Skip to main content
Дирӯз (санаи 16.12.2025) кулли мардум ва миллати сарбаланд ва шарафманди тоҷик шоҳиди ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” гардиданд. Ба ҳамагон маълум аст, ки шуруъ аз оғози соли 2000-ум ҳамасола Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ (Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Намояндагон) сурат мегирад, ки дар доираи он самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар маълум мегарданд.

123Сароғоз Пешвои миллат соли 2025-ро барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳим боз як соли таърихӣ номиданд. Дар баробари ин, Президенти кишвар вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии кишваррро вобаста аз намудҳои фаъолияти иқтисодӣ мавриди таҳлил, омӯзиш ва таҳқиқ қарор доданд. Аз нуқтаҳои асосии Паём бар меояд, ки рушди бемайлони вазъи иҷтимоиву иқтисодии мамлакат дар соли сипаригардида пурра таъмин гардидааст ва ин баҳри расидан ба ҳадафи ниҳоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне баланд бардоштани сатҳ ва сифати некуаҳволии аҳолӣ оварда расонид.

Хуб дар хотир дорем, ки дар Паёмҳои қаблӣ Президенти маҳбуби кишварамон таъкид намуда буданд, ки “Дар шароити пешрафти босуръати илму технологияҳои муосир мо бояд тамоми имкониятҳоро барои таълиму тарбияи фарзандон ва фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рушди ҳамаҷонибаи онҳо сафарбар созем, онҳоро ба роҳи рост ҳидоят кунем ва ба ҳаёти мустақилона омода намоем, зеро кӯдакон ва наврасону ҷавонони имрӯза ояндаи мо, давомдиҳандагони кори мо ва умеду орзуи мову шумо мебошанд. Агар мо хоҳем, ки дар оянда Ватанамон ободу зебо ва ҳамқадами кишварҳои пешрафта гардад, бояд ҳеҷ гоҳ аз раванди таълиму тарбияи насли наврас дар канор набошем”. “... ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шаванд”.

Дар мақола диққати асосӣ ба модели иқтисодии ба донишу навоварӣ асосёфта, ки аз ҷониби Президенти мамлакат пешниҳод гардид, равона карда мешавад. Ба андешаи Президенти мамлакат рӯ овардан ба модели болозикр имкон медиҳад, ки ҳангоми ба инобат гирифтани он Ҳукумати мамлакат самтҳои афзалиятноки рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, саноатикунонии босуръат бо технологияҳои муосир, истифодаи имкониятҳои транзитӣ ва сайёҳӣ, идомаи ислоҳоти идоракунии давлатӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар гардонидани фазои сармоягузориро тақвият бахшад. Аз инҷо бар меояд, ки маҳаки асосии рушди иқтисодиёт дар асоси дониш, маърифат, маориф ва дар ниҳоят илм баромад менамояд.

Бояд дар назар дошт, ки бештари давлатҳои тараққикардаи дунё дар низоми иқтисодии худ ба соҳаҳои илм ва маориф афзалият ва авлавият медиҳанд. Дар инҷо нуқтаи муҳим он аст, ки муваффақияти ҳамаи давлатҳои тараққикардаи дунё, аз ҷумла ИМА, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷопон ва дигарон ба бартариятҳо, имтиёзҳо ва афзалиятҳои соҳаҳои болоӣ дар сохтори иқтисоди миллӣ мушоҳида мегардад. Дар ин росто, хурсандиовар он аст, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мегардад, ки ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тӯли беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям. Аз ин гуфтаҳо бар меояд, ки “модели иқтисодии ба донишу навоварӣ асосёфтаи Президенти мамлакат 33 сола дониста мешавад ва паҳлӯҳои бештари он дар амалияи иқтисоди миллии ҷумҳурӣ мавриди истифода ва баҳрабардорӣ қарор гирифта, он бо ҳадафҳои гузошташудаи барномаҳои стартегии мамлакат, пеш аз ҳама, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 пурра мутобиқат менамоянд. Бо ибораи дигар, дар оянда, давра ба давра ва марҳила ба марҳила мо бояд ҳиссаи соҳаҳои илм ва маорифро дар афзоиши нишондиҳандаҳои макроиқтисодии мамлакат афзоиш диҳем.

Асосҳои назариявии модели иқтисоди дониш, ё бо истилоҳи қабулгардидаи ҷаҳонӣ - (Knowledge-Based Economy, KBE), ки аз ҷониби олими австриягӣ-амрикоӣ Фритс Махлуп дар китоби худ бо номи “истеҳсолот ва тақсимоти дониш дар ИМА” ((The Production and Distribution of Knowledge in the United States) соли 1962 пешниҳод гардида аст, фаъолияти тамоми соҳаҳои иқтисодиётро аз соҳаҳои илмғунҷоишашон баланд вобаста медонист. Ба андешаи мо, мантиқан дуруст аст, ки рушди соҳаи илм, бевосита аз соҳаи маориф вобастагӣ дорад ва дар инҷо занҷираи мантиқии “маориф-илм-истеҳсолот” ба вуҷуд меояд. Таҳқиқи ҷанбаҳои назариявии истифодаи модели иқтисодии дониш маълум менамояд, ки хароҷотҳо ба ин соҳаҳои калидӣ бояд дар сохтори умумии хароҷотҳо сол аз сол бештар карда шаванд. Як нуқтаи муҳим ин аст, ки дар фарқият аз моделҳои ҷойдошта дар модели пешниҳоднамудаи Сарвари давлат калимаи “навоварӣ” мушоҳида мегардад, ки ин ҳам бошад дарбаргирандаи инноватсияҳо ва донишҳои нави илмиро дар назар дорад. Бо ибораи дигар ҳамгироии дониш ва навоварӣ имконияти беҳтар намудани вазъи иқтисодиро танҳо аз ҳисоби коркардҳои нав, донишҳои нав ва ғояҳои илмие, ки бори аввал барои баҳрабардорӣ тавлид карда мешаванд.

Боиси хушнудӣ ва қаноатмандист, ки дар Паёми Президенти мамлакат дастур дода шуд, ки Ҳукумати мамлакат маблағгузории ин соҳаҳои калидиро мунтазам зиёд менамояд ва ҳар сол ҳаҷми умумии он беш аз 21% хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад. Илова бар ин, таъкид гардид, ки барои соҳаи маориф дар соли 2026 аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2025-ум 25,4% ва нисбат ба даҳ соли қабл, яъне соли 2015-ум панҷуним баробар зиёд мебошад.

Аз гуфтаҳои боло бар меояд, ки барои гузариш ба модели иқтисоди дониш, зарур аст, ки мавқеи ниҳодҳои соҳавӣ пурзӯр карда шаванд. Дар ин росто, мавқеи асосӣ ва калидӣ ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) бояд дода шавад. Маълум аст, ки аз ҳисоби ниҳодҳои соҳавӣ мавқеи АМИТ ҳамчун пурзӯртарин ва волотарин ниҳоди соҳавӣ дониста мешавад. АМИТ дар якҷоягӣ бо дигар ниҳодҳои соҳаҳои калидӣ (илм ва маориф) дар амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат бояд мавқеи устувор дошта бошад. Устувории мавқеи АМИТ ҳангоми амалӣ намудани натиҷаҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва лоиҳаҳои илмӣ намуддор мешавад.

Тӯли солҳои охир, барои пурзур намудани кор ва фаъолияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Пешвои миллат мароқи зиёд зоҳир менамоянд. Барои дар оянда боз ҳам беҳтар намудани сифати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва омода намудани мутахассисони моҳир, бомаърифат ва эҷодкор, инчунин такмилдиҳии фаъолияти илмии муассисаҳои илмии зертобеи он тадбирҳои судманд андешида шуда истодаанд. Дар худи Паёми имсола пешниҳоди Пешвои миллат бобати табдили Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо» ба Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳо» мо кормандони илмҳоро хушнӯд намуда, баҳри иҷрои он тамоми кӯшиши худро харҷ хоҳем намуд.

Мудири шуъбаи кор бо мактаббачагони Раёсати АМИТ, доктори илмҳои иқтисодӣ М.И. Садриддинзода