Перейти к основному содержанию
Парчами давлатӣ яке аз рукнҳои муҳимтарини ҳувияти миллӣ ва рамзи соҳибихтиёрии сиёсии ҳар давлат шинохта мешавад. Он на танҳо нишондиҳандаи истиқлолият ва соҳибдавлатӣ дар низоми байналмилалӣ мебошад, балки бозтобдиҳандаи таърихи умумимиллӣ, арзишҳои фарҳангӣ, ҷаҳонбинии миллӣ ва ормонҳои идеологии ҷомеа низ ба ҳисоб меравад.

123Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 24 ноябри соли 1992 қабул гардидааст, дар заминаи анъанаҳои қадимаи давлатдории тоҷикон, таҷрибаи ҳунарӣ ва рамзшиносии мардум, инчунин воқеияти сиёсии давраи истиқлол ташаккул ёфтааст. Омӯзиши илмии он имкон медиҳад, ки мафҳумҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсие, ки дар ин рамзи давлатӣ таҷассум шудаанд, ба таври системавӣ дарк карда шаванд.

Таърихи рамзҳои давлатӣ дар қаламрави фарҳангии эрониву тоҷикӣ ба ҳазорсолаҳои дур бармегардад. Марказияти тоҷ ҳамчун рамз аз давраҳои Ҳахоманишиён, Сосониён, Кушониён ва баъдтар давлати Сомониён сарчашма мегирад. Дар тамаддуни тоҷикон тоҷ на танҳо нишонаи подшоҳӣ, балки рамзи қудрати ҳимоявӣ, адолат, танзими космологӣ ва назми иҷтимоӣ ба шумор мерафт. Аз ин рӯ, ҳузури тоҷ дар парчами давлатӣ аз иртиботи мустақими Тоҷикистон бо мероси фарҳангӣ ва сиёсӣ-таърихии ориёӣ гувоҳӣ медиҳад.

Дар даврони шӯравӣ рамзҳои миллӣ то андозае зери таъсири идеологияи умумииттифоқӣ қарор гирифта, хусусияти маҳдуд ё стандартшудаи фарҳангиро ба худ касб намуда буд. Бо оғози равандҳои истиқлол (1991–1992) зарурати таҷдиди рамзҳои давлатӣ ба миён омад. Қабули парчами нав дар нахустин рӯзҳои эҳёи давлатдории миллӣ ба рамзгузории як давраи нави таърихӣ табдил ёфт. Парчами Тоҷикистон дар худ ҳам идомаи анъанаҳои фарҳангии мардуми тоҷикро нигоҳ дошт ва ҳам ниёзҳои сиёсӣ ва давлатӣсозии давлати навистиқлолро инъикос намуд.

Дар ин марҳилаи тақдирсози таърихӣ нақши роҳбарияти сиёсӣ, махсусан Пешвои миллат — Эмомалӣ Раҳмон — барои таҳкими мавқеи рамзҳои давлатӣ ва эҳёи арзишҳои миллӣ муҳим буд. Таҳти роҳнамоии Пешвои миллат парчам ба яке аз пояҳои асосии худшиносии миллӣ, ваҳдат ва давлатдории муосири тоҷикон табдил ёфт. Ташаббусҳои фарҳангӣ ва давлатсозонаи Пешвои миллат ба он мусоидат карданд, ки парчам дар ҳаёти ҷамъиятӣ, маънавӣ, маориф, ҷашнҳои давлатӣ ва тарбияи ватандӯстона мақоми боз ҳам баландтар пайдо намояд.

Таҳлилҳои семиотикӣ ва герменевтикии Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳанд, ки рангҳои асосии он — сурх, сафед ва сабз — ҳар яке дорои маъноҳои мушаххаси таърихӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии худро дорад.

· Ранги сурх рамзи ҷоннисорӣ барои озодӣ ва истиқлол, таҷассумкунандаи муборизаҳои таърихии халқи тоҷик ва ҳамзамон ифодаи фарҳанги ориёӣ ҳамчун ранги нерӯ, гармӣ ва эҳёи ҳаёт аст.

· Ранги сафед рамзи сулҳу субот, покизагии ахлоқии ҷомеа ва шаффофияти идоракунии давлатӣ мебошад; инчунин ба аҳамияти иқтисодии пахта дар сохтори таърихии истеҳсолоти кишвар ишора мекунад.

· Ранги сабз бошад, нишонаи саодатмандӣ, баракат, табиат, истеҳсолоти кишоварзӣ ва ризқ аст, ки ҷузъи муҳими фарҳанги меҳнатии тоҷикон ба ҳисоб меравад.

Тафсири илмии ин рангҳо нишон медиҳад, ки парчам дар худ синтези омилҳои табиӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва таърихиро таҷассум мекунад.

Чуноне,ки дар боло қайд намудем нишони тоҷ низ дар фарҳанги тоҷикон мақоми махсус дорад. Тоҷе, ки дар маркази парчам ҷойгир шудааст, на танҳо рамзи давлатдории тоҷикон аст, балки ба семантикаи «мерос, шараф, ягонагӣ ва ҳимоя» иртиботи мустақим дорад. Аз нигоҳи космологияи қадим, рақами ҳафт рамзи камол, андоза, таносуб ва комилияти коинот мебошад. Дар фарҳанги тоҷикон ин рақам ба мафҳумҳои ҳафт сайёра, ҳафт қабати осмон, ҳафт марҳилаи камоли маънавӣ ва ҳафт арзиши ахлоқӣ пайваст аст. Ҳамин маъноҳои фарҳангӣ-космологӣ боис шудаанд, ки ҳафт ситорае, ки дар болои тоҷ ҷой дода шудаанд, рамзи бинои мукаммали давлатдорӣ, саодати миллӣ ва тамоюли ҷомеа ба пешрафт бошанд.

Аз ин рӯ мо бояд донем, ки Парчам ҳамчун падидаи фарҳангӣ дар тафаккури миллии мо ҷойгоҳи хос дорад. Зеро он дар шеъру достонҳо, мусиқӣ, рассомӣ ва санъати мардумӣ васеъ инъикос меёбад. Дар фарҳанги тоҷикон парчам рамзи ваҳдати миллӣ, ҳувияти таърихӣ, ифтихор ва худшиносии миллӣ маҳсуб меёбад. Маросимҳои давлатӣ, ҷашнҳои миллӣ — аз қабили Наврӯз, Рӯзи Ваҳдат ва Рӯзи Парчам — бо иштироки он ташаккули зеҳнияти миллӣ ва эҳсоси ватандӯстиро таҳким мебахшад. Ҳузури парчам дар низоми таълиму тарбия низ аҳамияти басо муҳим дорад он дар ташаккули худшиносии фарҳангӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва муқаддасоти давлатӣ нақши калидӣ мебозад.

Аз нигоҳи ҳуқуқӣ ва сиёсӣ низ парчам яке аз муқаддасоти асосии давлатдорӣ буда, тибқи қонуни конститутсионии «Дар бораи рамзҳои давлатӣ» мақоми ҳуқуқии дақиқ муайяншуда дорад. Қонун тартиби истеҳсол, истифода, нигоҳдорӣ ва ҳифзи парчамро ба таври возеҳ танзим менамояд, ки ин таҷриба ба меъёрҳои байналмилалии давлатдорӣ мутобиқат мекунад.

Ҳамзамон, парчам ҳамчун нишонаи субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ амал мекунад. Дар сатҳи дипломатӣ — дар сафоратҳо, консулгариҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва чорабиниҳои расмии ҷаҳонӣ — он Тоҷикистонро намояндагӣ ва муаррифӣ мекунад. Дар сиёсати хориҷӣ парчам мақоми кишварро ҳамчун давлати сулҳпарвар, ҷонибдори муколама, ҳамзистии осоишта ва ҳамкории баробар дар арсаи ҷаҳонӣ инъикос менамояд.

Бинобар ин, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо рамзи зоҳирии истиқлолият, балки падидаи мураккаби таърихӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии иҷтимоӣ маҳсуб мешавад. Парчам дар худ мероси чандҳазорсолаи давлатдории тоҷиконро таҷассум намуда, иртиботи наслҳои гузашта, имрӯз ва ояндаро таъмин мекунад. Аз номи ҳайати илмии Институти астрофизикаи АМИТ ба Сарвари давлат — Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои ғамхорӣ ва дастгирии пайвастаи илм ва муҳаққиқон изҳори сипоси самимӣ менамоем.

Парчамат парафшон бод, Тоҷикистони азиз!

Муалифон: Директори Институти астрофизикаи АМИТ, н.и.ф-м, Бӯризода А.М. ва Ходими илмии Институти астрофизикаи АМИТ Аюбов Д.Қ.