Перейти к основному содержанию

Зимни суханронӣ бахшида ба Рӯзи дониш ва дарси сулҳ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи таҳия ва чопи китобҳои тахассусиро мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас ироа намуданд. Пешвои миллат ҳамзамон Вазорати маориф ва илм, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ ва Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ-ро вазифадор сохтанд, ки бо ҷалби олимони варзида Консепсияи таҳияи китобҳои дарсиро аз нав таҳия ва пешниҳод намоянд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки қабл аз нашр ҳамаи китобҳои дарсӣ ҳатман аз ташхиси олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон гузаронида шаванд.

Бо дастуру супоришҳои Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, раванди таҳия ва чопи китобҳои тахассусӣ ба таври фаъол роҳандозӣ гардидааст. Яке аз муаллифони маҷмӯи нави маводҳои таълимию методӣ аз фанни математика барои синфи 5 — Иброҳимзода Ҷаҳонафрӯз Асалбек, ходими илмии Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ, мебошад, ки ин китобро таҳия ва ба нашр расонидааст.

Имрӯз таҳсил дар марҳилаи тағйироти ҷиддӣ қарор дорад. Дар шароити рушди босуръати технологияҳо, афзоиши ҳаҷми иттилоот ва болоравии талабот ба маҳоратҳои асри XXI, зарурати дур шудан аз модели анъанавии таълим — ки бештар ба азбаркунии далелҳо ва алгоритмҳо асос меёфт, — бештар эҳсос мегардад. Мактаби муосир бояд дар хонандагон қобилиятҳои калидӣ ташаккул диҳад: тафаккури интиқодӣ, қобилияти таҳлил, қабули қарорҳои мустақил ва татбиқи дониш дар амал.