Перейти к основному содержанию
Аз ҷанбаи этимологӣ мафҳуми ҳувият (идентичность) аз калимаи лотинии identicus гирифта шуда, маънои яксон донистан, шабоҳат ё мувофиқати чизе бо чизи дигареро дорад. Дар соҳаи илмҳои иҷтимоӣ-инсоншиносӣ идроки шахс аз худ тавассути маҷмуи хислатҳои устувор, посух ба суоли "Ман кистам?" мебошад.

Ҳувияти ego - истилоҳест, ки аз ҷониби Э.Эриксон таҳия шудааст, ки ба томияти шахс ишора мекунад; ҳуввият ва идомаи худи мо, сарфи назар аз тағйироте, ки дар раванди афзоиш ва рушд ба мо меоянд (ман ҳамонам). Бӯҳрони ҳувият ин аз даст додани шахсияти эго мебошад. Дар ин ҳолат томияти шахс ва эътиқод ба нақши иҷтимоии худ аз байн меравад ё кам мешавад.

Ҳувияти шахс, ҳувияти иҷтимоӣ, худшиносӣ ва динамизм ҷанбаҳои асосии ҳувиятро ташкил медиҳанд. Ин ҷанбаҳо чӣ мазмунро дар худ таҷассум медоранд. Ҳувияти шахс: сифатҳои беназир, хислатҳои инфиродӣ, эътиқод ва таҷрибаи ҳаётӣ, ки шахсро аз дигар афрод фарқ мекунонад, ифода менамояд. Ҳувияти иҷтимоӣ - ин ҳисси мансубият ба гурӯҳҳо, ба монанди миллат, дин, касб ё фарҳанг мебошад. Худшиносӣидроки худ ҳамчун як шахсияти том дар замон ва фазо, эҳсоси идомаи шахсияти худ. Динамизм - шахсият дар зери таъсири вазъиятҳои зиндагӣ ва таҷрибаҳои нав доимо инкишоф ва тағйир меёбад.

Аз ҷанбаи психологӣ ҳувият як ҷанбаи марказии худшиносӣ, асос барои қабули қарор ва худбаҳодиҳӣ мебошад. Дар доираи фаҳмиши ҷомеашиносӣ ҳувият як хислати фард ва гурӯҳест, ки онҳоро аз дигарон фарқ мекунад ва тавассути ҳамкории иҷтимоӣ ташаккул меёбад. Умуман, ҳувият як сохтори бисёрҷанба ва таҳаввулшавандаи худ аст, ки ба шахс барои ҳис кардани худ ва пайдо кардани мавқеи худ дар ҷомеа мусоидат мекунад.

Дар ибтидо мафҳуми ҳувият дар муҳокимаҳои файласуфон дар боби фаҳмидани табиати чизҳо ва моҳияти онҳо истифода бурда мешуд. Аз Замони нав шурӯъ шуда, мафҳуми мазкур барои тавсифи шахсият корбарӣ мегардад. Ҳувият маҷмуи параметрҳои инфиродӣ, иҷтимоӣ-фарҳангӣ, миллӣ ва тамаддунӣ аст, ки имкони ҷавоб додан ба саволҳои “Ман кӣ ҳастам?”, “Мо кӣ ҳастем?” посух медиҳад.

Ҳувияти миллӣ маҷмуи хусусиятҳо, арзишҳо ва анъанаҳоест, ки як миллат ё гурӯҳи этникиро муайян мекунад ва онро аз дигарон фарқ мекунонад. Дар замони ҷаҳонишавӣ ҳувияти миллӣ ҳамчун омили муҳими нигоҳдории фарҳанг ва худшиносии як миллат боқӣ мемонад. Ҳарчанд бо таъсири равандҳои ҷаҳонӣ ба тағйир рӯ ба рӯ мешавад. Ҳамфарҳангӣ аз ҳамнажодӣ ва ваҳдати бештаре миёни афроди инсонҳо эҷод мекунад. Миллият, ки пуштибонии фарҳангӣ дошта бошад, аз “ман”-ҳо як “мо” месозад, аҳёнан барои ин “мо” фидокорӣ мекунад, аз пирӯзии “мо” эҳсоси ғурур ва аз шикасти он эҳсоси сарафкандагӣ мекунад.

Ба маънои дигар, ҳувияти миллӣ ба ҳисси мансубияти шахс ба миллати мушаххас дахл дорад, ки бо таҷрибаи муштарак, фарҳанг, забон, анъанаҳо ва ривоятҳои таърихӣ шакл мегирад. Он робитаи эмотсионалии одамонро бо кишвари худ дар бар мегирад, ки ба арзишҳо, рамзҳо ва таърихи умумии он таъсир мерасонад.

Пас, ба саволи мо кистем: “тоҷик” ё “мусулмон”? – чӣ гуна посух метавон дод, то ҳувияти миллии моро муайян намояд. Посух ин аст, ки тоҷик – халқи ориёиасл, фарҳангофар ва тамаддунсоз мебошад, ки таърихи қадима дошта, барои рушд ва таҳаввули фарҳанги ҷаҳонӣ нақши мондагор бозидааст. Забони тоҷикӣ як шохаи забонҳои эронӣ ба ҳисоб меравад, ки онро дар замони муосир ба номҳои гуногун (форсӣ, дарӣ, тоҷикӣ) мешиносанд. Ин забон дар тӯли таърих ҳамчун забони адабӣ, илмӣ ва давлатдорӣ хидмат кардааст ва имрӯз низ ин рисолатро иҷро менамояд. Бахусус, тӯли мавҷудияти худ ҳамчун воситаи интиқоли арзишҳои фарҳангӣ, анъанаҳо ва таърих дар ҷомеа ҳисси ифтихор ва хосияти миллӣ фароҳам меорад.

Ҳамин тавр, байни мафҳумҳои "тоҷик" ва "мусулмон" фарқиятҳои ҷиддӣ вуҷуд дорад. Чӣ тавре қаблан ишора шуд тоҷик ба миллат ва этноси одамон дар Тоҷикистон ва қисме аз кишварҳои мухталиф, ки онҷо маскуният доранд, анъанаҳо ва арзишҳои фарҳангии худро ҳифз ва таҳаввул медиҳанд, бо забони тоҷики ҳарф мезананд, дахл дорад.

Мафҳуми “мусулмон” бошад, ба одамоне, ки дини онҳо ислом, яке аз динҳои паҳншудаи ҷаҳонист, иртибот дорад. Аз ин рӯ, мусулмонон метавонанд аз миллатҳои гуногун бошанд. Метавонанд тоҷик бошанд, вале на ҳама тоҷикон мусулмон мебошанд, зеро тоҷиконе ҳам ҳастанд, ки ба динҳои дигар аз қадим (аз ҷумла, Будоизм, Зартуштия, Монавӣ, Маздак ва амсоли инҳо) эътиқоду боварӣ доранд. Хулоса, "тоҷик" ба ҳар паҳлуи этникӣ ва фарҳангӣ ишора мекунад, дар ҳоле, ки "мусулмон" ба дини одамон мансуб аст. Муҳаққиқи тоҷик А.Раҳмонзода дар ин маврид низ барҳақ қайд мекунад, ки “миллат аз нигоҳи сиёсӣ дар худ асоси қавмӣ, нажодӣ, забонӣ, таърихӣ ва ҳудудӣ дошта, асоси онро унсурҳое, чун шаҳрвандӣ, хун, қавмият, сарзамин ё ҳудуди муайян ташкил медиҳад. Аммо, миллият аз нигоҳи ислом имон ба Худо, Паёмбар ва «Қуръон»-ро дар назар дошта, ченаки асосии он умумият ва муттаҳидии мардумро дар эътиқод ва амал ба корҳои хайр медонад”. [7]

Бояд қайд кард, ки баҳсҳо атрофи мавзуи “Ман кистам? Тоҷик ва ё мусулмон” дар давраҳои гуногуни таърихӣ хусусияти ба худ хос дошт. Пас аз барҳам хӯрдани давлати Сомониён, ҳувияти миллии тоҷикон рӯ ба завол овард ва аз сабаби қудрасти сиёсӣ надоштан аксарияти донишварони тоҷик ҳувияти худро аз маҳаллу динашон ифода мекарданд ва ҳамин раванди беҳувиятӣ то асри бист идома ёфта, ҳатто вақте намояндаҳои русияи подшоҳӣ ба сарзаминҳои тоҷикнишин меоянд ва бо эшон суҳбат мекунанд, аксарияти тоҷикон ҳувияти худро тариқи “миллати мо мусалмон” ё аз аҳли “Бухорову Фарғона ва Туркистон” ҳастем, зикр мекунанд. Бахусус, дар ибтидои асри XX бештари равшанфикрони тоҷик ба ҷуз устод С.Айнӣ ҳувияти худро туркнажодиву мусалмонӣ муаррифӣ карда, вуҷуди миллати тоҷикро зери суол мебурданд.

Барои тақвияти фикр ин ҷо чанд мисол меорем: масалан, Фитрат, Беҳбудӣ, Мирзо Сироҷ, ки аз равшанфикрони онвақти тоҷик буданд баъд аз он, ки ба пантуркизим гаравиданд, барномаи амали худро тағйир дода, чун ҷадидони Туркия, Озарбойҷон ва Қрим бо мақсади бунёди давлати Туркистони Бузург дар Осиёи Миёна рӯҳияи мардумро ба муқобили барқарор кардани муносибатҳои тарафайн бо Россия парвариш медоданд. Намехостанд, ки Осиёи Миёна ҳамчун як кишвари пурсарват тобеъи русҳо гардад. Баръакс, ҳамчун хиёнат ба миллат, асилзодагии худ барои амалӣ кардани ҳадафи худ ҳатто бо ифтихор мегуфтанд, ки «Мо аз миллати бузурги турк ҳастем». Хусусан, Хоҷӣ Муин, ки яке аз саромадони ҷадидони Самрқанд буд ба халқи худ бо хитоб чунин мегӯяд: «Он рӯзҳои хушбахтонаи ҳаёти ман, он замони таърихӣ, ки мамлакатро фарзандони ҳакиқии ҷасоратноки ман Чингиз ва Темур идора мекарданд, акнун барнамегарданд».[1, с.10]

Ба маълумоти фарзанди ҷонфидои тоҷик А.Мунзим Фитрати хиёнатпеша таҳти таъсир ва фишори пантуркистон баъд аз он ки аз Туркия ба Бухоро меомад такрор ба такрор мегуфт, ки мо бухороиён, аслан туркнажодем ва забони аслии мо туркист. Иллати тоҷикзабон шудани мо, аввалан таъсири идораҳои ҳукумати мо, ҳукуматдорони калон шудани порсимиллатон, дуюм, ғалаба ва таъсири адабиёти порсӣ мебошад. Ба ҳамин ду иллат мо забони туркии худро гум кардем. Аммо лозим аст, ки забони туркии худро зинда ва нажоди аслии худро поянда гардонем... Ҳамин тариқ, аз ҳамин давра сар карда, ман ҳарчанд калимае бо туркӣ надонам, бо туркӣ гап мезанам ва бо ҳар касе вохӯрам бо ӯ бо туркӣ суҳбат мекунам. Ҳарчанд агар онҳо бо ман бо тоҷикӣ ҳарф зананд, ман тарғиб мекунам, ки бо ман бо туркӣ сухан кунанд.

Аз тоҷик будани худ ор кардан, аз фарҳанги миллии худ дастгирӣ накардан, арзишҳои фарҳанги миллии худро моли қабилаҳои саҳроии турк шуморидани маорифпарвар Мирзо Сироҷро дар навиштаи зер, баръало мушоҳида менамоем: «Куҷои эй амир Темури Курагонӣ, ки омада як назар ба олами ҳолияи Деҳлӣ бикунӣ, ки фарзандони ту асири қайди фаранг гашта, мутеъи иҷонат шудаанд. Як салтанати чандин солаи туро аз дасти авлоди ту, ки ба хоби ғафлат фурӯ рафта, машғули айшу нишот буданд дар Ҳиндустон давлати инглис мунхадам кард. Пойтахти чандинсолаи Деҳлӣ, ки мадфани авлоди ту он ҷост дар дасти дигарон афтод, вале онҳо қобил буданд ва фарзандони ту ноқобил волло салтанат аз дасташон намерафт».[2, с.324]

Аммо дар ин миён баръакси туркпарастон бо иродаи қавӣ, ҷассорату ҳувияти тоҷикӣ устод С.Айнӣ бо далелҳои боэътимоди илмиву таърихӣ аз миллату арзишҳои фарҳангии худ ҳимоят карда, исбот карданд, ки миллати тоҷик куҳантарин миллат аст ва дар сарзамини Осиёи Миёна аз мардуми бумӣ ба ҳисоб мервад, ки маҳз ин миллат кучманчиёнро фарҳанги зистану одоби муоширатро омӯзониданд.

Дар робита бо ин, устод С. Айнӣ аз аввалин нобиғаҳои илми тоҷик мебошад, ки аз рӯи мадракҳои таърихӣ вожаи “тоҷик”-ро шарҳу тафсир карданд ва бар замми ин асари бузурги ифтихорзои миллӣ “Намунаи адабиёти тоҷик”-ро навишта, дар баробари инкоркунандагони миллат ва фарҳанги волои тоҷик ҷасурона миллати худрову ҳувияти милли худро ҳимоя карданд. Минбаъд ин рисолати инсонию мондагори устод С.Айниро дар мариди худшиносии миллӣ ва тақвияти ҳувият чеҳраҳои модагори дигар: Ш.Шоҳтемур, А.Лоҳутӣ, С.Улуғзода, Б.Гаффуров, М.Осимӣ, М.Турсунзода ва бахусус дар давраи истиқол Пешвои муҳтарами миллат бо ташаббусу ибтикороти созандаи худ иҷро карданд, ки корнамоию ҷоннисориҳои якоякашон таҳқиқоти мукаммали илмиро тақозо доранд.

Дар таърихи мавҷудияти миллати тоҷик дар давраи давлатдории Ҳукумати Шӯравӣ солҳои 1929-1991 кишвар ба муваффақиятҳо ва дастовардҳои зиёди назаррасе нойил шуд, ки инъикоси воқеии худро дар сарчашмаҳо, мадракҳои таърихӣ ва дигар маводи илмӣ ёфтаанд. Махсусан, шомил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайати Ҳукумати Шӯравӣ ва татбиқ кардани сиёсати давлатдории он дар низоми идораи давлатии кишвар ба як қатор дастовардҳои назаррас нойил шуд. Аз ҷумла:

- низоми идораи монархии асримиёнагии давлатдориро, ки то давраи ҳукмронии сулолаи манғития идома дошт, бо тамоми тору пудаш аз байн бурд;

- шуури тақлидӣ, тафаккури таассубии то солҳои 20-уми асри XX, ки саросари қаламрави Осиёи Миёна, махсусан Аморати Бухороро фаро гирифта, дар зери таъсири идеологияи динӣ таълими илмҳои дунявӣ иҷозат дода намешуд, тағйир дод;

- дар низоми мактабу маориф, тағйиру такмили барнома ва нақшаҳои таълимӣ, таҳия ва нашри китобҳои дарсӣ, рушди илму фарҳанг, иқтисоду идора, дар маҷмуъ, соҳаи илму маориф ислоҳоти ҷиддиеро ворид намуд;

- дар тарбияи кадрҳои соҳибтахассуси маҳаллӣ вобаста ба равия ва соҳаҳои барои ҷомеа эҳтиёҷдошта тариқи ба таҳсил ҷалб кардан, ташкили курсҳои бозомӯзӣ, такмили ихтисос дар муассисаҳои бонуфузи таҳсилоти олии касбӣ ва илмии ҷумҳуриҳои ҳудуди Иттиҳод нақши муассир гузошт;

- тавассути ташкили рӯзҳои фарҳангии кишвар дар ҷумҳуриҳои собиқ Иттифоқ, намоишномаҳои театрию барномаҳои консертӣ ва ғайра барои муаррифӣ қардани дастовардҳои фарҳанги миллӣ дар байни дигар халқиятҳо фазоро мусоид гардонид ва ғайра.

Дар баробари муваффақ гаштани кишвар ба ин иқдомҳои шоиста аз солҳои аввали таъсисёбии ҶШСТ амалӣ кардани сиёсати яккаҳукмрон - идеологияи коммунистӣ, инчунин ба рушд ва таҳаввул наёфтани арзишҳои гузаштаи фарҳанги миллӣ, ташаккули ғояи миллӣ монеаҳои зиёди сунъиро ба таври иҷборӣ бор кард, ки ҷанбаи манфӣ доштани ин режими идоракунии шӯравиро бозтобӣ медорад.

Фарҳангшиноси тоҷик, доктори илмҳои фалсафа С.Х.Раҳимов зимни пажӯҳиши масоили марбут ба фарҳанги миллӣ бевосита ба ин паҳлуи баҳсталаби мавзуъ таваҷҷуҳи хосса дода, ду камбудии ҷиддии роҳдодаи Ҳукумати Шӯравиро нисбат ба ташаккул ва таҳаввул наёфтани фарҳангҳои миллии ҷумҳуриҳои тобеи он, бавижа Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор менамояд. Ба андешаи фарҳангшинос камбудии аввалин он буд, ки мувофиқ ба сиёсати далватдории Ҳукумати Шӯравӣ иделогияи комммунистӣ “фарҳанги миллатҳоро ба ду бахш ҷудо карда, якеро пролетарӣ ва дигариро ҳамчун фарҳанги синфи истисморкунанда муаррифӣ мекард. Дар натиҷа ягонагии як фарҳанг халалдор мегашт ва дар дохили он зиддиятҳоро ба вуҷуд меовард. Бахусус, чун давлати Шӯравӣ давлати атеистӣ буд, аз мероси динӣ, ки дар зарфияти он арзишҳои волои инсондустӣ низ ҳифзу тараннум мегардид (ба мисли назми беҳамто ва оламгири сӯфиёнаи Аттори Нишопурӣ, Ҷалолиддини Балхӣ ва амсоли онҳо), атеизми давлатӣ аз ин гуна мерос ҳазар мекард, ба таблиғу шинохти он мамоният эҷод мекард”. [6, с.15]

Камбудии дуюм он буд, ки “Ҳукумати Шӯравӣ баъзан барои таҷлил ва баргузории расму анъана, аз ҷумла ҷашнҳои миллии тоисломии халқи тоҷик, ба мисли ҷашни Наврӯз шубҳа мегузошт. Ҷашни солгарди ба истилоҳ «салладорон» (истилоҳи идеологҳои шӯравӣ) ба мисли устод Рӯдакӣ, ибни Сино, Ҳофиз, Ҷомӣ ва дигаронро мебояд зимомдорони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарони ҲМ ҲКИШ (Ҳукумати марказии ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ) ё ба истилоҳ бо Москав мувофиқа мекрданд. Истиқлол ҳамин муамморо аз байн бардошт ва моли фарҳанги миллиро дар раванди ягонаи таърихӣ дида, ба арзишҳои он аз дидгоҳи таърих ва меъёру арзишҳои умумибашарии гуманистӣ баҳо дод”.[6, с.15]

Хушбахтона, монеаҳои сунъии эҷодкардаи иделогияи яккатози Шӯравӣ дар тӯли ҳукмронии худ натавонист арзишҳои волои фарҳанги миллиамонро ба пуррагӣ аз бойгонии таърих маҳв созад. Зеро, новобаста аз фишорҳои сахту беадолатонаи сиёсӣ ва идеологӣ, мардуми тоҷик дар фазои маҳал ва хусусан муҳити хонаводагӣ, яъне бештар дар фазои ғайрирасмӣ, суннатҳои арзишноки фарҳанги ниёкони худро ҳифз карда, дар хотираҳо нигоҳ доштанд. Маҳз, ҳамин амали ақлонӣ ва қудрати ҳифзгароии арзишҳою иҷрои расму анъанаҳо аз ҷониби мардуми тоҷик ба он мусоидат кард, ки дар давраи Истиқлоли давлатӣ фарҳанги тоҷик бо тамоми низоммандӣ ва тавъамиаш дубора эҳё гашта, рушд кунад.

Дар қиёс бо низоми давлатдории Ҳукумати Шӯравӣ замони Истиқлол барои миллати тоҷик нигоҳи нав, тафаккури нави созанда ва рисолати ояндабинона доштанро нисбат ба дарки мафҳуми Ватан, марзу бум, обу хок, ташаккули андешаи миллӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои фарҳангӣ, муқаддасоти миллӣ, назму тартиби давлатдорӣ ва ғайра пешорӯ гузошт. Соҳиб гардидан ба истиқлоли давлатӣ ва ба ихтиёри худ гирифтани зимоми давлатдории миллиро арзонӣ дошт. Он ба сифати неъмати бебаҳо, падидаи муттаҳидкунанда ва наҷотбахши миллат, ҳидоятгари эҳёи мероси ниёкон, бахусус, расму анъанаҳои аҷдодӣ, маншаи ташаккулёбии ҳувияти миллӣ ва дастёб шудан ба мустақилияти иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии кишвар, нақши бориз бозид.

Ташаккули тафаккур иҷтимоӣ аз рукнҳои асосии падидаи Истиқлол ба ҳисоб меравад ва таҳаввули он ҳамаҷиҳата барои ҳимояи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон мусоидат намуд. Аз ин рӯ, ҷавҳари асосии Истиқлолро озодии шахс ташкил медиҳад. Чунки танҳо озодӣ метавонад инсонро ба олами эҷодкорӣ, офаридани арзишҳои асили сиёсӣ, фарҳангӣ ва ғайра водор намояд.

Истиқлоли давлатӣ пеш аз ҳама андеша, тафаккури даврони шӯравии аҳли ҷомеаро нисбати анъанаву суннатҳои аҷдодӣ, бавижа тарзи гӯишу савтиёти забонӣ тағйир дод. Мардумро барои ба таври интиқодӣ муносибат кардан ба арзишҳои бадеии фарҳанги гузашта, ки вобаста ба талаботи замон такмилро талаб мекарданд, ҳидоят кард. Хусусан, дар даврони шӯравӣ забони ноби тоҷикӣ ба ҳукми забони хонагӣ, муносибатҳои байнихонаводагӣ даромада, барои бештари шаҳрвандон, аз ҷумла, аҳли зиё, олимону муҳаққиқони соҳаҳои илмҳои табиатшиносиву дақиқ ва тиб ҷиҳати таълиф намудани китобҳои дарсиву асарҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва муошират қобили қабул дониста намешуд. Ҳатто дар маҷлису ҷамъомадҳо аз сухан гуфтан ба забони модарӣ худдорӣ мекарданд. Идеологияи шӯравӣ мағзи онҳоро дар ин самт то он ҳад мойили худ карда буд, ки ҳарф задан бо забони тоҷикиро дар маҷлису баҳсҳои илмӣ ё аз тарс бошад, ё аз сабаби аз мақом барканор шудан ё иллатҳои зиёди дигар бар худ ор медонистанд. Танҳо посдорандагон, ҳимоятгарони ин забони ноб дар он арсаи вақт донишмандони риштаи илмҳои ҷомеашиносӣ, филологӣ, омӯзгорони фанни забони модарӣ, мардуми оддии меҳанткаш, ки дар муҳити хонаводагӣ, ҳангоми кор дар саҳро ва маъракаву таҷлили ҷашнҳо бо забони ноби модарӣ ба ҳам суҳбат меоростанд, ба ҳисоб мерафтанд.

Ниҳоят, Истиқлол андешаи миллиро ба сифати рукни асосии давлатдории миллӣ ва забони ноби тоҷикиро ба сифати забони давлатӣ, расмӣ-ҳуҷҷатгузорӣ, забони таълиму тадрис табдил дод, ки ин дастоварди бегазанд дар марҳилаҳои баъдинаи рушди давлатдории миллӣ такмилу таҳаввул ёфта, ҳамчун унсури асосии фарҳанги миллӣ мақоми худро устувор кард.

Ҳамин тавр, аз эълони Эъломияи Истиқлол то имрӯз дар кишвар таҳаввулоти ҷиддӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеа рух дода, Тоҷикистонро ҳамчун кишвари рушдкунанда муаррифӣ намуданд. Баргузории ҷашнҳои 1100-солагии давлати Сомониён, 2700-солагии Авесто, 2700-солагии ш.Кӯлоб, 3000-солагии Ҳисори Шодмон, 1000-солагии Носири Хусрав, 680-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 1150-солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 645-солагии Камоли Хуҷандӣ, 960-солагии Умари Хайём, 545 - солагии Беҳзод, 1310-солагии Имом Абуҳанифа, 5500 солагии Саразм, ба рӯйхати мероси фарҳангии ЮНЕСКО ворид кардани ҷашнҳои миллӣ, мавзеъҳои фарҳангӣ ва ғайра намунаи волое дар самти рушди соҳаи фарҳанг дар арсаи худсолорӣ ба ҳисоб мераванд, ки ҳар кадом барои худшиносӣ ва бедории мардум нақши мондагор гузоштанд.

Самиев Бобо Ҷураевич – доктори илмҳои фалсафа, профессор, мудири шуъбаи фалсафаи фарҳанги

Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

Адабиёт

1. Журнали «Шӯро», 1913, №1. – С.10.

2. Мирзо Сироҷ бинни Хоҷӣ Мирзо Абдурауф. Туҳафи аҳли Бухоро [Матн] /Ҳаким М.С. – Душанбе: Адиб, 1992. - 272 с.

3. Эмомалӣ Раҳмон. Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён. Иборат аз чаҳор китоб. - Душанбе: «Ирфон», 2009.

4. Эмомалӣ Раҳмон. Уфуқҳои Истиқлол. - Душанбе: "Ганҷ-нашриёт", 2018. - 436 саҳ.

5.Эмомалӣ Раҳмон. Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён (китоби сеюм) – Душанбе, 2006.

6. Раҳимов С.Х. Имрӯзи фарҳанги тоҷик. – Душанбе, 2024. – 341с.

7. Раҳмонзода, А. Мақоми миллати тоҷик: «ман аввал тоҷикам, баъд мусалмон!»/ https://sadoimardum.tj/931-man-avval-toikam-bad-musalmon.html