Перейти к основному содержанию

12ДУШАНБЕ, 19.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 16 декабр зимни пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастур дода шуд, ки дар шаҳри Душанбе бунёд намудани Конун, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ чораҷӯйӣ намоянд. Доир ба ин президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода чунин ибрози назар намуд:

— Шинохти миллат ва эътирофу эътимоди он ҳамчун этнос аз сатҳи муаррифии таъриху тамаддуни аҷдодиаш маншаъ мегирад. Акнун дар замони гуфтугӯ ва бархурди тамаддунҳо ҳамон миллате ҷойгоҳашро устувору давлатдориашро таҳким мебахшад, ки худ арҷгузор ба таъриху тамаддунаш бошад. Имрӯз ба таври ошкоро аз худ кардани арзишҳои таърихии халқҳои алоҳида ба таври барҷаста ба назар мерасад. Мо шоҳиди он ҳастем, ки баъзе халқҳо кӯшиши аз худ кардан ва ё ба қавле рабудани беҳтарин арзишҳои маданияти моддӣ ва маънавии тоҷиконро доранд. Бинобар ин, зарурат ба миён омадааст, ки мо қишри зиёии ҷомеа ин арзишҳоро ҳифз намуда, барои ба таври шоиста муаррифӣ намудани онҳо барои ҷаҳониён ва таҳкими асолати миллии насли наврас талош намоем.

Бояд гуфт, ки дар замони истиқлоли давлатӣ аз ҳама беҳтару хубтар дар самти ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таърихӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бештар талош мекунанд. Сарвари давлати мо ҳамчун сиёсатмадори дурандешу хирдаманд ва арҷгузор ба арзишҳои таърихии миллат тавонистанд дар муддати кутоҳ чораҳо ва ташаббусҳои зиёду мондагореро дар амал татбиқ намоянд.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 16 декабри соли равон дар радифи инъикоси дигар дастовардҳо, бори дигар шаҳодат аз кӯшишҳо барои ҳифзу гиромидошти арзишҳои таърихи ниёгони тоҷикон медиҳад. Дар меҳвари Паёми Президенти Тоҷикистон масъалаҳои марбут ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ, махсусан шинохти таърихи миллат ва ба таври шоиста муаррифӣ намудани он ба насли наврасу ҷавон ва ҷаҳониён қарор гирифтааст.

Дар Паём Президенти Тоҷикистон таъкид намуданд, ки «… бо дастури Роҳбари давлат 3 миллиону 200 ҳазор нусха китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ чоп ва ба аҳолии мамлакат ройгон туҳфа карда шуд. Мероси таърихиву фарҳангӣ шиносномаи миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад».

Дар ин робита, таъкид гардид, ки соли 2025 бо саъйю талошҳои ҷумҳурии мо 11 ёдгории мероси фарҳангии Хуттали қадим (дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Данғара, Восеъ, Фархор ва Ховалинги вилояти Хатлон) ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд. Ҳамчунин аз ҷониби ЮНЕСКО қабул шудани қатъномаҳо дар мавриди эътирофи шаҳри Панҷакент ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» ва бузургдошти 1050-солагии Робияи Балхӣ дар солҳои 2026 – 2027 далели ҷойгоҳи хоссаи меросу арзишҳои фарҳангиву маънавии тоҷикон дар тамаддуни умумибашарӣ мебошад. Танзими ҳамоишҳо зери унвони «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ» (аввалин эъломияи ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният) боиси ифтихору сарбаландии миллати ориёии мо мебошад. Сарвари давлат дастур доданд, ки бо назардошти саҳми таърихии Борбади Марвазӣ дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ, вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва фарҳанг барои ба Феҳристи шахсиятҳои барҷастаи фарҳангии ЮНЕСКО ворид намудани номи ӯ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Яке аз нуктаҳои меҳварии масъалаи муаррифӣ ва шинохти таърихи тамаддуни ориёӣ дастури Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар пойтахти ҷумҳурӣ – шаҳри Душанбе бунёд намудани Конуни тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз мебошад. Дар робита ба ин Академияи миллии илмҳо ва дигар муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ ва лоиҳакашӣ вазифадор карда шуданд, ки бо ҷалби олимону донишмандон консепсияи ин марказҳоро дар асоси анъанаҳои меъморӣ ва шаҳрсозиву шаҳрдории бостонии тоҷикон таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Ташкили Конуни тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар маркази Тоҷикистон шаҳри Душанбе рамзӣ буда, гувоҳи меросбари асили тамаддуни ориёӣ маҳсуб ёфтани мо тоҷикон мебошад. Ташкили ин марказҳо имкон медиҳад, ки бори дигар ва ба таври шоиста миллати тоҷик ҳамчун меросбари ягонаи тамаддуни ориёӣ дар минтақа муаррифӣ шавад. Ин ташаббуси Пешвои арҷгузори миллати тоҷик имкон медиҳад, ки дар муддати кутоҳтарин садди роҳи аз худ намудани арзишҳои тамаддуни ниёгонамон аз ҷониби бегонагон шавем. Тавассути ташкили ин марказҳо мо беҳтарин арзишҳо, суннатҳо ва чеҳраҳои мондагори худро, ки дар тамаддуни ҷаҳонӣ ҳамто надоранд, ҳифз менамоем. Ин марказҳо як навъ муҳаққиқону донишмандоро барои ба таври бисёр шоиста анҷом додани пажуҳишҳо дар самти таҳқиқи таърихи тамаддуни ниёгон ва муаррифии он муттаҳид менамояд. Махсусан, муҳаққиқону донишмандони Академияи миллии илмҳоро зарур аст, ки дар робита ба ин дастури Пешвои миллат дар заминаи пажуҳишҳои илмӣ асарҳои бунёдӣ таълиф намоянд, то махзани ин марказҳоро боз ҳам ғанӣ гардонад.

Бояд гуфт, ки ташкил ва ба истифода додани Конуни тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе имкон медиҳад, ки минбаъд таваҷҷуҳи муҳаққиқону муаррихон ба таърихи беш аз 6 ҳазорсолаи халқи тоҷик афзояд. Ҳарчанд марҳалаҳои таърихи халқи тоҷик аз ҷониби муҳаққиқони зиёди хориҷӣ мавриди таҳқиқот қарор гирифта бошад ҳам, вале аксари осори онҳо ба манфиатҳои миллии мо созгор нест. Ҳадафи меҳварии ин дастури Сарвари давлат агар аз як ҷониб муаррифии тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунофар ва меросбари аслии ориёиҳо бошад, аз ҷониби дигар ҳарчи бештар фарогир кардани таҳқиқоту пажуҳиҳои илмӣ дар робита ба таърихи тамаддуни ориёиҳо ва унсурҳои он, махсусан Наврӯз мебошад. Имрӯз зарур аст, ки дар ҳошияи ин ташаббус ва дастури Президенти ҷумҳурӣ ба пажуҳандагони ҷавони таърихи миллат мавзуъҳоеро пешниҳод намоем, ки бештар ба масъалаҳои меҳварии таърихи аҳди бостон ва асрҳои миёнаи халқи тоҷик равона шуда бошанд.

Бояд таъкид ва хотирнишон сохт, ки то ин давра барои шинохти таърихи тамаддуни ориёӣ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асарҳои гаронқимат таълиф гардиданд. Махсусан, осори бунёдие монанди «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён», «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ», «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёиҳо», «Забони миллат – ҳастии миллат» ва «Чеҳраҳои мондагор» навишта шуд, ки масъалаҳои меҳварии таърихи тамаддуни ориёӣ дар он баррасӣ мешавад.

Президенти мамлакат бо таваҷҷуҳ ба ҳассосияти таъсири таърихи аҳди бостон ва асрҳои миёна дар сарнавишти ниёкони мо ба омӯзишу баррасии ин марҳалаи таърихӣ рӯ оварданд. Махсусан, баррасии масоили таърихи ақвоми ориёӣ дар Осиёи Марказӣ, монанди хостгоҳ, асли баромад ва таркиби этникӣ, муҳоҷирати ориёиҳо, шуғл, қаламрави сукунат, меросбарони ориёиҳо, умумият ва тафовути зисти қавмҳои ориёӣ бар асоси таҳқиқоти бостоншиносӣ, мадорики забоншиносӣ, ҳамчунин ҷойгоҳи ориёиҳо дар тамаддуни ҷаҳонӣ, таҳлилу баррасии эътиқод ва оинҳои динии ориёиҳо ба монандӣ меҳрпарастӣ ва зурвония, таъсири ин афкор дар дигар минтақаҳо, муштаракоти адёни бостонии ориёиҳо бо мардумони ҳамсоя, таъсири дину оини ориёиҳо бар афкори дигар ақвом.

Дар осори Пешвои миллат раванди зуҳур ва таҳкими оини давлатдории ориёиҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтааст. Дар радифи дигар марҳалаҳои давлатдории ниёкони тоҷикон доир ба империяҳои ҷаҳонии ориёиҳо – Ҳахоманишиён, Ашкониён, Кушониён ва Сосониён таваҷҷуҳ ба мавқеъ ва нақши онҳо дар тамаддуни башарӣ андешаҳои худро баён намудаанд. Пешвои миллат дар асоси манобеи таърихӣ доир ба шаҷараи Сосониёну Ҳайтолиён, мансубияти онҳо ба ориёиҳо, низоми давлатдорӣ, фарҳангу тамаддун, ҳудуди ҷуғрофӣ, сиёсати хориҷӣ маълумоти арзишманд пешниҳод намудаанд. Махсусан, масъалаи асли баромади Ҳайтолиён, ки хеле вақт инҷониб баҳснок аст, дар осорашон бо далелҳои муътамад шарҳу тавзеҳ ёфтааст.

Маълум аст, ки яке аз марҳалаҳои сарнавшитсози таърихи ниёкони тоҷик ба давраи истилои забткоронаи араб ва паҳншавии дини ислом рост меояд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷуҳ ба вижагиҳои сиёсати забткоронаи арабҳо ва паҳншавии ислом дар сарзаминҳои паҳновари Хуросони Бузург паёмади онро дар шароити зуҳури ҳаракатҳои озодихоҳона дар минтақа барои мардуми мо хеле барҷаста арзёбӣ менамоянд. Ҳамчунин дар ин осор нақш ва корномаи хонадонҳои маҳаллии Хуросони Бузург, монанди Бармакиён, Саҳлиён ва Ковусиён дар пешрафти ҳаракати истиқлолхоҳии ниёкони мо инъикос гардидааст.

Бо чанд нукта собит шудааст, ки маҳз ба василаи корномаи намояндагони сулолаҳои маҳаллии Хуросони Бузург, монанди Тоҳириёну Саффориён дар муқобили сиёсати халифаҳои Аббосӣ барои ташаккули халқи тоҷик ва истиқлоли миллӣ замина фароҳам гардид. Агар Бармакиёну Саҳлиён дар масири истиқлоли фикрӣ гом бардоштанд, пас Тоҳир ибни Ҳусайн ва Яъқуб ибни Лайс барои татбиқи ин ҳадаф дар Хуросони Бузург қадамҳои устувор гузоштаанд.

Дар радифи таълифи осори таърихӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эҳёи арзишҳои тамаддуни ориёӣ ва дар ин замина муаррифии тоҷикон ба унвони халқи тамаддунофар дар арсаи ҷаҳонӣ корҳои зиёд анҷом доданд. Махсусан, эълони Соли бузургдошти фарҳанги ориёӣ (2003), Соли тамаддуни ориёӣ (2006), мавқеи ҷаҳонӣ касб кардани Наврӯз, эҳёи ҷашнҳои Сада, Меҳргон, Тиргон ва ҷашни 5500 — солагии шаҳри бостонии Саразм ва сабти он дар феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО, 2700-солагии Кӯлоб, 3000-солагии Ҳисор, бузургдошти 1310 солагии Абуҳанифа Имоми Аъзам ва ғайра аз ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат дар роҳи муаррифии таъриху тамаддуни мардуми тоҷик аст. Ин ҷашнҳо миллати тоҷикро бо дарки амиқи ҳақиқати гузашта, дар вазъияти таҳаввулоти ихтилофбарангези замон метавонад мардумро дар бистари худшиносӣ, худогоҳӣ ва ҳамбастагии миллӣ нигоҳ дорад.

Ташкили Конуни тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе идомаи ташаббусҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими эътимоду эътирофи тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунофар мебошад.

Ин марказҳо саҳми тоҷиконро дар ташаккул ва рушди тамаддуни минтақа ва ҷаҳон ба таври шоиста инъикос намуда, таваҷҷуҳи миллионҳо ҳаводорони таъриху тамаддуни моро ҷалб менамояд. Акнун моро зарур аст, ки барои дар амал татбиқшавии ин ташаббус неруи зеҳнии худро самаранок ва шоиста ба кор барем, то наслҳои ояндаи мо аз тоҷик будани худ шарафманду сарбаланд бошанд.