Имрӯз, 21 ноябр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳфили илмӣ-адабӣ “Хирад”- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид. Маҳфили навбатӣ ба 65- солагии фаъолияти илмию пажуҳишии сарходими илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон академик Яқубов Юсуфшо бахшида шуд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш иброз дошт, ки фаъолияти илмии академик Юсуфшоҳ Яқубов яке аз саҳифаҳои равшан ва пурбори бостоншиносии тоҷик мебошад. Дар бораи роҳи илмӣ ва хидматҳои устод ҳарф задан на танҳо изҳори эҳтиром ба илму маърифат аст, балки арҷгузорӣ ба заҳмати тӯлонӣ ва корномаи донишманди бузург низ маҳсуб меёбад. Густардагӣ ва серсоҳа будани фаъолияти ӯ, ки бахшҳои муҳими таърих, бостоншиносӣ ва фарҳанги мардуми тоҷикро дарбар мегирад, баёнгари мақоми илмии устод мебошад.
Таъкид гардид, ки Юсуфшоҳ Яъқубов 16 ноябри соли 1937 дар деҳаи Равнови ноҳияи Дарвоз таваллуд шудааст. Таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаашро дар зодгоҳ ва баъдан дар мактаб-интернатҳои Саричашма ва Кангурти вилояти Кӯлоб идома дода, соли 1955 ба факултети таърих ва филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил мегардад. Ӯ соли 1960 донишгоҳро бо баҳои хубу аъло хатм намуда, ҳамчун мутахассиси ҷавон ба Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш фиристода мешавад.
Зикр гардид, ки зиёда аз 65 соли фаъолияти ӯ дар ҳамин муассисаи илмӣ роҳеро дар бар мегирад, ки аз вазифаи лаборант оғоз гардида, то ба даст овардани унвони баланди академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мерасад. Дониши амиқ ва меҳнати пайваста ба ӯ имкон доданд, ки устод соли 1970 рисолаи номзадиашро таҳти роҳбарии Б. Я. Ставиский дар Маскав ҳимоя намояд. Соли 1988 бошад, рисолаи докториашро муваффақона дифоъ мекунад.
Гуфта шуд, ки академик Юсуфшо Яъқубов ба насли дуюми бостоншиносони тоҷик тааллуқ дорад. Роҳи илмии ӯ аз иштироки фаъолона дар ҳафриёти Панҷакенти қадим дар солҳои 1960 оғоз мегардад. Дар ҳамин ҷо устодони маъруф — А. М. Беленитский ва Б. Я. Ставиский — ба ӯ сабақҳои аввалини касбӣ додаанд. Барои ғанигардонии таҷрибаи худ ӯ дар ҳафриётҳои шаҳрҳои Ҳулбук, Кофирқалъа ва Аҷинатеппа низ иштирок кардааст.
Қайд гардид, ки фаъолияти мустақили илмии устод аз соли 1962 оғоз меёбад, замоне ки бо гурӯҳи таҳқиқотӣ дар водии Яғноб 10 ёдгории бостониро кашф намуд. Соли 1964 таҳти роҳбарии устод Ставиский ковишҳои мустақилонаи худро дар қалъаи Гардани Ҳисор оғоз кард. Дар тӯли даҳсолаҳо ӯ дар минтақаҳои мухталифи болооби Зарафшон ва Суғди баландкӯҳ тадқиқот анҷом дода, 118 ёдгории бостониро сабт ва омӯзиш кардааст.
Муҳимтарин давраи фаъолияти илмии Яъқубов ба омӯзиши ёдгориҳои куҳистони болооби Зарафшон марбут аст. Ду ёдгории нодири ин минтақа — Кум ва Гардани Ҳисор — ки дар наздикии Кўҳи Муғ ҷойгиранд, барои таърихи суғдиён аҳамияти бузург доранд. Маҳз дар ҳамин минтақа соли 1933 76 ҳуҷҷати машҳури хаттии суғдӣ пайдо шуда буданд. Тадқиқоти мунтазами Яъқубов имкон дод, ки масоили меъморӣ, сохтори иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ҳунармандӣ, фарҳанги моддии мардумони ин қалъаҳо ҳамаҷониба баррасӣ шаванд.
Дар идома, олимону муҳаққиқон атрофи фаъолият ва ковишҳои илмии академик Яқубов Юсуфшо андешаҳои хешро баён доштанд. Зикр гардид, ки академик дар тӯли чанд даҳсола бо пайгирӣ, таҳлилҳои илмӣ ва ҷустуҷӯҳои саҳроии худ боқимондаҳои тамаддунҳои қадимаи тоҷиконро бо далелҳои муътамад равшан намуда, ба илми бостоншиносии ватанӣ такони ҷиддӣ бахшидааст. Қайд намуданд, ки ковишҳои илмии академик Яқубов Юсуфшо дар мавзеъҳои таърихии Саразм, Тахти Сангин, Ҳулбук, Қубодиён ва маконҳои дигари муҳими таърихӣ имконият доданд, то саҳифаҳои нави ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ниёгон бо нигоҳи илмӣ боз ҳам пурра ва мушаххас инъикос ёбанд.
Сипас, академик Яқубов Юсуфшо дар баромади хеш ба роҳбарият, ҳамкорон ва шогирдон барои баргузории маҳфил ва арҷгузорӣ ба заҳматҳои илмияш изҳори сипос намуд. Ӯ таъкид намуд, ки ҳамаи дастовардҳои илмӣ натиҷаи саъю кӯшиши чандинсолаи худ ва ҳамкории самарабахш бо олимону кормандони муассисаҳои илмии кишвар мебошанд.Таъкид намуд, ки омӯзиши таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик на танҳо вазифаи илмӣ, балки масъулияти ватандӯстона ва маънавӣ мебошад. Ба гуфтаи ӯ, ҳар як бозёфт, ҳар як ҳуҷҷат ва ҳар як далели таърихӣ дар худ паёми худшиносӣ, ифтихор ва сабақи пойдории давлатдориву фарҳанги миллиро ҷой медиҳад.
