Перейти к основному содержанию

27-уми феврали соли равон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ва Раёсати Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмию амалӣ дар мавзуи “Раванди муҳоҷират ва таъсири он ба бозори меҳнат” бо иштироки муовини Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Абдулназарзода Абдулназар Абдулқодир ва ширкати роҳбарони идораҳои дахлдор ва ташкилотҳои байналмилаливу ҷамъиятӣ баргузор гардид.

Директори Институти илмҳои гуманитарӣ, д.и.фил. Қаландариён Ҳоким Сафар сараввал муовини Раиси ВМКБ Абдулназарзода Абдулназарро барои ширкат дар конференсияе, ки ба масъалаи басо муҳим ва актуалӣ – раванди муҳоҷират ва таъсири он ба бозори меҳнат бахшида шудааст, хайра мақдам гуфта, ба Муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ВМКБ муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ барои зери таваҷҷуҳи ҳамешагӣ қарор додани фаъолияти олимон ва ҳалли мушкилоти илмӣ ва барои пиёда намудани сиёсати илмпарваронаи Пешвои соҳибзаковату соҳибфаросати миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипоси самимиамонро баён намуданд.

Ҳамчунин профессор Қаландариён Ҳ.С. дар суханронии ифтитоҳӣ чунин изҳори назар намуданд: “Масъалае, ки имрӯз моро ба ҳам овардааст, мавзуи нав нест. Тадқиқотҳои охирини генетикӣ ва археологӣ аз он дарак медиҳанд, ки раванд ва ҷараёни муҳоҷират беш аз ду миллион сол аст, ки вуҷуд дорад. Шарҳи мафҳуми истилоҳии муҳоҷират ё таърифи илмии он мазмуни куллии равандро баён мекунад. Яъне ҳама гуна ҳаракати ҳудудии аҳолиро, ки бо убури сарҳади берунӣ ва дохилӣ бо мақсади тағйир додани ҷойи истиқомат ё иқомати муваққатӣ барои таҳсил ё фаъолияти меҳнатӣ, сарфи назар аз он ки зери таъсири омилҳои ҷалб ё фишор ба вуқӯъ мепайвандад, муҳоҷират мегӯянд.

Аз ин таъриф бармеояд, ки дар умум чор намуди муҳоҷират мавҷуданд: доимӣ, муваққатӣ, ихтиёрӣ ва маҷбурӣ.

Агар тибқи гузориши Созмони Милали Муттаҳид шумораи муҳоҷирони байналмилалӣ ба беш аз 300 миллион нафар расида, анқариби 4% аҳолии ҷаҳонро ташкил дода, танҳо беш аз 4 миллион шаҳрванди кишварҳои Осиёи Миёна дар Федератсияи Русия қарор дошта бошанд ва тамоюли болоравии ин рақамҳову фоизҳо пешбининашавандаву пешгиринашавандаанд, меарзад то ба ин мавзуъ ва таъсиру паёмадҳои мусбату манфии он таваҷҷуҳи бештар зоҳир шавад.

Ин масъала ба андозае муҳим ва мушкилоти иҷтимоию иқтисодии муҳоҷир ба андозае мазмуни сиёсӣ ва зери таваҷҷуҳи созмонҳои ҷаҳонӣ қарор гирифтааст, ки Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид 18-уми декабрро ба унвони Рӯзи ҷаҳонии муҳоҷирон эълом кард.

Агар имрӯз давлатҳои бо мушкилоти демографӣ ва норасоии қувваи корӣ дар бозори меҳнат маҷбуранд, ки бо таҳияи барномаҳои махсус ва муҳайёи имтиёзҳо шаҳрвандони кишварҳои дигарро ҷалбу даъват намоянд (чун барномаи Переселение дар Федератсияи Русия ё Грин картаи Амрико, барномаҳои мухталифи ҷалби муҳоҷирони Аморати муттаҳидаи Араб, Сербия, Португалия, Эквадор, Германия), пас, кишварҳое, ки ҷараёни муҳоҷират дар онҳо зиёд аст, ночору ноилоҷанд то барномаҳои махсуси зидди муҳоҷиратро таҳия намоянду дар амалӣ сохтани он сахт кӯшо бошанд.

Агар ба харитаи раванди муҳоҷират як назари иҷмолӣ афканем, муҳоҷирони кишварҳои дунё, ки чанд насли пешашон барои дарёфти зиндагии шоиста тарки диёр кардаанд, имрӯз боз, ҳарчанд хӯрҷини моддияшон пур аст, пуштора карда, дар ҷустуҷӯву кофтукови муҳити амну амоне ҳастанд, ки боду ҳавои тоза дошта бошад, табиати зебову бе ғашу олоиш дошта бошад, осмони софу нилгуни афсонавӣ дошта бошад ва муҳим аз ҳама ғизои табииву ғайри сунъӣ ва мардуме, ки фарҳанги писар ғамгусори падар то дами охирин бошад, ҳастанд.

Ин муҳиту табиате, ки ҷаҳониён ҳавасаш мехӯранду дар орзӯяш хӯрҷинбапушт мегарданд, магар муҳити тоҷиконаи ВМКБ нест?! Агар ҷавоб «ҳа» бошад, пас, чаро фоизи баланди ҷараёни босуръати муҳоҷират ба ин гӯшаи зебои кишвари азизамон рост меояд?

Таърих гувоҳ аст, ки баргашти муҳоҷирон ногузир аст. Имрӯз агар ин муҳитро мардуме тарк мекунад, ки хуну чеҳраи тоҷикона дорад, шояд муқимшудагони оянда аздастдодагони сириштмоя (генофонд) бошанд ва ё тамоман як халқияту як миллати дигар. Агар генофонди миллат сарнавишти таърихии миллат ва имрӯзу фардои онро муайян намояд, муҳоҷират дар шароити ҷаҳонишавӣ зарбаи сахт ва эҳтимоли нест кардани сириштмояи миллатро дорад.

Сипас, муовини Раиси ВМКБ Абдулназарзода Абдулназар Абдулқодир ҳозиринро аз номи Раиси ВМКБ Мизонабот Алишер Худобердӣ хайр мақдам гуфта, оиди масоили равандҳои мухталифи муҳоҷират, хусусиятҳои хосу таъсиррасонии онҳо ба бозори меҳнати ВМКБ нуқтаи назари хешро баён намуданд.

Ба иштирокчиёни конференсия рӯйнамои н.и.и., докторанти ИИГ АМИТ Шоидарвозова Марзия Саидвалишоевна, ки дар асоси таҳлили натиҷаҳои аз таҳқиқотҳои саҳроии се навоҳии Бадахшон: Шуғнон, Рӯшон, Роштқалъа ва ш. Хоруғ бадастомада, дар доираи мавзуи зикргардида, пешкаш гардид.

Дар фарҷоми Конференсия аз ҷониби иштирокчиён: Каниев Мулкамон - сардори Шуъбаи хадамоти муҳоҷират дар ВМКБ, Қозидавлатзода Зайнулараб – сардори Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар ш. Хоруғ, Мирзоқандов Аминҷон - Сарвари Раёсати маорифи ВМКБ, Шоламов Саидазиз – мутасаддии Барномаи устуворгардонии ш. Хоруғ дар филиали Агентии Оғохон оид ба муҳити зист дар Тоҷикистон, Сайфуллоева Ольга – менеҷер оид ба масъалаҳои академии Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори Осиёи Марказӣ баромад намуданд.