(дар ҳошияи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми байналмилалии сулҳ ва эътимод дар Ашхобод, 12.12.2025)
Дар шароити ҷаҳони муосир, ки бо рақобати печидаи геосиёсӣ, заиф шудани меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва афзоиши таҳдиду хатарҳои гуногун рӯбарӯ аст, масъалаи таҳкими сулҳ ва эътимод аҳамияти хосса пайдо мекунад. Форуми байналмилалии сулҳ ва эътимод, ки дар доираи "Соли байналмилалии сулҳ ва эътимод, 2025" дар шаҳри Ашхободи Ҷумҳурии Туркманистон баргузор гардид, ҳамчун платформаи муҳим барои муҳокимаи ин масъалаҳо хидмат кард. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин форум на танҳо сиёсати хориҷии Тоҷикистонро инъикос намуд, балки аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ фарогири пешниҳодҳои мушаххас барои ҳалли мушкилоти глобалӣ мебошад.
Аз нигоҳи илмҳои ҳуқуқшиносӣ сулҳ ва эътимод ҳамчун принсипҳои асосии ҳуқуқи байналмилалӣ (мувофиқи моддаҳои 1 ва 2-и Оинномаи СММ) баррасӣ мешаванд. Дар суханронии худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯбарӯшавии ҷомеаи ҷаҳонӣ бо рақобати печидаи геосиёсӣ ва заиф шудани меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ёдовар шуданд. Аз нигоҳи ҳуқуқӣ, ин масъалаҳо ба принсипи манъи истифодаи қувва (моддаи 2(3)) ва соҳибихтиёрии давлатҳо (моддаи 2(4) Оинномаи СММ) алоқаманд мебошанд. Болоравии таҳдиду хатарҳои муосир, ба монанди низоъҳои минтақавӣ ва терроризм, боиси коҳиши суръати пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ мегардад, ки ин ба ҳадафҳои рушди устувори СММ мувофиқ намебошанд. Таҳлил нишон медиҳад, ки заиф шудани ҳуқуқи байналмилалӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ба афзоиши ҳодисаҳои вайронкунии шартномаҳои байналмилалӣ оварда мерасонад. Дар суханронии худ Пешвои миллат таъкид намуданд, ки сулҳ ва эътимод ҳамчун воситаҳои ҳуқуқӣ барои пешгирии чунин таҳдидҳо хидмат мекунанд. Ин принсипҳо дар қатъномаи СММ A/RES/71/258 (2016) пешбурди музокироти бисёрҷонибаи нобудсозии силоҳи ҳастаӣ инъикос ёфтаанд. Яъне, Ассамблеяи Генералӣ бо ёдовар шудани қатъномаҳои пешинаи худ 67/39 (аз 7 декабри 2012), 68/32 (аз 9 декабри 2013), 69/35 (аз 2 декабри 2014), 70/33 (аз 9 декабри 2015) ва 71/1 (аз 25 сентябри 2016) такрор кардани салоҳияти худ мувофиқи моддаи 11 Оинномаи СММ оид ба баррасии масъалаҳои марбут ба нобудсозии силоҳ ва пешниҳоди тавсияҳо бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти бисёрҷониба дар ҳалли масъалаҳои сулҳ, амният ва рушди устувор таъкид менамояд, ки нобудсозии комил ва бебозгашти силоҳи ҳастаӣ ва пешгирии паҳншавии он барои таъмини сулҳу амнияти байналмилалӣ ва рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ аҳамияти ҳалкунанда дорад.
Яке аз нуқтаҳои муҳими суханронии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таъкид бар паёмадҳои нохуши хатарҳои экологӣ, ба мисли тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо ва олудашавии муҳити зист аст. Аз нигоҳи ҳуқуқӣ, ин масъалаҳо ба Конвенсияи чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи тағйирёбии иқлим (Ню-Йорк, 9 майи соли 1992) ва Созишномаи Париж (2015) алоқаманданд. Ҳадафи олии Конвенсия ва ҳамаи санадҳои марбутаи он – ноил гардидан ба устуворгардонии консентратсияи газҳои гилхонаӣ дар атмосфера дар сатҳе мебошад, ки пешгирии дахолати хавфнокии антропогенӣ ба системаи иқлимро таъмин менамояд. Ин сатҳ бояд дар муддати кофӣ ба даст ояд, то экосистемаҳо ба тағйирёбии иқлим ба таври табиӣ мутобиқ шаванд, истеҳсоли ғизо зери хатар қарор нагирад ва рушди иқтисодӣ ба таври устувор идома ёбад. Созишномаи Париж мақсади онро дорад, ки вокуниши ҷаҳониро ба таҳдиди тағйирёбии иқлим дар заминаи рушди устувор ва талошҳо барои барҳам додани камбизоатӣ пурзӯр кунад, аз ҷумла тавассути: a) нигоҳ доштани афзоиши ҳарорати миёнаи ҷаҳонӣ хеле поёнтар аз 2°C нисбат ба давраи пеш аз саноатӣ ва талош барои маҳдуд кардани он то 1,5°C; b) баланд бардоштани қобилияти мутобиқшавӣ ва муқовимат ба тағйирёбии иқлим бидуни зери хатар гузоштани истеҳсоли ғизо; c) мутобиқ кардани ҷараёнҳои молиявӣ ба роҳи рушди кампартоб ва муқовим ба иқлим.
Пешвои миллат таъкид карданд, ки ин мушкилот тадбирҳои муштараку ҳамбастаи ҷомеаи ҷаҳониро талаб менамоянд, ки ин ба принсипи ҳамкории байналмилалӣ (моддаи 1(3) Оинномаи СММ) мувофиқ аст ва Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускори пешниҳодкунандаи "Даҳсолаи байналмилалии амал 'Об барои рушди устувор, 2018-2028'" (қатъномаи СММ A/RES/71/222), саҳми муносиби худро дар ҳалли мушкилоти глобалӣ гузошта истодааст. Аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ, ин ташаббусҳо ба ҳифзи ҳуқуқҳои инсонӣ (Эъломия умумии ҳуқуқҳои башар, 1948) ва рушди устувор алоқаманданд. Сулҳ ва эътимод имкон медиҳанд, ки мушкилоти печида дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ҳал шаванд, ки ин ба ҳуқуқи байналмилалии муҳити зист (Декларатсияи Конференсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи муҳити зисти инсон, Стокголм, 16 июни соли 1972) мувофиқ аст.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ инчунин изҳор доштанд, ки Тоҷикистон аз ҳамаи ташаббусҳо доир ба таҳкими сулҳу амонӣ дар ҷаҳон пуштибонӣ менамояд. Дар ин робита, пешниҳоди Тоҷикистон ба СММ доир ба эълон намудани "Даҳсолаи таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда" ёдоварӣ гардид. Аз нигоҳи ҳуқуқӣ, ин пешниҳод ба қатъномаҳои СММ дар бораи сулҳи устувор (A/RES/70/262) алоқаманд аст ва метавонад ҳамчун асоси қабули қатъномаи нави СММ хидмат кунад.
Дар итмоми сухананронӣ Пешвои миллат "тантанаи сулҳ"-ро ҳамчун "гарави таъмини адолат, баробарӣ, эҳтироми ҳуқуқ ва озодиҳои инсон" номиданд. Ин ба моддаҳои 55-56-и Оинномаи СММ мувофиқ аст, ки ҳамкориро барои ҳифзи ҳуқуқҳои инсон пешбинӣ мекунанд. Тоҷикистон омода аст, бо истифода аз анъанаҳои дипломатӣ ва гуфтугӯи созанда, дар таъмини амну субот саҳм гузорад. Аз нуқтаи назари илмӣ ин суханронӣ нишон медиҳад, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати фаъол дар ҳуқуқи байналмилалӣ, метавонад нақши калидӣ дар таҳкими эътимод бозад.
Суханронии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми Ашхобод аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ аҳамияти таҳкими сулҳ ва эътимодро ҳамчун принсипҳои асосии ҳуқуқи байналмилалӣ таъкид мекунад. Ин масъалаҳо барои ҳалли мушкилоти глобалӣ, аз ҷумла геосиёсӣ ва экологӣ муҳим мебошанд. Тоҷикистон бо ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳ ва эътимоди ҷаҳони саҳми муносиб мегузорад ва дар оянда низ ҷомеаи ҷаҳониро ба гуфтугӯ ва ҳамкориҳои дипломатӣ ҳидоят менамояд.
САНГИНЗОДА ДОНИЁР ШОМАҲМАД -муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ оид ба илм ва таълим, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор
