Перейти к основному содержанию

Имрӯз, 20 май бахшида ба "Рӯзи байналмиллалии осорхона" ҳайати олимон кормандон таҳти роҳбарии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт сайри осорхона баргузор намуданд.

Дар оғоз роҳбарияти акдемия ва олимону кормандон аз Осорхонаи адабӣ-ёдгории устод Садриддин Айнӣ дидан намуда, аз хотироти нек ва ҷовидонаи ин донишманд ва адиби бузурги тоҷик ёдовар гардиданд.

Зимни боздид иттилоъ дода шуда, ки Осорхонаи адабӣ-ёдгории Садриддин Айнӣ соли 1963 бо қарори КМ Ҳизби Коммунист ва Шурои вазирони Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Осорхона дар ибтидо муассисаи Вазорати Маданияти РСС Тоҷикистон ҳисоб меёфт. Сипас, соли 1966 ба ихтиёри АИ РСС Тоҷикистон супорида шуд.

Гуфта шуд, ки соли 1978 ба муносибати ҷашни садумин солгарди зодрӯзи Садриддин Айнӣ бинои Осорхона аз нав таъмиру тармим гардида, маводу санадҳои бештар ҷамъоварӣ шуданд ва бо Қарори Комитети Иҷроия, Шурои Вазирон ва Қарори Юнеско Осорхона аз нав дари худро барои бинандагон боз намуд. Осорхона аз ҳуҷраҳои гуногун иборат аст, ки ҳар кадоме аз онҳо саҳифае аз зиндагӣ ва фаъолияти эҷодии адабиву илмӣ ва маорифпарварии С.Айниро дар бар мегиранд.

Ёдовар мешавем, ки осорхона дар маркази шаҳри Душанбе ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кӯчаи Ҳамза Ҳакимзода ҳавлии №1 воқеъ гардидааст. Дар ин манзил устод Садриддин Айнӣ ҳамроҳи аҳли байт солҳои охири ҳаёти хешро (1951-1954) сипарӣ намудааст. Мувофиқи омори дар Осорхона 150 адад экспонат, 189 адад воситаҳои асосӣ, 2000 адад китоб мавҷуданд. Аксари ин китобҳо асарҳои худи устод буда, бо забонҳои гуногун ва дар солҳои мутафовит нашр шудаанд.

Дар идома ҳайати роҳбарият ва олимону кормандон аз Осорхонаи мардумшиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон боздид намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки осорхонаи мазкур бо Қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз моҳи сентябри соли 1981 дар заминаи Шуъбаи мардумшиносӣ таъсис дода шуд. Ҷамъоварии коллексия ва фондҳо аз соли 1948 оғоз гардида то имрӯз тавассути экспедитсияиҳои мардумшиносӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва берун аз он идома дорад.

Таъкид гардид, ки ёдгориҳои осорхона аз коллексияи кулолӣ, миссӣ, либоси миллӣ, гулдӯзӣ, ороишоти заргарӣ, асбобҳои гуногуни рӯзгор таркиб ёфтааст ва ин нигораҳо имконият медиҳанд, ки доир ба таърихи макон, урфу одат, анъанаву суннат ва ҳунарҳои мардумии тоҷикон дар гузашта ва имрӯз маълумот ба даст ояд.