Перейти к основному содержанию

Муҳтарам кормандони мақомоти амнияти миллӣ, собиқадорон ва ходимони фидоии Ватан!

12Ҳамаи Шуморо ба муносибати иди касбии «Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ» сидқан табрик намуда, барои фаъолияти софдилона, ҷасурона ва пурмасъулиятатон ба хотири ҳифзи амнияти давлату ҷомеа, суботу оромӣ ва таъмини ҳаёти осоиштаи шаҳрвандони кишвар изҳори сипос менамоям.

Мақомоти амнияти миллӣ дар қатори дигар сохторҳои муҳими давлатӣ нақши калидӣ дошта, дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, пешгирии хатару таҳдидҳои замони муосир, аз ҷумла зуҳуроти экстремистию террористӣ, ҷиноятҳои муташаккил ва дигар зуҳуроти номатлуб, саҳми арзанда мегузорад. Фаъолияти муназзаму масъулиятноки Шумо имкон фароҳам овард, ки фазои ороми сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ҳифз ва таъмин карда шавад.

Дар баробари ин, ҷасорату матонат, садоқат ба савганди хизмати давлатӣ ва омодагии доимии шумо барои ҳимояи марзу буми кишвар, рамзи ватандӯстӣ ва худогоҳии баланди шаҳрвандист. Итминон дорам, ки минбаъд низ бо донишу таҷрибаи ғанӣ, интизом ва масъулияти баланд ба иҷрои рисолати пуршарафи худ идома дода, дар татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат ва таъмин кардани амнияти миллӣ нақши арзишманд мегузоред.

Бо истифода аз ин фурсати муборак ба тамоми кормандон ва собиқадорони мақомоти амниятии миллӣ саломатии бардавом, хонаободӣ, муваффақиятҳои нав дар фаъолияти хизматӣ ва барору комёбиҳои бештари минбаъда орзу менамоям. Бигзор заҳматҳои софдилона ва хизмати ватандӯстонаи шумо ҳамеша қадршиносӣ гардад ва ба манфиати миллату давлати азизамон равона бошад.

Иди касбӣ муборак!