Перейти к основному содержанию

Имрӯз, 10 октябр дар толори Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ таҳти унвони “Масъалаҳои мубрами физика ва техника” бо иштироки олимони дохилӣ ва хориҷи кишвар баргузор гардид. Ба кори конфронс директори Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Зарифзода Афзалшоҳ ҳусни оғоз бахшид.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар суханронии муқадимавии хеш иброз дошт, ки баргузории ин форум дар толори Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рӯйдоди муҳими ҳаёти илмии кишвари мо буда, инъикосгари таваҷҷуҳи амиқе мебошад, ки давлат ва ҷомеа ба рушди таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ дар соҳаҳои физика, техника ва технологияҳои муосир зоҳир менамоянд.

Таъкид гардид, ки ташкили ин конференсия ба як марҳалаи муҳими таърихи илми ватанӣ рост меояд — давраи навсозии фаъолонаи самтҳои илмӣ, муосиргардонии зерсохтори таҳқиқотӣ ва таҳкими робитаҳои байналмилалӣ. Имрӯз, илмҳои физика ва техникӣ саҳми ҳалкунанда дар рушди устувори иқтисодиёт, энергетика, коммуникатсия, технологияҳои иттилоотӣ, тиб ва ҳифзи муҳити зист мегузоранд. Маҳз дар ҳамин соҳаҳо чолишҳои калидии асри XXI тамаркуз ёфтаанд, ки барои ҳалли онҳо зарурати муттаҳидсозии кӯшишҳои зеҳнии олимони кишварҳои гуногун пеш меояд.

Гуфта шуд, ки мероси илмии Тоҷикистон дорои анъанаҳои ғанист. Оғози таҳқиқоти физикӣ ва техникӣ дар кишвари мо ба миёнаи асри XX рост меояд, замоне ки бо ибтикори олимони барҷастаи бунёдгузори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон лабораторияҳо ва шуъбаҳои аввалин дар соҳаҳои физикаи ҷисми сахт, радиофизика, электроника ва геофизика таъсис дода шуданд. Яке аз марказҳое, ки дар ташаккул ва рушди ин самтҳо нақши ҳалкунанда бозидааст, Институти физикаю техника ба номи академик Султон Умарович Умаров мебошад — олими барҷаста ва ташкилотчии илми тоҷик, ки номи ӯ бо ифтихор мавқеи вижа дар таърихи мактаби илмии Тоҷикистонро ишғол мекунад.

Қайд гардид, ки аз замони таъсисёбӣ, Институти физикаю техника ба як мактаби воқеии омодасозии кадрҳо барои муассисаҳои олии таълимӣ ва марказҳои илмии ҷумҳурӣ табдил ёфта, маркази ташаккули самтҳои нави илмӣ ва татбиқи дастовардҳои техникӣ дар хоҷагии халқи кишвар гардид. Дар ин ҷо аз давраҳои аввали фаъолият таҳқиқот дар соҳаҳои физикаи ядроӣ ва радиатсионӣ, физикаи ҷисми сахт, акустика, оптика, масолеҳшиносӣ ва гармидониш (теплофизика) ба роҳ монда шуда, то ба имрӯз идома доранд. Натиҷаҳои ин тадқиқот дар соҳаҳои энергетика, сохтмон, тиб ва мониторинги муҳити зист мавриди истифода қарор гирифтаанд.

Зикр гардид, ки таваҷҷуҳи махсуси Институт ба таҳқиқоти бунёдӣ равона шудааст, зеро бе онҳо пешрафти устувори илмҳои амалӣ имконнопазир аст. Маҳз дар ҳамин ҷо асосҳои офариниши технологияҳои нав, такмили низомҳои энергетикӣ, коркард ва таҳияи масолеҳи нав ва усулҳои ченкунии ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ гузошта мешаванд.

Дар солҳои охир, бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соҳаҳои илм ва маориф ҳамчун самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии кишвар муайян гардидаанд. Президенти мамлакат борҳо таъкид кардаанд, ки: «Ояндаи Тоҷикистон аз сатҳи донишу касбият ва иқтидори илмии шаҳрвандони он вобаста аст». Албатта ин суханон ба як самти стратегии рушди тамоми низоми академикӣ табдил ёфта, моро ба рушди фаъоли зерсохтори инноватсионӣ, муосирсозии марказҳои таҳқиқотӣ ва таҳкими захираҳои инсонӣ раҳнамоӣ мекунанд.

Дар идомаи конфронс олимони дохил ва хориҷи кишвар профессор Холмуродов Холмирзо, директори Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Зарифзода Афзалшоҳ, котиби илмии Институти физикаи ядроии Академияи илмҳои Узбекистон Мухторов Одил, сарходими илмии Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобаста Мадвалиев Умархон, сардори шуъбаи Институти марказии аэрогидродинамикии ба номи профессор Н.Е. Жуковского, профессор Таковицкий Сергей Александрович маъруза намуданд.