Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ як рӯйдоди тақдирсоз дар таърихи давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад. Ин санад на танҳо пояи ҳуқуқӣ ва сиёсии давлати соҳибистиқлоли тоҷиконро муқаррар намуд, балки самти стратегии рушди иқтисодиро низ муайян кард. Дар давраи аввали истиқлолият (1991–1997) Тоҷикистон бо мушкилоти ҷиддии сиёсӣ ва иқтисодӣ рӯ ба рӯ буд. Ба монанди ҷанги шаҳрвандӣ (1992–1997) бо талафоти иқтисодии 60% маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва харобшавии инфрасохтор. Гузариш аз иқтисоди нақшавӣ ба бозаргонӣ ва барқарорсозии сохтори истеҳсолӣ масъалаи ҳаётӣ гардид. Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати асосии ҳуқуқӣ роҳнамои ин раванд гардида, заминаи қонунӣ барои ислоҳоти иқтисодӣ фароҳам овард.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ санаи 28.12.2024 таъкид карданд: «Соли ҷорӣ мардуми шарафманди Тоҷикистон 30-юмин солгарди қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро бо ифтихору шукргузорӣ аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ таҷлил намуданд. Конститутсия ҳамчун санади тақдирсози давлати тоҷикон заминаи ҳуқуқии давлатдории мустақил, соҳибихтиёрии миллӣ ва рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи кишварро фароҳам овардааст». Аз нуқтаи назари илмӣ, Конститутсия на танҳо санади ҳуқуқӣ, балки "шартномаи иҷтимоӣ" (мувофиқи назарияи Ҷон Локк ва Жан-Жак Руссо) байни давлат ва шаҳрвандон аст, ки ҳуқуқҳои иқтисодиро кафолат медиҳад. Мувофиқи таҳлили Институти иқтисоди ҶТ (2023) қабули Конститутсия сабаби афзоиши ММД-и воқеӣ аз -18,9% (1994) то 8,4% (2024) шуд. Дар Паёми худ соли 2024 Пешвои миллат гуфтанд: «Соли 2024-ум ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба беш аз 150 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шуд. Дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоизро ташкил дод».
Моддаи 1-уми Конститутсия муқаррар мекунад: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад». Ин меъёр давлатро вазифадор месозад, ки сиёсати иқтисодиро ба сӯи беҳбудии зиндагии мардум ва рушди устувор равона намояд. Дар Паёми худ Пешвои миллат гуфтанд: «Дар панҷ соли охир аз ҳисоби буҷети давлат ва сармояи дохиливу хориҷӣ зиёда аз 197 миллиард сомонӣ равона карда шуд». Таҳлили илмӣ (Ҳисоботи Бонки Ҷаҳонӣ, 2023) нишон медиҳад, ки ин принсип сабаби афзоиши ММД-и номиналӣ аз 0,7 млрд доллар (1994) то 10,3 млрд доллар (2023) шуд, ки миёнаи солона 7,2% афзоишро ташкил медиҳад.
Моддаи 12-ум пояи иқтисодии ҷомеаро муайян карда, эълон мекунад: «Асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро шаклҳои гуногуни моликият ташкил медиҳанд. Давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад». Ин меъёр асоси ҳуқуқии гузариш ба иқтисоди бозаргониро гузошт. Мувофиқи таҳқиқоти АМИТ (2022) баробарҳуқуқии моликият сабаби афзоиши соҳибкории хусусӣ аз 5% (1995) то 45% (2023) шуд. Дар Паёми худ Пешвои миллат такид намуданд, ки: «Танҳо дар соли 2024-ум 740 коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ бунёд гардида, дар ин бахши хусусӣ, дар маҷмуъ қариб 20 ҳазор ҷойи корӣ ташкил карда шудааст». Моддаи 32 ҳуқуқ ба моликиятро дахлнопазир эълон карда, ҳифзи онро кафолат медиҳад, ки ин барои ҷалби сармоя муҳим аст. Сармоягузории хориҷӣ (FDI) аз 10 млн доллар (1994) то 135 млн доллар (2023) афзоиш ёфт (Ҳисоботи UNCTAD, 2024).
Моддаи 35 ҳуқуқ ба меҳнатро кафолат медиҳад: «Ҳар кас ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ ҳуқуқ дорад». Ин модда озодии фаъолияти иқтисодиро мустаҳкам карда, сатҳи бекорӣ аз 3,2% (1994) то 10,2% (2023) нигоҳ дошт (Омори ҶТ, 2024). Дар Паёми 2024 Пешвои миллат гуфтанд: «Даромади пулии аҳолӣ аз 48 миллиард сомонии соли 2019-ум ба 147 миллиард сомонӣ дар соли 2024-ум расид. Яъне нишондиҳандаи мазкур 3 баробар зиёд гардида, музди миёнаи меҳнат беш аз 1,8 баробар ва андозаи миёнаи нафақа 1,5 баробар афзоиш ёфт». Таҳлили регрессионӣ (бо истифода аз маълумоти панелӣ аз 1994–2023) нишон медиҳад, ки коэффитсиенти коррелятсияи байни ҳуқуқҳои конститутсионӣ ва афзоиши МВП 0,78 аст (Таҳқиқоти АМИТ, 2024).
Моддаи 39 ҳифзи иҷтимоиро таъмин мекунад: «Ҳар шахс дар пиронсолӣ, ҳангоми беморӣ, маъюбӣ... кафолати таъмини иҷтимоӣ дорад». Дар Паёми Пешвои миллат дар соли 2024 зикр шуд: «Аз моҳи июл маоши хизматчиёни давлатӣ... 40 фоиз ва андозаи нафақа 30 фоиз зиёд карда шуд». Мувофиқи таҳқиқоти Бонки Осиёии Рушд (2023) сатҳи камбизоатӣ аз 83% (1999) то 22,5% (2022) коҳиш ёфт. Дар Паёми соли 2024 Пешвои миллат супориш доданд: «Дар соли 2025-ум рушди иқтисоди кишварро дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин намоянд». Ин ҳадафҳо дар асоси моддаи 1 ва 12 амалӣ гардида, ба афзоиши экспорт аз 0,2 млрд доллар (1994) то 1,8 млрд доллар (2023) мусоидат карданд (Маълумоти Кумитаи омор, 2024).
Моддаи 7 тамомияти арзиро кафолат медиҳад: «Ҳудуди Тоҷикистон тақсимнашаванда ва дахлнопазир мебошад», ки барои ҷалби сармоягузории хориҷӣ муҳим аст. Моддаи 10 эътибори олии Конститутсияро муқаррар карда, санадҳои байналмилалиро қисми низоми ҳуқуқӣ эълон мекунад. Ин меъёрҳо таъсиси институтҳои иқтисодиро мусоидат карданд. Дар Паёми соли 2024 Пешвои миллат гуфтанд: «Дар панҷ соли охир аз ҷониби низоми бонкии кишвар беш аз 80 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст... То охири соли 2027 бояд ба беш аз 100 миллиард сомонӣ расонида шавад».
Таҳлили институтсионалӣ (мувофиқи назарияи Дуглас Норт) нишон медиҳад, ки Конститутсия низоми "қоидаҳои бозӣ"-ро таъсис дода, транзаксияҳои иқтисодиро арзон кард. Дар Паёми соли 2024 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр шуд: «Дар се соли охир беш аз 20 миллиард сомонӣ хароҷот карда шуд... Беш аз 1500 иншооти соҳаи маориф, 660 иншооти соҳаи тандурустӣ... бунёд ва ба истифода дода шуданд». Сармоягузории хориҷии мустақим аз 10 млн доллар (1994) то 135 млн доллар (2023) афзоиш ёфт (UNCTAD, 2024). Дар соҳаи энергетика, сохтмони НБО "Роғун" (ҳаҷми сармоя – 6 млрд доллар) натиҷаи ҳадафи конститутсионӣ аст ва то соли 2030 4% ММД-ро таъмин мекунад (Таҳқиқоти Бонки Осиёии Рушд, 2023).
Аз нуқтаи назари илмӣ, таъсири Конститутсия ба рушди иқтисодро метавон бо моделҳои таҳлилӣ арзёбӣ кард. Дар моделли регрессиони олимон (OLS) бо тағйиротҳои ММД ҳамчун вобаста ва меъёрҳои конститутсионӣ ҳамчун мустақил, коэффитсиент R²=0,72 нишон медиҳад, ки 72% афзоиш ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ вобаста аст (Таҳқиқоти АМИТ, 2024). Омори воқеӣ аз Паёми Президенти кишар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2024 чунин аст: ММД. 150 млрд сомонӣ (2024), суръат 8,4%; миёнаи 5 сол – 7,7%.; Инфлятсия. 3,6% (2024); Даромад. 147 млрд сомонӣ (2024, аз 48 млрд соли 2019); Саноат. Аз 27 млрд то 53 млрд сомонӣ (панҷ сол, 2 баробар); 2040 корхона, 74 ҳазор ҷойи кор; Экспорт. Афзоиш бо ҳадафи 20% солона.
Таҳлили панелӣ (бо маълумоти 10 кишвари пасошӯравӣ) нишон медиҳад, ки Тоҷикистон бо Конститутсияи устувор афзоиши ММД-ро 1,5 маротиба беҳтар таъмин кардааст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сарчашмаи рушди иқтисодӣ барои гузариш ба бозори озод, ҷалби сармоя ва беҳбудии зиндагии мардум заминаи мустаҳкам гузошт. Таҳлили илмӣ нишон медиҳад, ки меъёрҳои он сабаби афзоиши устувори ММД, рушди соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар, афзун шудани шумораи суъектони хоҷагидор ва коҳиши камбизоатӣ шуданд.
ҚОДИРЗОДА ФАРҲОД - мушовири президенти АМИТ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор

