Перейти к основному содержанию

16 декабри соли равон дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи илмӣ – назариявӣ Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон” – и ҲХДТ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид.

Конференсияро бо сухани табрикотӣ Раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон” – и АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳусни оғоз бахшида, иброз дошт, ки 10 -уми декабр соли равон аз таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки имрӯз дар ҷомеа ба ҳайси “Ҳизби ҳоким”, “пешоҳанги ҷомеа” ба ҳисоб меравад, 30 сол сипарӣ мешавад.

Таъкид гардид, ки 30 – сол муқаддам Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади муттаҳид намудани қишрҳои мухталифи ҷомеа ва ба ҳам овардани онҳо зери як мафкураи созанда созмон ёфт, ки баъдан вобаста ба таҳавуллоти сиёсии кишвар унвони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – ро ба худ касб намуд.

Тавре Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми табрикотии худ ба муносибати 26 – солагии ҳизб таъкид карда буданд: “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун зодаи даврони Истиқлоли кишвар бо мақсади ифодаи азму иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон таъсис ёфта, маҳз бо рисолати мардумсолорӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, созандагию бунёдкорӣ ва тарғиби ғояҳои бузурги ватандӯству худшиносӣ дар ҷомеа мавқеи сазоворӣ худро пайдо намуд”.

Дар идомаи конфронс Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Каримзода Нилуфар, Раиси Шурои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Қурбонова Руқия, муовини Раиси Шурои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Давлаталӣ Давлатзода, собиқадори ҲХДТ, аввалин Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Валаматзода Темур, мудири Шуъбаи занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Фазилатпочои Маҳмадюсуф суханронӣ намуда, аз таърихи таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва азму талошҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокдорони конфронс маълумотҳои муфассал доданд.