Перейти к основному содержанию

Имрӯз, 26 май бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳамоиши илмӣ – амалӣ байналмилалӣ оид ба Ҳифзи пиряхҳо баргузор гардид. Дар ҳамоиши илмӣ - амалӣ намояндагони Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (МАГАТЕ) низ ширкат доштанд.

Ба кори ҳамоиш Мирсаидов Илҳом – директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳусни оғоз бахшида, дар бораи ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии ҷониби Тоҷикистон ибрози ақида намуд.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани муқадимавии хеш таъкид дошт, ки бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2025 “Соли ҳифзи пиряхҳо” дар тамоми давлатҳои узви СММ эълон гардидааст ва барои дар амал татбиқ намудани пешниҳоди навбатӣ мо олимони АМИТ вазифадорем, ки тамоми паҳлуҳои ин мавзуъро омӯзиш гузаронида, дар ин самт натиҷаҳои дилхоҳ ба даст орем.

Дар ин силсила ташаббусҳо эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки ба шарофати дипломатияи фаъол ва роҳбарияти илмии Тоҷикистон имконпазир гардид, ҷои махсусро ишғол мекунад. Қатъномаи дахлдорро Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 14 декабри соли 2022 якдилона қабул кард. 21 март низ расман Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эълон шудааст, ки ҳамасола ба ҷомеаи ҷаҳонӣ аҳамияти ҳифзи ин экосистемаҳои осебпазир ҳамчун манбаи асосии оби тозаро хотиррасон мекунад.

Гуфта шуд, ки дар ҳошияи иҷрои ин иқдом аз 29 то 31 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ҷараён дорад. Яке аз ҳадафҳои конфронс таҳияи асноди стратегӣ, харитаи роҳ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи омӯзиш, мониторинг ва ҳифзи пиряхҳо мебошад.

Таъкид гардид, ки ҳамкории мо намунаи муҳими ҳамкории самарабахши байналмилалӣ барои рушди устувор, пешрафти илм ва ҳифзи муҳити зист мебошад. Бигзор ин шарикӣ таҳким ва густариш ёбад ва ҳифзи ин экосистемаҳои ноустувор, вале ҳаётан муҳимро барои наслҳои ҳозира ва оянда таъмин кунад.