Перейти к основному содержанию

Аз 9 то 11 октябри соли 2025 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷаласаи машваратии байналмилалӣ оид ба рушди илм ва технология баргузор гардид, ки онро Шӯрои байналмилалии илм (ISC) дар ҳамкорӣ бо Вазорати илм, технология ва инноватсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин сохторҳои дахлдори кишварҳои минтақа ташкил намуд.

Дар ин ҳамоиши муҳими илмӣ-машваратӣ намояндагони ташкилотҳои илмии Осиёи Марказӣ, мақомоти давлатӣ, марказҳои тадқиқотӣ ва донишгоҳҳои пешсаф ширкат варзиданд. Дар байни иштирокчиёни фаъоли ҷаласа намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон — Ҳалим Саидзода, муҳаққиқ ва масъули бахши рушди илм ва технология, ҳузур дошт.

Дар ҷаласаи мазкур масоили калидии ҳамгироии илмӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, мубодилаи таҷрибаҳо дар самти рушди технологияҳои нав, такмили иқтидори зеҳнӣ ва илмии кишварҳо, инчунин татбиқи барномаҳои муштараки инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳадафи асосӣ аз баргузории ин чорабинӣ таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаи илм ва техника, ташвиқи навоварӣ, рушди экосистемаи илмӣ ва таъсиси платформаҳои устувори мубодилаи дониш буд.

Дар ҷараёни ҷаласа, Ҳалим Саидзода бо суханронии илмӣ-амалӣ баромад намуда, дар мавзӯи «Нақши ҳамкории минтақавӣ дар рушди технологияҳои устувор ва баланд бардоштани иқтидори илмии кишварҳои Осиёи Марказӣ» андешаҳои худро баён намуд.

Дар суханронии худ ӯ таъкид кард, ки Тоҷикистон дар заминаи сиёсати давлатии дастгирии илм ва инноватсия, таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба рушди соҳаҳои илму техника аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад.

Саидзода зикр намуд, ки тавассути Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Марказҳои тадқиқотии соҳавӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар солҳои охир як қатор лоиҳаҳои муштарак дар самти геология, энергетика, биотехнология ва таҳқиқоти иқлимӣ роҳандозӣ шудаанд.

Иштироки намояндаи Тоҷикистон дар чунин платформаи байналмилалӣ имкон фароҳам овард, то таҷрибаи кишвар дар самти рушди илм ва технологияи миллӣ муаррифӣ шавад ва заминаҳои нави ҳамкории судманд бо кишварҳои ҳамсоя ва ташкилотҳои байналмилалӣ густариш ёбанд.

Дар натиҷаи ҷаласа қарор шуд, ки дар соли 2026 барномаи ҳамкориҳои илмӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Шӯрои байналмилалии илм навсозӣ гардида, лоиҳаҳои муштараки тадқиқотӣ дар самтҳои экология, иқлим, захираҳои табиӣ, амнияти озуқаворӣ ва рақамикунонӣ роҳандозӣ гарданд.

Иштироки фаъоли Тоҷикистон дар чунин ҷаласаҳо на танҳо мавқеи илмии кишварро дар арсаи байналмилалӣ тақвият мебахшад, балки ба рушди устувори иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи инноватсионии ҷомеа мусоидат мекунад.

Мақомоти илмии ҷумҳурӣ изҳори омодагӣ намуданд, ки барои таҳкими ҳамкорӣ бо Шӯрои байналмилалии илм ва марказҳои пешқадами таҳқиқотии минтақа қадамҳои минбаъдаро рӯи даст мегиранд.