Имрӯз, 24 ноябр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмию назариявӣ таҳти унвони “Парчам ва парчамдорӣ дар таърихи давлатдории миллии тоҷикон” баргузор гардид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт зимни сухани ифтитоҳии хеш тамоми олимони кишваро ба ин санаи муборак ҷашни Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният хонда иброз дошт, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нишон ва Суруди миллӣ рамзи муқаддаси давлат ва нишонаи соҳибихтиёрии давлату миллат дониста шуда, дар мақоми худ равшангари таърих, сарнавишти миллату давлат, инъикосгари фарҳангу тамаддун ва орзуву ормони мардум маҳсуб меёбад.
Таъкид гардид, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолии кишвар бо шарофати сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун рамзи давлату давлатдорӣ, нангу номуси миллӣ, ҳаёти осоишта, бахту иқболи нек ва умед ба ояндаи шукуфон шинохта шуда, зери ливои худ аҳли ҷомеаро муттаҳид сохтааст. Тавре Пешвои муаззами миллат таъкид кардаанд: “Парчами давлатӣ барои мо - тоҷикон нишонаи бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги халқамон мебошад”. Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчам маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ, фарҳангиву маънавии миллӣ ва гузашта аз ин, эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ мебошад.
Гуфта шуд, ки ҳанӯз 33-сол муқаддам дар ҳамин рӯз, яъне 24 - ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи тақдирсози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар санадҳои муҳими сарнавиштсозу тақдирсоз дар самти эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва таъмини рӯзгори босаодати сокинони мамлакат, ҳамзамон Қонун “Дар бораи тасдиқи Низомномаи парчами давлатӣ” қабул гардида, аввалин рамзи давлати соҳибистиқлол тасдиқ гардид.
Зикр гардид, ки бо тасдиқи Парчам ҳамчун рамзи давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ дар самти эҳёи давлатдори миллии тоҷикон дигаргуниҳои куллӣ ва таҳаввулотҳои азим ба вуқуъ пайваста, инак тули сию се сол мешавад, ки кишвари азизамон зери ин парчами муқаддас дар заминаи сиёсати хирадмандона ва ташаббусҳои созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, ба дастовардҳои назарраси иқтисодиву иҷтимоӣ ва илмию фарҳангӣ ноил гашта истодааст.
Бояд гуфт, ки ойини парчамдории миллати сарбаланду куҳанбунёди тоҷик таърихи хеле қадим дорад. Гузштагони арҷманди мо дар тули ҳазорсолаҳо зери парчами худ саф кашида, тамомияти арзӣ, ҳуввияти миллӣ, ваҳдату ягонагӣ, нангу номус ва забону фарҳанги хешро ҳифз кардаанд.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи соҳибистиқлолии кишвар, иттиҳоди қавию вайроннашавандаи тамоми табақаҳои ҷомеа, дустиву бародарии ҳамаи халқҳои сокинони мамлакатамон мебошад. Парчам ифодаи нангу номи ҳар як шаҳрванд, баёнгари истиқлолият, ифодаи эҳтироми миллат, таҷассумгари ормонҳои миллӣ, инъикоскунандаи фарҳангу тамаддун, далели азму иродаи устувори мардуми кишвар аст.
Дар робита ба аҳамияти бузурги сиёсиву ҳуқуқии ин Парчами давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба муносибати барафрохтани Парчами миллӣ рузи 30 августи соли 2011 чунин изҳор доштанд: “Парчами миллӣ имрӯз ҳамчун нишонаи азму иродаи устувори мардум барои ободии кишвари зебоманзарамон ҳаммароми «Диравши Ковиёни»-и аҷдоди ориётаборамон бо тобиши се ранг – ранги сурх – озодиву истиқлол, ранги сафед – сулҳу оромӣ, ранги сабз – ободиву хуррамӣ ва дар байни он рамзи тоҷи зарҳалини соҳибдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон бори дигар аз мавҷудияти тамаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкори созандагиву асолати миллӣ, давлату давлатдори мустақил ва ормонҳои ватанхоҳиву қаҳрамониҳои родмардони сарзаминамон башорат медиҳад”.
Заминаҳои ҳуқуқии қабул ва тасдиқи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи давлатӣ пеш аз ҳама аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Дар моддаи 3 Конститутсия пешбинӣ шудааст, ки “Рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ мебошад”.
Қайд гардид, ки имрӯз Парчами давлатии Тоҷикистон дар қатори парчами бузургтарин давлатҳои олам дар бинои Созмони Милали Мутаҳид парафшонӣ мекунад, ки он бешубҳа ифодагари эътирофи мақоми шоистаи байналмилалии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Прчами давлатӣ ба шарафи сафарҳои расмии роҳбари давлатамон, ҳайатҳои давлатӣ, ѓолибияти фарзандони бонангу ори Ватан дар мусобиқаҳои варзишӣ, озмуну чорабиниҳои илмӣ ва дигар ҳаммоишу маъракаҳои ҷаҳонӣ дар тамоми кишварҳои дунё баланд бардошта мешавад. Халқи шарафманди Тоҷикистон зери ин парами муқаддас мутаҳид гардида, баҳри ободиву шукуфоии Ватани азизамон ҷаҳду талош меварзанд.
Дар идомаи ҳамоиш доктори илмҳои фалсафа Хидирзод Махфират, доктори илмҳои таърих Шарифзода Абдувалӣ ва дигар олимону муҳақиқон оид ба таърихи парчам, ҷойгоҳ ва мақоми он дар қабатҳои гуногуни давлатдории тоҷикон, таҳаввули рамзҳои миллӣ ва аҳамияти фарҳангиву иҷтимоии Парчами давлатӣ суханронӣ намуданд. Инчунин, як зумра аз магистрантон ва докторантони PhD доир ба ин ойини худшиносӣ аз ашъори шоирон шеърҳо қироат намуданд.
