Skip to main content

Имрӯз, 22 апрел дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади иҷрои “Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030” вохурии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо кормандони бе унвони илмӣ баргузор гардид.

Зимни вохурӣ қайд гардид, ки дар сиёсати илмпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ дар муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва таҳсилоти олӣ диққати махсус равона гардидааст.

Дар ин замина, “Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030” аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Дар вохурӣ зикр гардид, ки Барномаи мазкур баҳри баланд бардоштани қобилияти зеҳниву таҳлилии насли нави илмӣ, тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ ва ба талаботи бозори хизматрасониҳои илмиву таҳсилотӣ мутобиқ намудани онҳо таҳия карда шудааст.

Таъкид гардид, ки Барнома дар асоси принсипҳо ва талаботе, ки дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 доир ба дурнамои рушди дарозмуҳлати низоми илму маорифи ҷумҳурӣ мустаҳкам шудааст, таҳия гардидааст. Дар он пеш аз ҳама ба принсипҳои тарбияи васеи кадрҳои илмӣ, ки рақобатпазирии иқтисодиёти кишварро таъмин менамояд, ба низоми тайёр намудани кадрҳои илмии рақобатпазир дар бозори меҳнат, бунёди иқтидори инноватсионии рушди илм, ташаккулёбии дониш ва малакаи зарурӣ ҷиҳати рушди устувор мусоидат менамояд, афзалият дода шудааст.

Қайд гардид, ки тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ дар самтҳои илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ, техникӣ, тиббӣ, кишоварзӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ, муассисаҳои илмию таҳқиқотии тобеи вазорату идораҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Бояд гуфт, ки тарбияи олимони ҷавон, инкишофи қобилияти эҷодӣ, ташаккули тафаккури илмию техникӣ, рушди зеҳнӣ ва ҷалб намудани онҳо ба фаъолияти илмию таҳқиқотӣ яке аз самтҳои афзалиятнок дар сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон зимни вохурӣ ба кормандоне, ки то ҳол рисолаи номзадии худро ҳимоя накардаанд, аз ҷониби масъулин тавсияҳои мушаххас ва роҳнамоӣ ҷиҳати суръат бахшидан ба раванди таҳия ва ҳимояи рисола пешниҳод гардида, таъкид шуд, ки истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда ва риояи муҳлатҳои муқарраргардида аз омилҳои муҳими ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас маҳсуб меёбад.

Қайд гардид, ки дар соли 2026 71 нафар аз ҷониби кормандони илмии муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ рисолаҳои номзадӣ ва докторияшонро ҳимоя менамоянд. Дар робита ба ин нафароне, ки дар ин сол ҳимоя мекунанд аз ҷониби Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дастгирӣ меёбанд.