Перейти к основному содержанию
Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 яке аз муҳимтарин санадҳои сиёсиву стратегӣ маҳсуб меёбад, ки на танҳо натиҷаҳои рушди кишварро дар як сол ҷамъбаст мекунад, балки самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷиро барои марҳилаи минбаъдаи давлатдорӣ муайян месозад. Ин паём дар шароите ироа гардид, ки ҷаҳон бо таҳдидҳои мураккаби сиёсӣ, иқтисодӣ, амниятӣ ва иқлимӣ рӯ ба рӯ аст ва дар чунин вазъ муайян намудани мавқеи устувори миллӣ аҳамияти ҳаётан муҳимро доро аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози паём таъкид намуданд, ки соли 2025 барои Тоҷикистон соли таърихӣ буда, кишвар ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Он кас изҳор доштанд: «Соли 2025 барои мардуми Тоҷикистон соли пурмаҳсул ва дорои рӯйдодҳои муҳим гардид», ки ин суханон ифодаи эътимод ба натиҷаҳои сиёсати пешгирифтаи давлат мебошанд. Дар паём равшан зикр гардид, ки таҳкими истиқлолияти давлатӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ҳамчун арзишҳои асосии давлатдорӣ боқӣ мемонанд ва тамоми сиёсати давлатӣ маҳз ба ҳамин пояҳо такя мекунад.

Яке аз мавзуъҳои калидии паёми имсола ба рушди иқтисодӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ бахшида шуда буд, ки Пешвои миллат бо такя ба омор ва натиҷаҳои воқеӣ таъкид намуданд, ки новобаста аз гармшавии иқлим ва мушкилоти ҷаҳонӣ, Тоҷикистон тавонист истеҳсолоти кишоварзиро афзоиш диҳад. Ба гуфтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Сарфи назар аз таъсири манфии тағйирёбии иқлим, ҳаҷми истеҳсолоти кишоварзӣ афзоиш ёфт ва сатҳи амнияти озуқаворӣ ба 85 фоиз расид». Ин изҳорот нишон медиҳад, ки сиёсати давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ натиҷаҳои мусбат додааст ва кишвар тадриҷан ба расидан ба ҳадафҳои ситратегии худ бештар наздик мешавад.

Дар паём ҳамчунин ба масъалаи рушди иҷтимоӣ диққати махсус дода шуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ҳадафи асосии давлат баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мебошад. Аз ин лиҳоз, масъалаи афзоиши маоши кормандони соҳаҳои илму маориф ва тандурустӣ, индексатсияи нафақаҳо ва дастгирии табақаҳои осебпазири ҷомеа ҳамчун афзалиятҳои сиёсати иҷтимоӣ муайян гардиданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: «Давлат тадбирҳои заруриро меандешад, то сатҳи зиндагии шаҳрвандон мунтазам беҳтар гардад», ки ин суханон масъулияти иҷтимоии ҳукуматро равшан инъикос мекунанд.

Ҷанбаҳои маънавӣ ва тарбиявии паём низ аҳамияти хоса доранд. Президенти кишвар Пешвои ммиллат ба масъалаи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва нақши шаҳрвандон дар ободии Ватан таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карданд. Ва аз ташаббусҳои мардумӣ дар бунёди мактабҳо, роҳҳо ва иншооти иҷтимоӣ ёдовар шуда, чунин иқдомҳоро нишонаи баланди шуури шаҳрвандӣ арзёбӣ намуданд. Ба таъкиди он кас: «Ободии Ватан вазифаи танҳо давлат нест, балки масъулияти ҳар як шаҳрванди худогоҳ мебошад». Ин андеша нақши ҷомеаро дар рушди давлат таъкид мекунад ва муносибати ҳамкории давлат ва мардумро нишон медиҳад.

Дар паём сиёсати хориҷии Тоҷикистон низ мавқеи муҳим дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равшан баён карданд, ки Тоҷикистон сиёсати хориҷии сулҳҷӯёна ва мутавозинро пеш мебарад ва ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва созмонҳои байналмилалиро омили муҳимми таъмини амният ва рушд мешуморад. Он кас таъкид намуданд, ки таҳкими муносибатҳои нек бо кишварҳои минтақа ба манфиати сулҳу суботи умумӣ мебошад. Ба гуфтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори муколама, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории созанда дар минтақа мебошад». Ин мавқеъ нишон медиҳад, ки сиёсати хориҷии кишвар бар пояи эътимод, ҳамгироӣ ва манфиатҳои муштарак асос ёфтааст.

Дар маҷмӯъ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 як ҳуҷҷати мукаммали сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мебошад, ки роҳнамои рушди минбаъдаи кишвар ба ҳисоб меравад. Ин паём на танҳо дастовардҳоро ҷамъбаст мекунад, балки бо муайян намудани вазифаҳои мушаххас барои ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеа дурнамои равшани ояндаро нишон медиҳад. Мазмун ва муҳтавои паём гувоҳи он аст, ки Тоҷикистон роҳи рушди устувор, таҳкими давлатдорӣ ва беҳбудии зиндагии мардумро устуворона идома медиҳад.

Муалифон: Ҳамроев У.Х. н.и.ф.-м. муовини директор оид ба илм ватаълими ИА АМИТ,

Аюбов Д.К. ходими илмии ИА АМИТ.

Манбаъҳо:

1. Матни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (NBT) — Паём дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ (16.12.2025) Бонки миллии Тоҷикистон

2. Таҳлили паём ва нишондиҳандаҳои амнияти озуқаворӣ — Амнияти озуқаворӣ ба 85% расид Asia-Plus

3. Фармони рушди коммуникатсия то соли 2040 — Стратегияи рушди коммуникатсия Tajikistan News in English

4. Нуктаҳои иҷтимоӣ ва буҷетӣ — маош, нафақа ва буҷет Pressa.tj