Перейти к основному содержанию

Бо ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар соли 1991, Тоҷикистон ба марҳилаи эҳёи илм ва рушди технологии миллӣ ворид гардид. Аммо маҳз ба туфайли барқароршавии сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ, ки 27 июни соли 1997 дар шакли Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ расмӣ гардид, кишвар имкони воқеии рушди устуворро дар ҳама соҳаҳо, бахусус дар илм, маориф ва саноат ба даст овард. Соли 2025 мардуми Тоҷикистон 28-солагии Рӯзи ваҳдати миллиро ҷашн мегиранд, ки на танҳо рамзи сулҳу ризоият, балки оғози марҳилаи нави пешрафти илмӣ ва техникӣ мебошад.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ шумораи муассисаҳои илмӣ, инчунин кормандони илмии соҳибунвон ба маротиб афзуда истодаанд ва дар даҳ соли охир ба муассисаҳои илмии кишвар барои амалисозии 3354 лоиҳаи фармоишии илмиву таҳқиқотӣ зиёда аз 1 миллиарду 200 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки бештари онҳо ба соҳаҳои афзалиятноки муайянкардаи Ҳукумати кишвар рост меоянд. Дастовардҳои назаррас дар соҳаи энергетика ба даст омадаанд, ки сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун ҳамчун рамзи нерӯи илмӣ ва муҳандисии Тоҷикистони соҳибистиқлол эътироф мегардад. Дар соли 2018 аввалин ва дар соли 2019 дуюмин агрегати неругоҳ ба кор даромад, ки ҳар кадоме 600 МВт иқтидор доранд. Тибқи маълумоти Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пас аз ба истифода додани ҳамаи шаш агрегат, НБО-и Роғун имкон хоҳад дод, ки зиёда аз 17 миллиард кВт/соат нерӯи барқ дар як сол истеҳсол шавад, ки ин на танҳо истиқлолияти энергетикиро таъмин мекунад, балки содироти нерӯро низ имконпазир мегардонад.

Таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи кишоварзӣ боиси офаридани зиёда аз 30 навъи нави пахта, гандум ва картошка шуданд, ки ба шароити иқлими камоб мувофиқ мебошанд. Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзии кишвар, истифодаи ин навъҳо ҳосилнокиро аз 25 то 40 фоиз боло бурда, масрафи обро то 20 фоиз коҳиш додааст. Ҳамзамон, дар хоҷагиҳо системаҳои интеллектуалии обёрӣ ва биотехнологияҳои кишти зудрас ҷорӣ карда шудаанд.

Дар соҳаи тиб, олимон ва табибони тоҷик дар ташхиси барвақтии бемориҳо дастовардҳои назаррас ба даст оварданд. Аз ҷумла, Институти тиб ва дорусозии Академияи илмҳо зиёда аз 15 дору ва ваксинаи нав, инчунин тестҳои фаврии ташхиси бемориҳои сил ва гепатитро таҳия намудааст. Ба иттилои Вазорати тандурустӣ, истифодаи ин тестҳо давоми ташхисро 30-40 фоиз кам ва сатҳи шифоёбиро дар марҳилаҳои ибтидоӣ зиёд намудааст. Дар бахши рақамикунонии соҳаҳо ва рушди технологияҳои иттилоотӣ, Тоҷикистон дар солҳои охир пешрафти муайян нишон додааст. Тибқи маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар соли 2023 беш аз 80 стартап дар соҳаҳои барномасозӣ, амнияти рақамӣ ва системаҳои интеллектуалӣ ба қайд гирифта шуданд. Дар донишгоҳҳои кишвар курсҳои марбут ба зеҳни сунъӣ, омӯзиши мошинӣ ва моделсозии рақамӣ ворид карда шудаанд. Муҳандисони ҷавон барномаҳои мобилӣ, системаҳои кишоварзии оқилона ва платформаҳои таълимии муосирро таҳия мекунанд. Ин иқдомҳо аллакай дар доираи технопаркҳои нав дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар амалӣ мешаванд. Рушди инфрасохтори илмӣ ба раванди тиҷоратӣ кардани натиҷаҳои илмӣ заминаи воқеӣ фароҳам овард. Аз соли 2015 инҷониб дар кишвар зиёда аз 150 патенти ихтироъ ва моделҳои муфид сабт шудаанд, ки беш аз 25 адади он дар истеҳсолоти саноатӣ амалӣ гардидаанд. Масалан, дар корхонаи «ТАЛКО» технологияи тозакунии партовҳои саноатӣ, ки аз ҷониби Институти химия таҳия гардидааст, ба кор даромада, партовҳои зарароварро 18 фоиз коҳиш додааст.

Ҳукумати кишвар тавассути барномаҳои махсус ҷараёни гузариши илм ба истеҳсолотро дастгирӣ менамояд. Ба иттилои агентии «Ховар», дар соли 2024 се инкубатори тиҷоратӣ ва як фонди маблағгузории лоиҳаҳои навоварона таъсис дода шуданд. Ин иқдомҳо рушди стартапҳо, татбиқи технологияҳо дар бахши тандурустӣ, кишоварзӣ ва энергетикаро метезонад. Ҳамзамон, саҳми занон ва ҷавонон дар илм рӯз ба рӯз зиёд мегардад. Дар айни замон беш аз 38 фоизи кадрҳои ҷавони илмиро духтарон ташкил медиҳанд ва шумораи олимзанон бо суръати назаррас меафзояд. Тибқи иттилои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар 10 соли охир шумораи заноне, ки рисолаҳои илмӣ ҳимоя карданд, ду маротиба афзудааст. Яъне ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ на танҳо сулҳу суботро таъмин карданд, балки ба рушди устувори илмӣ ва техникӣ дар кишвар замина гузоштанд. Имрӯз, бо дастгирии Ҳукумат, иштироки фаъоли ҷавонон ва ҳамкории байналмилалӣ, Тоҷикистон дар роҳи ташкили иқтисодиёти инноватсионӣ қарор дорад, ки дар он илм ҳамчун муҳаррики асосии пешрафти саноат ва содироти технологияҳо хизмат мекунад.

Дар солҳои охир Тоҷикистон тадриҷан ба масири рушди технологияҳои муосир, аз ҷумла зеҳни сунъӣ (Artificial Intelligence) ворид шуда истодааст. Мувофиқи маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, дар соли 2023 бо супориши Ҳукумати кишвар кор дар самти таҳияи Стратегияи миллии рушди зеҳни сунъӣ то соли 2040 оғоз гардидааст. Ин санад ҳадаф дорад шароити мусоид барои омӯзиш, татбиқ ва рушди технологияҳои зеҳни сунъиро дар соҳаҳои калидӣ - аз ҷумла илм, тандурустӣ, кишоварзӣ, таҳлилҳои иқлим, фанновариҳои моддӣ ва иқтисоди рақамӣ таъмин намояд. Тибқи стратегияи мазкур, технологияҳои зеҳни сунъӣ метавонанд ба сифати як воситаи тавоно барои афзоиши самаранокии таҳқиқоти илмӣ, моделсозии компютерии маводи нав, оптимизатсияи раванди истеҳсолӣ, ташкили таҳлили бузурги додаҳо (Big Data) ва пешгӯии хосиятҳои маводҳо истифода шаванд. Ҳамзамон, истифодаи зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва экология ба зудтар ва дақиқтар гардидани ташхис, омӯзиш ва мониторинги муҳити зист мусоидат мекунад. Бо татбиқи самараноки ин стратегия ва ҷалби олимону муҳандисони ҷавон, Тоҷикистон метавонад дар солҳои наздик ба як маркази минтақавии таҳия ва истифодабарии технологияҳои интеллектуалӣ табдил ёбад. Ин иқдомҳо заминагузори рушди иқтисодиёти рақамӣ ва татбиқшавии ҳадафи чоруми стратегии кишвар – саноаткунонии босуръат дар кишвар хоҳанд гардид.

Ҳамин тавр, метавон хулоса кард, ки ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ на танҳо сулҳу суботро таъмин карданд, балки ба рушди устувори илмӣ ва техникӣ дар кишвар замина гузоштанд. Имрӯз, бо дастгирии Ҳукумат, иштироки фаъоли ҷавонон ва ҳамкории байналмилалӣ, Тоҷикистон дар роҳи ташкили иқтисодиёти инноватсионӣ қарор дорад, ки дар он илм ҳамчун муҳаррики асосии пешрафти саноат ва содироти технологияҳо хизмат мекунад.

Ояндаи илми тоҷик - ин на танҳо озмоишгоҳҳо ва конфронсҳои илмӣ, балки корхонаҳо, хоҷагиҳои кишоварзӣ, стартапҳо ва клиникаҳо мебошанд, ки дар онҳо натиҷаҳои илмӣ ба маҳсулот, хидмат ва қарорҳои амалӣ табдил ёфта, сатҳи зиндагии мардумро беҳтар мегардонанд.

Муаллиф: мудири озмоишгоҳи Электроникаи квантии ИФТ ба номи С.У. Умарови АМИТ, номзади илмҳои техникӣ – Нематов Дилшод Давлатшоевич