Перейти к основному содержанию

1216 – декабри соли равон дар толори Парлумони Тоҷикистон ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми худ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд. Дар Паёми худ Пешвои миллат қайд намуданд, ки рӯзи 12-уми декабри соли ҷорӣ бо ташаббуси Тоҷикистон дар ҷаласаи 7-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист қатънома доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ» қабул карда шуд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланди сатҳи байналмилалӣ - Созмони Милали Муттаҳид таклиф барои эълон намудани соли 2025“Соли байналмиллалӣ ҳифзи пиряхҳо” - ро пешниҳод намуд, ки ин яке аз иқдомҳои накӯ ва дурбинонаи сарвари давлати тоҷикон ба ҳисоб рафта, ба истифодаи сарфакоронаи об, таъмин намудани аҳолӣ бо оби нӯшокӣ дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва ҳифзи пиряхҳо равона гардидааст.

Қаламрави Тоҷикистон дорои табиати нотакрор ва муъҷизавии сайёраи Замин буда, чун осорхонаи табиӣ дар худ нигораҳоеро, чун кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои кӯҳии бузургҳаҷм, дарёҳо, кулҳо, обҳои зеризаминӣ, гирд овардааст. Захираҳои обии Тоҷикистон сарватҳои табиӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ки ба онҳо пиряхҳо, дарёҳо, кулҳо ва обанборҳо дохил мешаванд. Сарчашмаи асосии захираҳои обии Тоҷикистон пиряхҳо ва барфҳои доимӣ (фирнҳо) мебошанд. Пиряхҳо ва барфҳои доимӣ манбаи асосии обии Осиёи Марказӣ маҳсуб мешаванд. Пиряхҳо дар рушди ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи бисёр мамлакатҳо нақши калидӣ доранд. Дар Тоҷикистон пиряхҳо ҷузъи табиати зебои он буда, диққати кӯҳнавардону сайёҳони зиёдро ба худ ҷалб мекунанд. Пиряхҳо дар рушди соҳаҳои хоҷагии халқ нақши калидӣ доранд. Дар айни замон, бо сабаби гармшавии глобалӣ, таназзулшавии пиряхҳо ба амал омада, онҳо назар ба он ки ташаккул ёбанд, бештар коҳиш меёбанд.

Нерӯи асосии энергетикаи Тоҷикистонро нерӯгоҳҳои барқии обӣ истеҳсол мекунанд. Мувофиқи ин нишондиҳанда, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи иқтидори гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон ҷои 8-умро нисбат ба ҳудуди худ ишғол менамояд. Иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон аз талаботи имрӯзаи ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба нерӯи барқ се маротиба зиёдтар мебошад. Дар ҳоли истифодаи оқилонаи ин захира, метавон минтақаро бо нерӯи барқи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин намуд. Қисмати асосии захираҳои номбурда дар ҳавзаи дарёҳои Панҷ, Вахш, Кофарниҳон ва Зарафшон мутамарказ гардидаанд. Ҳукумати кишвар дар сиёсати стратегияи истифодаи оқилонаи захираҳои обиро дар амалӣ сохтани лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ ба роҳ монда, дар ҳалли муаммоҳои минтақавӣ, аз ҷумла таъмини барқи аз нигоҳи экологӣ тоза мусоидат менамояд. Чунки дуруст истифодабарии об аз дигар давлатҳо низ вобастагӣ дорад. Боз як нуқтаи дигарро бояд қайд намоем, ки Тоҷикистон аз ҷиҳати истеҳсоли қувваи барқ аз ҷиҳати экологӣ тоза низ пешсаф мебошад, ва он 99,2% -ро дар ҳиссаи истеҳсоли гидроэнергетикии кишвар ташкил медиҳад.

Агар мо иқтидорҳои истеҳсолии қувваи барқи ҷумҳуриро таҳлил карда бароем, он гоҳ, ин нишондиҳанда тақрибан дар ҳаҷми 527 млрд. кВт соат арзёбӣ мегардад. Шароитҳои табии-иқлимӣ ва релефи ҷумҳурӣ бештар барои коркарди қувваи барқ мусоид буда, дар як дарё аз 5 то 10 адад силсила Неругоҳҳои барқии оби сохтан мумкин аст. Тасдиқи ин гуфтаҳо истифодаи захираҳои гидроэнергетикии дарёи Вахш, захираҳои гидроэнергетикии дарёи Сурхобу Хингоб ва истифодаи захираҳои гидроэнергетикии дарёи Зарафшонро мисол овардан мумкин аст.

Бояд қайд намуд, давоми солҳои охир таъсири манфии гармшавии иқлим, тасодуфан обшавии пиряхҳо мушоҳида мегардад, ки метавонад оқибатҳои номатлуберо чун, тақсимоти нодурусти об дар обанборҳои сунъӣ, неругоҳҳои барқии обӣ, киштзорҳо, маҳалҳои аҳолинишин ба миён орад

Алиев Исмоил - ходими илмӣ Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ