Перейти к основному содержанию

09 декабри соли равон дар толори Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови АМИТ ҷаласаи назоратии назди президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид. Дар баргузории ҷаласа як қатор масъалаҳои мубрам мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зимни баромад президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт афзуд, ки мо бояд, дар омоданамоии кадрҳои баландихтисоси илмии кишвар кушиш ба харҷ дода, дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои илмии давлатҳои дӯсту шарики кишвари азизамон Тоҷикистон равобитҳоро ҷоннок ба роҳ монем. Дар доираи ин олимони ҷавонро дастгирии ҳамаҷониба намуда, барои дар пешбурд ва рушди илми тоҷик саҳми арзандаи хешро гузорем.

Ҳамзамон барои олимону муҳақиқони ҷавон шароити хуби корӣ омода намуда, дар тамоми ниҳодҳои илмӣ – таҳқиқотӣ шароит барои қабули олимону муҳаққиқони хориҷи кишвар фароҳам оварда, омӯзиши забонҳои хориҷиро байни олимону кормандон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондан лозим меояд.

Таъкид гардид, ки олимони соҳибмактаби Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро бояд дар тайёр намудани кадрҳои баланди илмӣ бисёр ҷиддӣ ва серталаб бошанд, то ки онҳоро дар сатҳи баланди илмӣ тайёр намуда, барои дар бозори меҳнат мавқеъ ёфтанашон ҳам дар дохил ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ роҳнамоӣ намоянд.

Дар идомаи ҷаласа президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сари вақт иҷро намудани соҳаҳои иҷтисодиёту иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024 - 2025” суханронӣ намуда, ба роҳбарияти ниҳодҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дастурҳои мушаххас доданд.