Перейти к основному содержанию

25 феврали соли равон дар ҳошияи баргузории Конференсияи байналмилалии илмӣ амалии дар мавзуи “Саҳми занон дар рушди илм” дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон намоиши дастовардҳои бонувони муассисаҳои илмӣ - таҳқиқотӣ баргузор гардид.

Дар ин намоиши дастовардҳо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша иштирок намуда, аз дастовардҳои бадастовардаи бонувону занони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар самтҳои гуногун дидан намуданд.

Дар раванди дидан намудани дастовардҳои бонувони академия аз ҷониби муаллифон ва мутасаддиён ба иштирокдорон – тамошобинон оид ба ҳар як дастовард, маълумоти мукаммал дода шуд, ҳамзамон аз ҷониби меҳмонон ба дастовардҳои бонувони академия баҳои баланд дода шуд.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки дар замони Истиқлолияти давлатӣ таваҷҷуҳи давлату ҳукумат аз ҷумла таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии занону бонувон дар тамоми соҳаҳо умуман барои пешбурди кори давлату ҷамъият ниҳоят бузург аст ва дар ин радиф занон низ тавонистанд, ки ба боварӣ ноил гашта, дар пешбурди корҳои давлатию ҷамъиятӣ корҳои азимеро ба анҷом расонанд.