Перейти к основному содержанию

ДУШАНБЕ, 10.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Яке аз масъалаҳои хеле мубрами ҷомеаи муосири тоҷик фарқ накардани волоияти ҳувияти миллӣ ва бартарии он аз ҳувияти динӣ мебошад.

Мудири шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои филология Субҳиддин Зиёев дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» оид ба ин масъала иброз дошт, ки истилоҳи «Ман аввал тоҷикам, баъд мусалмон» аввалин маротиба аз забони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо дод. Ин ба он хотир гуфта шуд, ки мардуми шарафманди тоҷик бори дигар аз таъриху тамаддуни ҳазорсолаи хеш ва расму оини гузаштагон огоҳӣ дошта бошад ва ин сухани ҳикматбахш ҳувияту худшиносии тоҷиконро дубора мустаҳкаму устувор намояд.

Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, тоҷикон ҳанӯз пеш аз ислом дорои фарҳанг, забон ва давлатдорӣ буданд ва бо пазируфтани ислом онро аз байн набурда, балки дар рушди он саҳм гузоштанд. Ин масъала ҳувияти миллиро чун асоси худшиносӣ ва давлатсозӣ нишон медиҳад.

Субҳиддин Зиёев афзуд, ки «яке аз муҳимтарин масъалаҳои замони муосир, ки барои миллатҳои давлатҳои ҷаҳон аҳамияти ҳаётӣ дорад, шинохти ҳувияти миллӣ мебошад. Дар Тоҷикистон низ масъалаи ҳифз ва рушди ҳувияти миллӣ бо шарофати андешаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хусусияти вижа касб кардааст. Гуфтори маъруфи «Ман аввал тоҷикам, баъд мусалмон!» танҳо шиори сиёсӣ нест, балки он бар пояи таҷрибаи таърихӣ, фарҳанги амиқи миллӣ ва мероси тамаддуни ниёгон устувор шудааст».

«Тоҷик будан аз марзи ҷуғрофия болотар меистад. Он решаи тамаддунест, ки аз Суғд, Бохтар ва Хуросон сарчашма мегирад. Яъне, тоҷик касест, ки худро вориси ин тамаддун медонад. Асос ва сутуни миллати тоҷик забони тоҷикӣ аст. Ин забон хотираи таърихро нигоҳ доштааст, андешаро шакл додааст ва шеъру илм ва ҳикматро интиқол додааст. Тоҷикон бо ахлоқи ҳамида, эҳтироми бузургон, меҳмоннавозӣ, ростқавлӣ ва сабру таҳаммул дар ҷаҳон машҳуранд ва ин хислатҳои наҷиби тоҷиконро сайёҳони хориҷӣ низ тасдиқ намудаанд, чун онҳо дар ҳама гӯшаву канори Тоҷикистон меҳмони ҳар хонадон шудаанд», — гуфт Субҳиддин Зиёев.

Тоҷик будан донистани хеш аст, фаромӯш накардани гузашта аст, ки гузаштагони мо киҳо буданд ва чӣ масъулият доштанд ва барои мо чӣ меросу оин боқӣ гузоштанд. Барои он, ки имрӯзу фардо мо, тоҷикон арзишҳои хешро ҳифз намоем, сараввал бояд забони тоҷикиро дар ҷаҳони глобалӣ ҳимоят намоем, ҳувияти худро нисбат ба тоҷик будан гум накунем ва барои пешрафти ин миллат решаҳои миллиро пурқуввату пурқудрат намуда, пештар аз ҳувияти динӣ ҳувияти қавии миллӣ дошта бошем.

Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, тоҷик будан на фақат шиноснома, балки виҷдон, забон, фарҳанг, ҳувият, худшиносӣ ва масъулият аст. Мутафаккирон борҳо иброз намудаанд, ки «тифл аз модар яҳудӣ, насронӣ ва ё бутпараст» ба дунё намеояд. Ҳар фард давоми зиндагӣ ин ё он динро мепазирад. Дин дар ҳамбастагӣ бо дигар арзишҳои маънавӣ ва дар доираи ташаккули инсон дар ҷомеа «рамзи фарҳангӣ ва иҷтимоӣ»-и ӯро тарҳрезӣ менамояд ва ба қолаб меандозад. Лекин дар асоси илми генетика асли ҳар инсон ба сарчашмаҳои зуҳури қавмӣ, миллӣ, анъанавӣ ва фарҳангии он робитаи ногусастанӣ дорад.

Шоҳномаҳои таърихӣ, осори адабӣ ва мероси илмию фарҳангӣ гувоҳи онанд, ки тоҷикон пеш аз ислом низ дар таърихи башарият ҷойгоҳи барҷаста доштаанд. Ин пояи устувори миллӣ буд, ки ба тоҷикон имкон дод пас аз пазируфтани ислом асолати худро аз даст надода, балки дар рушду густариши он саҳм гузоранд.

Дини мубини ислом дар сарзамини тоҷикон пеш рафта бошад ҳам, вале пояи фарҳанги пешинаро ҳамчун шинохти тоҷик аз решаҳои миллии худ ҷудо накард. Баръакс, тоҷикон мусалмон шуданд, вале тоҷик будани худро доимо ҳифз карданд. Дар ин даврон агар миллати тоҷик ба решаҳои миллии худ такя намекард, шояд имрӯз асолати миллии мо аз байн мерафт.

Таърих нишон дод, ки тоҷикон мусалмон шуданд, ислом барои тоҷикон ҷузъи фарҳанги ҷудонашаванда гардид, вале ҳамчун миллати тоҷик ҳувияти худро ҳамеша ҳифз кардаанд. Ин аст, ки фарзандони баруманди тоҷик, ба мисли Имом Бухорӣ, Имом Тирмизӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Абӯнасри Форобӣ ва садҳои дигар маҳз аз ҳамин ҳамбастагии миллат ва дин бархоста, дар тамаддуни исломӣ нақши бузурги таърихӣ гузоштаанд. Ин таҷриба нишон медиҳад, ки аввал ҳувияти тоҷикӣ ва баъд дин метавонанд ба ҳамдигар такя кунанд, то давлати тоҷикон боқӣ монад.

Субҳиддин Зиёев таъкид намуд, ки имрӯз, дар давраи ҷаҳонишавӣ ва густариши равияҳои ифротгаро масъалаи худшиносии миллӣ боз ҳам муҳимтар гардидааст. Гурӯҳҳои ифротӣ мекӯшанд ҷавононро бо шиорҳои гуногун аз фарҳанг ва забони модарӣ ҷудо созанд. Вале таҷрибаи таърихӣ ва ҳикмати ниёгон собит мекунад, ки ҳувияти миллӣ ҳамчун сипари маънавӣ бар зидди чунин равандҳо боқӣ хоҳад монд.

Масъалаи худшиносии миллӣ ва динии мардуми тоҷик дар айни замон яке аз масъалаҳои калидӣ ва мубрами сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба ҳисоб меравад. Пас аз истиқлолият Тоҷикистон дар баробари сохтани давлатдорӣ ва таҳкими пояҳои иқтисодӣ зарурати муайян кардани марзҳои ҳувияти миллӣ ва диниро низ эҳсос намуд. Зеро маҳз ин ду унсур асоси субот ва ҳамбастагии ҷомеаро таъмин мекунанд.

Тавре Пешвои миллат пайваста дар суханрониҳояшон таъкид менамоянд:

— миллат аввал бояд забонашро шиносад, то динро дуруст бифаҳмад;

— худшиносии миллӣ- худшиносии динист;

— ҳифзи забони тоҷикӣ — ҳифзи дини ислом дар сарзамини мост.

«Худшиносии миллӣ ва динӣ барои мардуми тоҷик танҳо масъалаи маънавӣ нест, балки омили мустақими сиёсӣ ва амниятӣ низ мебошад. Давлати Тоҷикистон бо таъкид ба дунявият ва ҳамзамон эҳтиром ба арзишҳои динӣ талош мекунад байни ин ду рукн мувозинат карда, амну суботро нигоҳ дорад. Барои таъмини ояндаи миллат, ҳифзи забон, фарҳанг ва асолати миллӣ он бояд дар мадди аввал қарор гирад.

«Ҳамин тавр, «Ман аввал тоҷикам, баъд мусалмон» таъкид мекунад, ки худшиносии миллӣ заминаи худшиносӣ ва диншиносӣ мебошад»,-илова намуд Субҳиддин Зиёев.

Бознашр аз сомонаи АМИТ "Ховар" https://khovar.tj/2026/01/avval-uviyati-mill-badan-uviyati-din-to-ik-kasest-ki-hudro-vorisi-tamadduni-niyogon-medonad/