Перейти к основному содержанию
Яке аз масъалаҳои меҳварии Паёмҳои солонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлилу баррасии даромадҳои аҳолӣ, бахусус музди меҳнат ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ маҳсуб мешаванд. Зеро, пардохти музди меҳнат унсури калидии сиёсати иҷтимоӣ-иқтисодии давлат буда, заминаи моддии зиндагии шаҳрвандонро таъмин намуда, фаъолнокии истеҳсолӣ ва суботи иҷтимоиро таҳким мебахшад. Махсусан барои кишварҳои дорои иқтисодиёти гузаранда, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаи ҳамгироии кафолатҳои иҷтимоии меҳнат аҳаммияти хоса дорад ва яке аз вазифаҳои муҳими давлатӣ ба шумор меравад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ба меҳнат ва пардохти одилонаи онро ҳамчун принсипҳои асосии қонунгузории меҳнат муқаррар менамояд. Ҳар як шаҳрванд ба меҳнат, интихоби касб, ҳифзи меҳнати худ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар давраи бекорӣ ҳуқуқ дорад. Конститутсия бевосита муқаррар менамояд, ки музди меҳнат барои иҷрои кор набояд аз ҳадди ақали муқарраргардида паст бошад. Ин меъёр дар моддаи 35 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин баён ёфтааст: «…музди меҳнат набояд аз ҳадди ақали музди меҳнат камтар бошад. Ҳама гуна маҳдудият дар муносибатҳои меҳнатӣ манъ аст. Барои кори баробарарзиш музди баробар дода мешавад». Бо ин меъёр Конститутсия принсипи манъи табъизро дар пардохти музди меҳнат муқаррар мекунад, яъне фароҳам овардани шароити муносиб ва пардохти баробар барои меҳнати арзиши баробардошта новобаста аз ҷинс, миллат ва дигар аломатҳо.

Ин меъёрҳои конститутсионӣ заминае мебошанд, ки тамоми қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон бар онҳо асос меёбад.

Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади асосии танзими меъёрии кафолатҳои давлатӣ муносибатҳои марбут ба пардохти музди меҳнат, кафолатҳои давлатӣ ва механизмҳои ҳуқуқии татбиқи онҳоро муфассал танзим менамояд. Мафҳуми кафолатҳои давлатии пардохти музди меҳнат дар Кодекси меҳнати ҶТ мустақиман ҳамчун институти ҳуқуқи меҳнат инъикос ёфтааст. Мувофиқи қисми моддаи 102 Кодекси меҳнати ҶТ «кафолатҳои давлатии пардохти музди меҳнати кормандон маҷмӯи унсурҳои низоми пардохти музди меҳнатро дар бар мегиранд»Ин кафолатҳо нисбат ба ҳамаи кормандоне, ки дар муносибатҳои меҳнатӣ қарор доранд, новобаста аз шакли моликияти корфармо татбиқ мегарданд.

Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, ки музди меҳнати корманд набояд аз ҳадди ақали муқаррарнамудаи давлат камтар бошад. Ин кафолати калидии давлатӣ барои ҳифзи гурӯҳҳои каммузд ба шумор меравад. Давлат тавассути санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ андозаи ҳадди ақали музди меҳнатро вобаста ба шароити иқтисодӣ ва сатҳи таваррум мунтазам бозбинӣ менамояд.

Қисмати муҳими сиёсати мукаммали давлатӣ дар соҳаи пардохти музди меҳнат Паёмҳои солонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Дар ин Паёмҳо Сарвари давлат натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодиро ҷамъбаст намуда, самтҳои афзалиятнок ва чораҳои мушаххаси беҳтарсозии шароити меҳнат ва баланд бардоштани музди меҳнатро муайян менамояд. Аз ҷумла, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои пардохти музди меҳнат дар доираи такмили сиёсати иҷтимоии давлатӣ мавқеи муҳим гирифтанд. Сарварди давлат дар ин Паём таъкид намуданд, ки “Фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, хусусан, гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа самти афзалиятноки сиёсати Ҳукумати мамлакат мебошад”. Вобаста ба ин, дар Паём аз ҷониби Сарвари давлат дастурҳои мушаххаси зерин дода шуд, ки аз 1 сентябри соли 2026 татбиқ мегарданд:

- маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шаванд;

- музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад;

- ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба андозаи 1300 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.

- бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва андозаи нафақаи заминавӣ дар сатҳи таварруми соли 2025, вале на кам аз 15 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия (зиёд) карда шаванд.

Ин тадбирҳо бо қабули Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 январи соли 2026, №1132 расман мустаҳкам гардидаанд. Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун воситаи сиёсати давлатӣ дар соҳаи пардохти музди меҳнат ба шумор мераванд. Бинобар ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фармонҳое содир менамояд, ки ба татбиқи кафолатҳои давлатии пардохти музди меҳнат ва баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоӣ равона шудаанд. Ин фармонҳо ба низоми танзими давлатии пардохти музди меҳнат ворид гардида, ҳамчун механизми фаврии татбиқи кафолатҳои меҳнатии дар Конститутсия ва Кодекси меҳнати ҶТ пешбинигардида, хизмат менамоянд.

Ин ташаббусҳо, ки идомаи сиёсати иҷтимоии давлат буда, тавассути Паёмҳои Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии ҶТ амалӣ мешаванд, воқеан ҳам нишондиҳандаҳои музди меҳнат ва қобилияти харидории онро ба таври назаррас таҳким бахшида истодаанд. Динамикаи воқеии тағйирёбии ҳадди ақали музди меҳнат дар ҷумҳурӣ нишон медиҳад, ки дар се соли охир нишондиҳандаи ҳадди аққали музди меҳнат ба андозаи 62,5 фоиз зиёд гардида, аз 800 сомонӣ дар соли 2024 ба 1300 сомонӣ дар соли 2026 расидааст.

Ин болоравӣ афзоиши кафолатҳои давлатии ҳадди ақали музди меҳнатро бо назардошти равандҳои таваррум ва болоравии нархҳо инъикос менамояд ва ҳифзи иҷтимоии гурӯҳҳои камдаромадро таҳким мебахшад.

Ҳамзамон бо болоравии андозаи ҳадди ақали музди меҳнат, афзоиши музди миёнаи меҳнат низ дар кишвар ба қайд гирифта шудааст. Тибқи маълумоти оморӣ, дар моҳи декабри соли 2025 музди миёнаи меҳнат дар кишвар зиёда аз 2 700 сомониро ташкил дода, нисбат ба соли 2024 қариб 20% афзудааст, ки аз тамоюли мусбати болоравии даромадҳо шаҳодат медиҳад.

Дар маҷмӯъ, кафолатҳои давлатии пардохти музди меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон такя намуда, тавассути Кодекси меҳнат ба таври муфассал танзим мегарданд. Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳимро дар мутобиқсозии ин кафолатҳо ба шароити иқтисодӣ ва таҳкими ҳифзи иҷтимоӣ иҷро менамоянд. Ин механизмҳо заминаи ҳуқуқии таъмини музди одилона ва шоистаи меҳнатро ташкил медиҳанд.

Маҳмадуллозода Нурулло Раҳматулло - доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ,

ходими калони илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ