҳсуб мешаванд. Ин омилҳое ҳастанд, ки бисёре аз кишварҳои олам надоранд, сабаб ҳамин аст, ки дар аксар давлатҳо ҳаракатҳои ҷудоихоҳӣ авҷ мегиранд ва осудагиву оромиши халқҳо аз байн меравад.
Ҳоло, тибқи омори расмии Созмони Милали Муттаҳид, аз 193 кишвари аъзои ин созмон дар 132 давлат аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ, ҷамъиятҳои динӣ ва ҷунбишҳои этникӣ барномаҳои ҷудошавӣ аз қаламрави давлатҳои воҳид тарҳрезӣ шудааст. Давлатҳои навтаъсис барбари соҳиб шудан ба истиқлол, бино ба набудани таҷрибаи давлатдорӣ, зуд ба созмонҳои молиявӣ ва ҳарбию сиёсии ҷаҳонӣ вобаста мегарданд ва ихтиёри мустақилона муайян кардани сиёсати хориҷии хешро аз даст медиҳанд.
Аз ин ҷиҳат ҳам, Тоҷикистон дар ҳолати бехатар қарор дорад, зеро баробари расидан ба истиқлол сиёсати ваҳдати миллӣ саросари қишрҳои ҷомеаро фаро гирифт ва тӯли 34 сол аст, ки ин сиёсат дарунмояи андешаи миллиро таркиб медиҳад. Як сабаби ҳамасола дар сатҳи давлатӣ таҷлил кардани ҷашни ваҳдати миллӣ низ ҳамин аст: бе устувор доштани ваҳдати миллӣ истиқлоли миллиро ҳифз кардан ва онро тақвият бахшидан имкон надорад.
Омили дигари мустаҳкам будани бинои истиқлоли миллӣ, бо вуҷуди чандин маротиба кӯшиши рахна кардани он аз ҷониби неруҳои дохилӣ, аз ҷумла кӯшиши табаддулоти давлатӣ дар соли 2015 аз ҷониби ҳизбу ҷунбишҳои экстремистию террористӣ, дахолати ниҳонии бархе кишварҳо ба корҳои дохилии кишвари тоҷикон, дар сари қудрати давлат қарор доштани лидери миллист. Фаъолияти густардаи давлатсози раҳнамо ё пешвои миллӣ дар сарнавишти истиқлоли тоҷикон омили ҳалкунанда ва муҳимтарин аст.
Дар ин маврид андешаҳои гуногун иброз мешаванд, аз тасдиқи ин андеша дар мавриди он ки шахсиятҳои фавқулода метавонанд таърих бисозанд ва то инкори он. Ба ин маъно, ки нақши инсон дар таърих фавқулода муҳим буда наметавонад. Аммо бузургтарин намояндаи фалсафа Гегел ҷонибдори андешаи аввал аст.
Гегел онҳоеро қаҳрамонони миллатҳо меномад, ки дар вазъиятҳои мушкил сари қудрат меоянд ва қарорҳое қабул мекунанд, ки аҳаммияти таърихӣ доранд. Онҳо вазъу ҳолати ҷомеа ва давлатро дар марҳалаҳои душвор зуд мефаҳманд ва эҳтиёҷоти давлатро сари вақт қонеъ мекунанд.
Ҳамин тавр, ба андешаи Гегел, зуҳури одамони бузург дар саҳнаи таърих зарурат дорад, зеро прогресси минбаъдаи ҷомеа бино ба сабаби ихтилофоти ҷамъшуда ғайриимкон мегардад. Шахсияти бузург бо неруи фавқулодаи хеш ин ихтилофотро сари вақт ҳал карда, ҷомеаро ба маҷрои дурусти инкишоф раҳнамоӣ мекунад.
Агар ҳамин назарияи Гегелро жарфтар ба андеша бигирем, чеҳра, шахсият, кору пайкор ва фаъолиятҳои ҷоннисоронаи Сарвари давлати тоҷикон, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши назар меояд. Ин давлатмарди хирадманд дар вазъияте сари қудрат омад, ки киштии сарнавишти миллати тоҷик шикаста буд ва усули роҳбариву раҳнамоияш тавре сурат гирифт, ки як сарвари ҳунарманд он киштии шикастаро раҳораҳ таъмир ва ба соҳили наҷот мебарорад.
Дигар омили муҳимми устувории истиқлоли Тоҷикистон ҳамин аст, ки мардуми кишвар дар симои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешвою раҳнамои хешро дидааст ва ҳамарӯза мебинад. Сарчашмаи ин эътироф меҳри бузурги мардум ба сарвараш ҳаст, меҳре, ки дар дилҳои мардум, чӣ хурду чӣ бузург, чӣ пиру чӣ барно ҷӯш мезанад.
Дар навбати худ, Сарвари давлат низ ба мардуми хеш муҳаббати беандоза дорад, худро дар анбуҳи мардум мебинад ва такя ба муҳаббати омма дорад...
Табиист, ки қимат ва арзиши ҳар падидаву рӯйдоди иҷтимоӣ бо гузашти айём дар зеҳну тафаккури миллат амиқтар маърифат мешавад.
Аз ин нуқтаи назар, имрӯз истиқлол барои хурду бузурги ин сарзамин маънои зиндагии осудаву шоиста, сулҳу ваҳдати комил, фазои озоди кору пайкор ва бунёдкориву созандагиро гирифтааст.
Муҳаммадюсуф Имомзода, академики АМИТ, доктори илмҳои филологӣ,
профессор.