Перейти к основному содержанию
1

Ҳамдиёрон ва ҳамҳизбиёни азиз!

Бо эҳсоси ифтихор ва самимияти беандоза ҳамаи Шуморо ба ифтихори таҷлили 31-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳният мегӯям. Дар тӯли се даҳсола Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун нерӯи созанда, муттаҳидкунанда ва пешбарандаи ҷомеа собит намудааст, ки дар таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, эҳёи арзишҳои миллӣ ва таъмини сулҳу суботи устувор нақши басо арзанда дорад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сартосар ҳимоятгар аз манофеи миллӣ буда, ҳадафи асосиашро зиндагии шоистаи мардуми кишвар ва рушди самтҳои афзалиятнок ташкил медихад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҷумлаи он аҳзоби сиёсии кишвар маҳсуб меёбад, ки дар рушду нумуи тамоми самтҳои ҳаёти ҷамъиятӣ имрӯз мавқеи назаррасро соҳиб мебошад. Албатта, дар низоми бисёрҳизбӣ дарёфти мақому ҷойгоҳи устувор ва шуҳрати ҳизб аз барнома ва оинномаи он сарчашма мегирад, ки то кадом андоза манфиатҳо ва талаботҳои ҷомеаро ҳимоят менамояд.

Маҳз сиёсати хирадмандонаи Сарвари муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва барномаву оинномаи мушаххасу фарогир аз манофеи ҷомеа боис гардидааст, ки дар низоми бисёрҳизбӣ, ки рукни асосии ҷомеаи демократӣ маҳсуб меёбад, мақоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон афзояд. Тӯли 31 сол мешавад, ки Ҳизби Халқии Деморкатии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амалӣ гардидани ҳадафҳои муҳиму стратегии мамлакат мавқеи меҳвариро ишғол менамояд.

Дар баробари дигар самтҳои афзалиятнок, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷомеа, рушди илм ва маориф ҳадафи барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Сарвари муаззами он, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад. Аз барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, ки яке аз ҳадафҳои муҳимми он рушди илм ва маориф маҳсуб меёбад. Таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намудан ба соҳаҳои илму маориф, идома бахшидани ислоҳот дар ин самт, давра ба давра зиёд намудани маоши кормандон ва таҳкими пояҳои моддиву техникии онҳо, аз ҷумла таъминот бо технологияҳои иттилоотиву комунникатсионӣ аз барномаи Хизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби президентӣ аз ҳизби мазкур маншаъ мегирад.

Бо мақсади амалӣ намудани нуқтаҳои барномаи ҳизб ва сиёсати илмпарваронаи Пешвои миллат ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва роҳандозии фаъолияти таълимӣ дар ҳама зинаҳои таҳсилот, аз ҷумла бакалавр, магистратура, докторантураи PhD, ҷорӣ намудани усулҳои фаъоли таълим ва истифодаи таҷрибаи пешқадам дар раванди таҳсилот аз ҷониби Кумитаи Марказии ҳизб ва кумитаву ташкилотҳои он чорабиниҳои зиёд дар амал татбиқ гардида истодааст.

Дар ҳошияи сиёсати илмпарваронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсии ҷавонон, аз ҷумла магистрантону докторантон ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, ҳувияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба роҳбарони илмӣ нақшаи муштараки баргузории дарсҳои кушода зери унвони "Соатҳои сиёсӣ" барои магистрантону докторантони муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташкил карда шуд.

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ташаббусҳои созанда ва дурнамосози давлат ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буда, фаъолияти илмии худро дар пайравӣ ба сиёсати илмпарваронаи роҳбарияти олии мамлакат ба роҳ мемонад. Ин ниҳоди бонуфузи илмӣ на танҳо дар ҳаллу фасли масъалаҳои муҳимми илмӣ-назариявӣ ва таҳқиқоти амаливу инноватсионӣ пешсаф аст, балки ба таҳкими иқтидори зеҳнии кишвар тавассути омӯзиши масъалаҳои стратегии рушди миллӣ, таҳияи тавсияҳои илмӣ барои сиёсати давлатӣ ва ҷалби истеъдодҳои ҷавон ба муҳити илм нақши муассир дорад.

Ба ин муносибати фархунда, бароятон саломативу саодати рӯзгор ва дар фаъолияти ҷамъиятӣ ва ҳизбиатон боз ҳам муваффақиятҳои нав орзумандам. Бигузор сулҳу оромӣ, ваҳдату якдигарфаҳмӣ ва созандагию ободкорӣ дар саросари кишвар поянда бимонад.

Солгарди 31-уми таъсисёбии ҲХДТ муборак бошад!