Перейти к основному содержанию

Имрӯз, 9 декабр дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ташаббуси КИИ “Хирадмандон”- и ҲХДТ дар АМИТ бахшида ба 31 солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Ҳизби Сарвар, ҳизби халқи Тоҷикистон” баргузор гардид.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш тамоми иштирокчиёни ҳамоишро ба ифтихори 31-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табрик гуфта, зикр намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун неруи сиёсие, ки дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, суботи сиёсӣ ва рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми муҳим дорад, дар тӯли фаъолият ба ормонҳои миллӣ ва манфиатҳои умумии ҷомеа содиқ мондааст.

Таъкид гардид, ки роҳандозии сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он омили асосиест, ки кишварро ба давлати босубот, мутараққӣ ва соҳибистиқлол табдил додааст. Иброз гардид, ки самтҳои афзалиятноки барномавӣ, аз ҷумла таҳкими давлатдории миллӣ, рушди иқтисодиёт, боло бурдани сатҳи зиндагии мардум, густариши маорифу илму фарҳанг, таҳкими волоияти қонун ва таъмини сулҳу оромӣ маҳз бо дастгириву раванди дурусти сиёсати давлатӣ амалӣ мегарданд.

Зимни суханронӣ таъкид шуд, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди олии илмии кишвар бо ҳизб дар самти ташаккули тафаккури илмӣ-сиёсӣ, таҳияи таҳлилҳои илмӣ, омӯзиши равандҳои иҷтимоӣ ва дастгирии иқдомҳои созандаи давлат ҳамкории самаранок ба роҳ мондааст. Иброз гардид, ки ҷалби олимон ба баррасии масъалаҳои муҳими миллӣ, таҳияи пешниҳодҳои илмӣ ва дастгирии сиёсати стратегии кишвар барои тақвияти пояҳои давлатдорӣ аҳамияти назаррас дорад.

Дар идома Хонзода Абдураҳмон – роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон суханронӣ намуда, аз нақши ҳизб дар таҳкими дастовардҳои давлати миллӣ, суботи ҷомеа ва пешбурди сиёсати стратегии кишвар ёдовар шуд. Ҳамзамон таъкид кард, ки ҲХДТ ҳамчун неруи пешбари сиёсӣ дар таҳияи барномаҳои дарозмуддати давлатӣ, амалӣ гардонидани ислоҳоти иҷтимоию иқтисодӣ ва рушди устувори ҷомеа саҳми арзанда дорад.

Зикр гардид, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ маҳз бо сиёсати хирадмандона, созанда ва дурбинонаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон тавонист аз мушкилоти сахти давраи аввали истиқлолият гузашта, пояҳои давлатдории муосирро устувор созад ва ба марҳилаи нави рушди сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ворид шавад. Гуфта шуд, ки ҳизб ба ҳайси такягоҳи ҷомеа ва давлати миллӣ дар самти тарбияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҳифзи арзишҳои давлатдорӣ нақши муҳим мебозад.

Дар фарҷом як зумра аз фаъолони ҳизб бахшида ба 31-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо диплом ва сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ сарфароз гардиданд. Ин иқдом ҳамчун қадрдонӣ аз саҳми назарраси онҳо дар татбиқи ҳадафҳои барномавии ҳизб, иштироки мунтазам дар чорабиниҳои сиёсиву ҷамъиятӣ ва фаъолонипазирӣ дар тарғибу ташвиқи арзишҳои давлатдории миллӣ арзёбӣ гардид.