Перейти к основному содержанию
Кишварҳои муосири рӯйи замин дорои парчам, нишон ва суруди миллианд. Ин анъана дар замони ташаккули аввалин давлатҳои шарқи бостон бунёд ва тайи қуруни минбаъда доман густурдаву то ба даврони мо омада расидааст. Парчами миллии мо нишоне аз таърихи қадимии халқи тоҷик буда, яке аз рамзҳои муқаддаси давлати соҳибистиқлоламон ба ҳисоб меравад.

123Бино бар маълумоти манбаъҳои таърихӣ қавмҳои ориёӣ ҳанӯз аз давраҳои бостон ойини парчамсозиву парчамдориро гиромӣ доштаанд, зеро онро рамзи шуҷоату қудрат, озодиву шукуфоӣ, ободиву созандагӣ, ваҳдату ягонагӣ, ҳамдиливу ҳамдигарфаҳмӣ ва иттиҳоди халқу миллат дар набарду муборизаҳо баҳри ҳифзи марзу бум ва истиқлолу озодӣ медонистанд.

Мардуми ориёиасл яке аз асосгузорони тамаддуни башарӣ буда, тӯли ҳазорсолаҳо дар арсаи ҷаҳонӣ даҳҳо давлатҳои бузургу абарқудрат созмон додааст, ки дорои пойгоҳҳои бошукӯҳу зебо, парчам, тахт, тоҷ, муҳр, сиккаҳои заринаву симина ва сипоҳи оламгир буданд. Парчам аз ҷумлаи муқаддасоти Ориёиҳо маҳсуб гардида, ба он ҳамчун рамзи озодиву қудрат эҳтироми хос доштанд ва онро бо дурру гавҳар меоростанд. Таърихи аввалин парчами ин мардум бо номи «дурафш» ё «дирафш» дар осори таърихии ин қавм баръало таҷассум ёфтааст.

Фирдавсии фаррухсиришт дар «Шоҳнома»-и безаволаш зимни ба қалам додани таърихи Коваи оҳангар, ки рамзи оташ, равшанӣ, раҳоӣ аз зулмат, зафар ба аҳриман, хайру некӣ ва ҷасорату меҳанпарастии ориёитабор буд, чӣ тавр аз чарми пешдомани худ ба нӯги найза дирафш оростану онро ҳамчун рамзи мубориза бар алайҳи Заҳҳоки морон - рамзи аҳриманӣ, бадӣ, хунхорӣ, зулму ситам ва торикист, барафроштанро бо сӯз ёд мекунад. Кова бо мардуми ба дод омада, нерӯи ахриманиро аз тахти зулму истибдод сарнагун сохт, Ватанро озод ва дубора хуррам намуд. Шоҳ Афаридун, ки аз насли озодагон Ҳушангу Таҳмурас буд, дар баробари ба тахт нишастану тоҷи заррин ба сар карданаш дирафши озодагонро муқаддас донист, онро рамзи давлатдорӣ, қудрату озодӣ, ҳуввияту ваҳдат ва ягонагӣ эътироф намуда, бо зару ҷавоҳирот музайян намуд. Дурафши коваёнӣ номаш дод. Аввалин тасвири Парчам дар силоҳи ориёиҳо, форсу суғдиён ва бохтариҳо дар деворнигораҳои шаҳри Помпии Рум, яъне дар асрҳои яки то милод нигошта шудааст. Дар он саҳнаи муҳорибаи сипоҳи давлати Ҳахоманишиҳо таҳти сарварии Доро бо лашкари Искандари юнонӣ дар соли 333 милодӣ акс ёфтааст. Ранги парчамҳои асрҳои 16-18 низ асосан сурх буданд. Ва ин анъана аз давраҳои Ҳахоманишиҳо инҷониб роиҷ буд.

Фирдавсӣ низ ин нуктаро дар «Шоҳнома» ишорат намуда, аз гуногун будани ранги парчамҳо хабар додааст:

Аз он чарм, к-оҳангарон пушти пой,

Бипӯшанд ҳангоми захми дарой.

Ҳамон Кова он бар сари найза кард,

Ҳамон гаҳ, зи бозор бархост гард.

Хурӯшон ҳамерафт найза ба даст,

Ки: «Эй номдорони яздонпараст».

Фурӯҳишт з-ӯ сурху зарду бунафш,

Ҳамехондаш «Ковиёнӣ дирафш».

Як зумра муҳаққиқон бар он ақидаанд, ки вожаи «Ковиён» реша аз ҳамон дирафши Кова (Коваи оҳангар) дорад ва гурӯҳи дигар ҷонибдори ба маънии Каёнӣ (сулолаи Ковиён – Каёниён) шарҳ ёфтани ин истилоҳ мебошанд, ки Кай, Каён, Ковиён, яъне ҷасур, баҳодур, қаҳрамон аст. Вожаи «кавӣ» дар суғдӣ маънии ҳоким, роҳбар ва шоҳ (дар тангаҳои Бухоро)-ро дорад.

Ҷолиби қайд аст, ки дар таърихи халқи тоҷик афрохтани парчам ҳамчун рамзи барҳам задани пояи ҷабру бедодӣ натиҷаи талошу мубориза баҳри ба даст омадани озодиву истиқлол нишонаи қудрату тавоноӣ арзёбӣ мешавад. Тасвири уқоб дар дирафши Куруши Кабир ҳамчун рамзи давлати қудратманд ва дирафши Кова нишоне аз талошу мубориза ва ҷоннисориҳои ниёкони мо баҳри озодиву истиқлол мисол шуда метавонад. Дар даврони Шӯравӣ бошад, парчами Тоҷикистон ифодагари мазмуну моҳияти кишвар дар ҳайати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистӣ буд. Пош хӯрдани давлати абарқудрати Шӯравӣ ва соҳибистиқлол гардидани ҷумҳуриҳои ҳайати он боис гардид, ки ҳар давлати мустақил парчами худро дошта бошад. Бо дарки ин воқеият 12-уми ноябри соли 1991 Президуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти эъломияи истиқлолияти давлатӣ озмун барои беҳтарин матну оҳанги Суруди миллӣ, Парчам ва Нишони давлатӣ қарор қабул ва низомномаро дар бораи Нишон ва Парчам эълон намуд.

Рангҳои парчами миллии мо ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ мебошанд. Дар атрофи рангҳои Парчам, тоҷу ҳафт ситораи он дар ҷараёни кори Иҷлосияи 16-ум баҳсҳои тӯлонӣ ба миён омада бошанд ҳам, Парчами миллӣ дар шакли имрӯзи он аз се ранг ва акси тоҷу ҳафт ситора қабул гардид, ки ҳар ранг ва акси тоҷу ҳафт ситора моҳияти таърихӣ ва аҳамияти сиёсии ба худ хосро доранд.

Ранги сурх дар Парчам ифодагарӣ ҷоннисориҳои халқ баҳри озодӣ ва истиқлолият, ранги сафед рамзи покиву озодагӣ ва ранги сабз бошад, нишона аз неъмати бебаҳои ин миллати куҳанбунёд – фарҳанг ва дониши ҷаҳонгири ӯст.

Тоҷ ва ҳафт ситораи Парчам таърихи тӯлонӣ доранд. Хотирнишон бояд намуд, ки дар таърихи 29-уми октябри соли 2009 дар ҳамоиш бахшида ба 15-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми наҷибе пешниҳод гардид, ки 24-уми ноябр рӯзи Парчами миллӣ эълон карда шавад ва ҳамасола ҳамчун рӯзи Парчами миллӣ ҷашн гирифта шавад. Бояд қайд намуд, ки ин иқдоми неки Сарвари давлат идомаи сиёсати созандагиву бунёдкоронаи ҳукумат ва давлати Тоҷикистон буда, насли ҷавони имрӯзаро дар рӯҳияи хештаншиносиву меҳанпарварӣ ва арҷгузорӣ ба суннатҳои волои давлату давлатдорӣ ва эҳтирому қадршиносӣ ба рамзҳои давлатӣ тарбия менамояд. Парчам яке аз муқаддасоти миллии мост, ки дар назди он аз Сарвари давлат то сарбози оддӣ савганди садоқату вафодорӣ ёд мекунанд. Парчам ҳамчун рамзи давлат ба ифтихори дастоварду пирӯзиҳои фарзандони фарзонаи миллат, дар майдонҳои варзишӣ баробари садо додани Суруди миллӣ барафрохта мешавад. Боиси ифтихору сарфарозист, ки имрӯз дар пешгоҳи бинои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ Парчами Тоҷикистон партавафшонӣ мекунад.

Арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ эътироф кардани тамоми арзишҳои гузаштаву имрӯз ва фардои миллат аст. Ҷашн гирифтани Рӯзи Парчами давлатӣ барои пос доштани руҳи онҳоест, ки барои ҳимояи нангу номус ва марзу буми ин кишвар ҷоннисорӣ намуда, забон, фарҳанг ва ҳуқуқи давлатдории ин миллати таърихиро ҳифз кардаанд. Ин ҷашн ҳар фарди баномуси кишварро бори дигар ба ифтихору сарфарозӣ аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва саъю талоши ҳамешагӣ барои ободию озодии кишвар ҳидоят месозад. Муҳаббат ва садоқат ба арзишҳои миллӣ ифодагари ҳақиқии эътиқоду имон ба миллат, давлат, сарзамин, тамаддуну фарҳанг эътироф мешавад.

Ҷайлоев Ҷамшед Ҳусейнович - номзади илмҳои техникӣ ходими пешбари илмии озмоишгоҳи “Маводҳои ба коррозия устувор”-и Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон