Перейти к основному содержанию

Санаи 4 феврали соли ҷорӣ дар толори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти раёсати муовини якуми Раиси ҳизб, Маликшо Неъматзода маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис муовинони раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, аъзои Раёсат ва аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, раиси Комиссияи марказии тафтишотӣ, аъзои Фраксияи ҳизб дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари дастгоҳ ва кормандони масъули Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, раисони кумитаҳои иҷроия дар ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”, фаъолони ҳизбӣ ва намояндагони ВАО иштирок доштанд.

Маҷлисро муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода оғоз намуда, дар рафти маҷлис Нақшаи кории Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои нимсолаи якуми соли 2025, Нақшаи чорабиниҳо вобаста ба тарѓибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани ХV ҲХДТ, 18 декабри соли 2024, Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии “Роғун - нурбахши роҳи фардои Ватан”, Ҳайати мушовараи нашрияи макразии ҲХДТ “Минбари халқ”, Сметаи даромад ва хароҷоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои соли 2025 мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Оид ба масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис “Дар бораи тасдиқи Нақшаи кории Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои нимсолаи якуми соли 2025” иброз гардид, ки нақшаи корӣ ҳуҷҷати муҳим барои амалӣ намудани ҳама ҷанбаҳо ва самтҳои фаъолияти корӣ ба ҳисоб меравад. Ва бо назардошти ҳама паҳлуҳои фаъолият лоиҳаи нақшаи кории Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иборат аз 55 банд таҳия шудааст, ки аз Барномаи ҲХДТ барои солҳои 2025 – 2030 маншаъ мегирад.

Доир ба масъалаи дуюми рўзнома «Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо вобаста ба тарѓибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» муовини якуми Раиси ҳизб, Маликшо Неъматзода зикр намуданд, ки яке аз муҳимтарин ҳуҷҷатҳои барномавие, ки дар муддати бештар аз бист соли охир дастовардҳои миллиро дар бахшҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт, сиёсат, илм, фарҳанг, маориф ва таъмини амнияти кишвар таҳлил, баррасӣ ва арзёбӣ менамояд, нақшаҳои наздиктаринро коркард ва дар асоси онҳо дурнамои рушди давлатдорӣ муайян менамояд, ин Паёмҳои ҳарсолаи Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ мебошад. Дар ин росто, гуфтан бамаврид аст, ки баҳри тарѓиби нуктаҳои асосии Паём дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва корхонаву муассисаҳо аз ҳисоби аъзои Кумити Иҷроияи Марказӣ, кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, шўрои собиқадорон ва дигар фаъолони ҳизбӣ гурўҳҳои таблиғотӣ таъсис дода шудааст, ки онҳо фаъолияти худро бомаром идома дода истодаанд.

Оид ба масъала сеюми рӯзнома таъкид гардид, ки Анҷумани ХV ҲХДТ, 18 декабри соли 2024 баён намуданд” руйдоди муҳимми таърихӣ ба ҳисоб рафта, самти фаъолияти ҳизби моро барои минбаъдаҳо мушаххас намудааст. Вобаста ба он Кумитаи иҷроияи Марказӣ нақшаи мукаммалро таҳия намуда, дар асоси он тамоми нерӯ ва донишу малакаи худро равона месозад.

Доир ба масъалаи чоруми рўзнома “Дар бораи эълон намудани Озмуни ҷумҳуриявии “Роғун - нурбахши роҳи фардои Ватан” зикр гардид, ки ба хотири татбиқи ҳадафҳои барномавии ҳизб дар доираи ташаббуси ҲХДТ – сарпарасти маънавии НБО “Роғун” озмуни ҷумҳуриявии “Роғун - нурбахши роҳи фардои Ватан” дар байни шоирон, нависандагон, рӯзноманигорон, таърихнигорон, мусаввирон, оҳангсозон, овозхонҳо ва блогерон гузаронида шавад. Вобаста ба ин Низомнома, ҳайати Комиссия ва намунаи дархост барои иштирок дар озмун низ таҳия гардидааст.

Ҳамзамон масъалаи панҷуми рӯзнома “Оид ба тасдиқи ҳайати мушовараи нашрияи макразии ҲХДТ “Минбари халқ” ва масъалаи шашуми рўзнома “Дар бораи тасдиқ намудани сметаи даромад ва хароҷоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои соли 2025” низ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар маҷлис бо назардошти таклифу пешниҳодҳо, аз рўйи ҳамаи масъалаҳои муҳокимашаванда қарорҳои дахлдор қабул гардида, ташкилотҳои ҳизбӣ муваззаф гардиданд, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишвар ва муборизаи беамон ба зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, таасубу хурофот ва дигар падидаҳои манфӣ эътибори ҳамешагӣ дода, корҳои фаҳмондадиҳиро миёни аҳолӣ вусъат бахшида, мардумро ба корҳои ободониву созандагӣ, татбиқи нақшаҳои тасдиқгардида даъват намоянд.

Бо итминон иброз гардид, ки Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фаъолияти худро беш аз пеш тавсеа бахшида, рисолати худро дар фаъолияти минбаъда, ҷиҳати татбиқи ғояҳои созандаву бунёдкорона, ки аз дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад, бо ифтихор ва масъулияти баланди ҳизбӣ ва шаҳрвандӣ ба сомон хоҳанд расонид. Дар фарҷоми маҷлис бо арзи қадршиносӣ барои саҳми муносиб дар фаъолияти ҳизбӣ собиқадорон ва фаъолон бо “ Медали ҷашнии 30 солагии ҲХДТ” сарфароз гардонида шуданд.