Перейти к основному содержанию
Энергетика яке аз соҳаи калидии иқтисоди миллӣ ба ҳисоб рафта, заминаи асосии рушди саноат, кишоварзӣ ва сатҳи зиндагии аҳолиро фароҳам меорад. Дар шароити тағйирёбии иқлим, афзоиши талабот ба неруи барқ ва маҳдуд будани захираҳои сӯзишворӣ, рушди устувори соҳаи энергетика аҳаммияти махсус касб менамояд.

Дар кишварҳои дорои захираҳои обӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, энергетикаи обӣ мавқеи асосӣ дорад. Истифодаи неруи барқи аз манбаъҳои барқароршаванда истеҳсолшуда на танҳо аз ҷиҳати иқтисодӣ самаранок, балки ба ҳифзи муҳити зист низ мусоидаткунанда мебошад.

Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, яке аз мушкилоти ҷиддӣ дар соҳаи энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон набудани сармоягузории кофӣ ва татбиқи технологияҳои муосир ба ҳисоб мерафт. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати кутоҳ тавонист мушкилоти мавҷударо бартараф намуда, қадамҳои устуворро дар самти рушди энергетика гузорад.

Аз ҷумла, такмили сиёсати давлатии энергетикӣ, ҷалби сармоягузориҳои дохилӣ ва хориҷӣ, дастгирии лоиҳаҳои инноватсионӣ, баланд бардоштани сатҳи самаранокии истифодаи нерӯи барқ ва вусъат бахшидани ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт ба роҳ монда шуданд. Ин тадбирҳо заминаи муҳиме барои расидан ба ҳадафи стратегии миллӣ — таъмини истиқлолияти энергетикӣ фароҳам овард.

Рушди соҳаи энергетика ҳамчун омили муҳими стратегии рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ мешавад. Бо дарназардошти мавқеи географӣ ва иқлимии кишвар, Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги барқароршавандаи энергия, аз қабили энергияи об, офтоб, бод ва биомасса мебошад. Танҳо иқтидори гидроэнергетикии кишвар дар як сол зиёда аз 527 млрд кВт/соат арзёбӣ мегардад, ки айни замон камтар аз 5%-и он истифода мешавад.

Бо мақсади таъмин намудани амнияти энергетикӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалӣ ҷиҳати ҷалби сармоя, татбиқи технологияҳои «сабз» ва рушди шабакаҳои энергетикӣ тадбирҳои муҳимро амалӣ менамояд. Дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030, гузариш ба энергияи барқароршаванда яке аз афзалиятҳои асосӣ ба ҳисоб меравад..

Бо дарназардошти афзоиши талабот ба неруи барқ, рушди саноат ва таъсири тағйирёбии иқлим, масъалаи таҷдид ва азнавсозии иқтидорҳои энергетикӣ аҳаммияти хос пайдо кардааст. Қисми зиёди иншооти энергетикӣ дар кишвар ҳанӯз дар давраи шӯравӣ сохта шуда, имрӯз ба навсозии ҷиддӣ ниёз доранд.

Ҳукумати мамлакат бо мақсади расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва дар ин замина таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ бо истифода аз ҳамаи имконияту сарчашмаҳои мавҷуда, хусусан, манбаъҳои рушди «энергияи сабз» мунтазам чораҷӯйӣ карда истодааст.

Ҳоло корҳои таҷдиду азнавсозӣ дар неругоҳҳои барқи обии «Норак» (то имрӯз ду агрегати неругоҳ пурра навсозӣ карда шуд) идома дорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Певшои миллат Эмомалӣ Раҳмон 20 ноябри соли 2025 дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо пахши тугмаи рамзӣ 3 гидроагрегати неругоҳи Қайроққумро баъди навсозӣ мавриди истифода қарор доданд. Дар доираи лоиҳа 6 гидроагрегат ва дигар дастгоҳу таҷҳизоти неругоҳ пурра навсозӣ ва иқтидори истеҳсол дар он 60 мегаватт зиёд карда шуд. Дар доираи қисми яки лоиҳаи барқарорсозии неругоҳи Қайроққум бо ҷалби шарикони рушд ва мутахассисони дохилию хориҷӣ то имрӯз таҷҳизоти толори мошинҳо, дастгоҳи идоракунии турбинаҳо, трансформаторҳои системаи ангезишӣ, дастгоҳи идоракунии зери фишор, системаи идоракунии гидроагрегат, 7 трансформатори иқтидорашон гуногун ва дигар дастгоҳҳои асосӣ бо дастрасии онҳо аз кишварҳои пешрафтаи Аврупо иваз карда шуда, ба ҷойи дастгоҳи тақсимоти кушодаи 220/110 кВ дастгоҳи тақсимоти пӯшидаи элегазӣ насб гардид. Ҳамзамон, дар доираи лоиҳаи навсозӣ, сарбанди неругоҳ мустаҳкам карда шуда, 5 крани борбардор низ навсозӣ гардид.

Инчунин, як агрегати дигар дар неругоҳи «Норак» таҷдид шуда, иқтидори он 40 мегаватт зиёд мегардад ва сохтмони неругоҳи «Себзор» бо тавоноии 11 мегаватт ба анҷом расонида мешавад. Яъне иқтидорҳои мавҷудаи энергетикии мамлакат дар соли 2025 танҳо аз ин ҳисоб 180 мегаватт зиёд гардаид.

Қайд кардан ба маврида аст, ки муҳимтарин дастовардҳо дар соҳаи энергетика ин оғози корҳои барқарорсозӣ ва бунёди НБО –и «Роғун», ба истифода додани ду агрегати ин иншооти бузурги аср, таҷдиду навсозии неругоҳҳои барқи обии «Норак», «Сарбанд» ва «Қайроққум», ба истифода додани НБО-и «Сангтӯда — 1», «Сангтӯда — 2», «Помир – 1», «Тоҷикистон» дар баландии 3500 метр аз сатҳи баҳр дар ноҳияи дурдасти Мурғоб, Маркази барқу гармидиҳии Душанбе -2, зеристгоҳҳои барқии 500- киловолтаи «Душанбе» ва «Суғд», хати интиқоли барқи 500-киловолтаи «Ҷануб-Шимол», Дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 220 ва 500-киловолта дар Неругоҳи барқи обии «Норак», зеристгоҳҳои барқии 220-киловолтаи «Лолазор», «Хатлон», «Айнӣ», «Шаҳристон», «Шаҳринав», «Геран-2», хатҳои интиқоли барқи 220-киловолтаи «Лолазор-Хатлон», «Тоҷикистон-Афғонистон», «Хуҷанд-Айнӣ», «Қайроққум-Суғд», «Айнӣ-Рӯдакӣ» ва оғози татбиқи воқеии лоиҳаи САSA – 1000 аз комёбиҳои Тоҷикистон дар роҳи расидан ба истиқлолияти энергетикӣ мебошанд, ки таҳти роҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардиданд.

Нақши энергетика дар рушди устувори иқтисоди миллӣ дар ин замина аҳаммияти стратегӣ дорад. Пеш аз ҳама, таъмини устувори неруи барқ заминаи асосии рушди саноат, кишоварзӣ, нақлиёт ва хизматрасониҳоро фароҳам оварда, ба баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мусоидат мекунад. Истиқлолияти энергетикӣ имконият медиҳад, ки вобастагӣ аз воридоти неру кам шуда, амнияти иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар таҳким ёбад.

Бо татбиқи лоиҳаҳои бузурги энергетикӣ дар даҳ соли охир иқтидори истеҳсолии низоми энергетикии ҷумҳурӣ 1320 мегаватт афзоиш ёфта, беш аз 1300 километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддати 500, 220 ва 110-киловолта ба истифода дода шуданд. Ин раванд на танҳо таъмини аҳолӣ ва иқтисод бо барқи устуворро беҳтар намуд, балки барои ҷалби сармоя, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди минтақаҳои дурдаст низ шароити мусоид фароҳам овард.

Илова бар ин, рушди гидроэнергетика ҳамчун манбаи «энергияи сабз» ба коҳиши партовҳои газҳои гулхонаӣ, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар самти рушди устувор мусоидат менамояд. Дар маҷмӯъ, соҳаи энергетика имрӯз на танҳо муҳаррики рушди иқтисодӣ, балки яке аз пояҳои асосии амнияти миллӣ, пешрафти иҷтимоӣ ва татбиқи модели иқтисоди сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон, таҷдид ва азнавсозии иқтидорҳои энергетикӣ имконият медиҳад, ки бе сохтмони неругоҳҳои нав иқтидори истеҳсоли неруи барқ афзоиш дода шавад. Иваз намудани турбинаҳо, генераторҳо ва таҷҳизоти идоракунӣ бо истифодаи технологияҳои муосир самаранокии истеҳсолро боло бурда, талафоти энергияро коҳиш медиҳад ва эътимоднокии кори низоми энергетикиро таъмин менамояд.

Ин раванд аз ҷиҳати иқтисодӣ нисбат ба сохтмони иншооти нав камхарҷтар буда, имкон медиҳад, ки бо истифодаи захираҳои мавҷуда самаранокии соҳа баланд бардошта, амнияти энергетикӣ дар кишвар тақвият ёбад. Дар оянда, ҳамгироии сиёсати давлатӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва татбиқи технологияҳои навин метавонад Тоҷикистонро ба яке аз кишварҳои пешсаф дар соҳаи энергетикаи тоза дар минтақа табдил диҳад.

Алиев Фирдавс – муовини директори Институти масъалаҳои об,

гидроэнергетика ва экологияи Академияи милли илмҳои Тоҷикистон