Перейти к основному содержанию

123ДУШАНБЕ, 04.02.2026 /АМИТ АМИТ «Ховар»/. Истиқлоли сиёсию давлатӣ ба мо имкон дод, ки ба ҳифзи забон, таърих ва фарҳанги ниёгонамон аҳамияти махсус диҳем ва ҳисси худшиносии миллиро тақвият бахшем. Маҳз дар замони муосир насли бомаърифат, босавод, бофарҳангу дониш ва худшиносу худогоҳ метавонад дар набардҳо ва таҳдидҳои ҷаҳони муосир истодагарӣ намуда, барои пойдории Ватан ва бақои миллат мубориза барад. Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ эълон гардидани соли 2026 низ, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад, талаботи замони муосир аст.

— Таҷрибаи давлатдории ҷаҳонӣ, таълимоти илмҳои сиёсӣ, ҷомеашиносӣ ва андешаҳои мутафаккирон далели он аст, ки дар ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию маънавии ҳар ҷомеа омилҳое заруранд, ки ба амнияти ҷомеа ва таҳкими давлатдорӣ мусоидат кунанд. Ин омилҳо аз ваҳдати миллӣ, волоияти қонун, иқтидори иқтисодиёти давлат, идоракунии бонизоми давлатӣ, амният ва суботи сиёсӣ, артиши миллии пуриқтидор, илму маорифи пешрафта, фарҳанг ва худшиносии миллӣ иборатанд.

Таҳкими ҳар яке аз ин омилҳо ба устувории давлатдории миллӣ ва суботи сиёсии ҷомеа мусоидат мекунад. Яъне, ҳамаи ин омилҳо ҷузъи том буда, яке бе дигаре вуҷуд дошта наметавонад. Дар акси ҳол агар яке аз ин омилҳо заиф гардад, пояҳои давлатдориро заиф ва вуҷудияти онро зери суол мебарад. Дар ин замина вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва таҳкиму тақвияти худогоҳиву худшиносии миллӣ омили асосие мебошад, ки бо пешниҳоди Сарвари давлат матраҳ гардид.

Бояд гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар самти тақвияти худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ корҳои зиёде ба анҷом расонида шуданд, аз ҷумла эҳёи хотираи таърихии миллат, таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудан ба таърих ва фарҳанги миллӣ, гиромидошти шахсиятҳои илмию адабии миллӣ, нашр ва ба забони тоҷикӣ тарҷума ва ҳадя намудани китоби «Қуръони маҷид», асари «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ, эҳтиром ва бузургдошти забони модарӣ, эҳёи ҷашнҳои миллӣ ва дар сатҳи давлатӣ таҷлил намудани ҷашнҳои Сада, Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва амсоли инҳо.

Дар ин замина мехостам доир ба мафҳуми «тоҷик будан», ки моҳияти асосии худшиносӣ ва худогоҳии миллии мо дар зери ҳамин мафҳум нуҳуфтааст, изҳори андеша кунам.

Пеш аз ҳама, миёни вожаҳои «тоҷик» ва «тоҷик будан» бояд фарқ гузошт. Тоҷик будан ба унвони мафҳум ва истилоҳи фаннӣ дар доираи илмҳои фалсафа, фарҳангшиносӣ, ҷомеашиносӣ, этнология (мардумшиносӣ) матраҳ мегардад. Пас, моҳияти ин вожа ҳамчун истилоҳ аз чӣ иборат аст? Тоҷик будан- ин истилоҳи илмиест, ки дарбаргирандаи ҳувияти таърихӣ-фарҳангӣ ва иҷтимоӣ-фарҳангӣ мебошад, ки хоси миллати тоҷик аз даврони таърихӣ то ба имрӯз аст. То имрӯз дар таҳқиқоти илмӣ истилоҳҳои ба ин монанд, ба мисоли «русскость» («русият»), «немецкость» («олмоният») ва ғайра маълуманд. Аз ин лиҳоз, мафҳуми тоҷик будан ин маҷмуи хусусияти фарҳангӣ, забонӣ, таърихӣ ва арзишию рамзие мебошад, ки дар натиҷаи ҳувияти якҷояи (коллекивии) тоҷикона ва фарҳанги тоҷикӣ ташаккул ёфтааст.

Барои васеътар шарҳ додани мафҳуми тоҷик будан метавон ба чанд ҷузъи калидии он такя намуд. Истилоҳи тоҷик буданро метавон иборат аз панҷ ҷузъи ҷудонашаванда донист, ки иборат аст аз:

  • Забони модарӣ. Забони тоҷикӣ (форсӣ) дар даврони таърих на танҳо воситаи муошират будааст, балки нигоҳдорандаи шакли тафаккур, воситаи асосии бақои миллат ва инчунин дарбаргиранда ва ҳифзкунандаи осори гаронбаҳои мутафаккирони ин халқ мебошад. Забон инчунин воситаи фарқкунандаи як халқу миллат аст. Аз ин рӯ, забон дар вазъияти иҷтимоӣ-сиёсӣ ва иҷтимоӣ-фарҳангии муайян метавонад маъноҳои зиёдеро дар худ гирад ва ба рамзи умумимиллӣ табдил ёбад, яъне ҳамчун воситаи этно-диференсиатсия гардад. Этно-диференсиатсия ҳамчун истилоҳи фалсафию фарҳангшиносӣ ва ҷомеашиносӣ раванди эмотсионалию маърифатие мебошад, ки як қавм ва ё гурӯҳи одамонро аз рӯи аломатҳои этникӣ, аз ҷумла забон, таърих, фарҳанг, расму анъанаҳои миллӣ, арзишҳои миллӣ ва дигар нишонаҳо аз қавмҳои дигар фарқ мекунонад. Бо воситаи забон як девори «ҷудокунанда» ё «фарқкунанда» байни ду қавм ё миллат гузошта мешавад, мисли «мо» ва «онҳо». Маҳз ҳамин аломати фарқкунандаи «мо» ва «онҳо» дар раванди таърих қавмҳоро бо ҳамин аломатҳо ҷудо намуда, ин арзишҳоро то ба имрӯз мондагор кардааст.

  • Хотираи таърихӣ. Имрӯз мо худро давомдиҳандаи аҷдодони худ медонем, ки таърихи беш аз шашҳазорсола дорад. Маҳз хотираи таърихӣ, ки бо он фахр мекунем, ҷузъи ҷудонашавандаи тоҷик будан аст. Чуноне Пешвои миллат таъкид намудаанд: «Тоҷикон яке аз миллатҳои қадимаи дунё ва дорои таърихи беш аз 6000 – сола буда, ҳанӯз аз давраҳои бостонӣ, соҳиби саводу қалам, девону дафтар, илмдӯсту адабпарвар, давлатсозу давлатдор, меъмору шаҳрсоз, шаҳрдору шаҳрнишин, яъне фарҳангиву тамаддунсоз ва ободкору созанда ба шумор мераванд».

Ҷанбаи дигаре, ки ҷузъи ҷудонашавандаи хотираи таърихии миллат мебошад, ин анъана ва расму оинҳоянд. Анъанаҳо ҳамчун падидаҳои муҳими иҷтимоии фаъолияти ҷомеа дар низоми танзими тарзи ҳаёти халқу миллатҳо нақши калидӣ доштаву доранд. Анъанаҳо бо инкишофи ҷомеа ва метавон гуфт, бо диалектикаи ҳаёт сахт алоқаманд будаанд. Мондагор будани ҷашну маросим аз ду ҷанба дорои аҳамият мебошад. Якум, расму оинҳо ва анъанаҳои мардумӣ ифодагари хотираи таърихии як халқ будаанд, ки ба воситаи он мо имрӯз метавонем аз рӯзгори пешини миллати худ огоҳ шавем. Ҷанбаи дуюм он аст, ки анъанаҳои мардумӣ бо маънавиёти миллати мо алоқаманд буда, ҷузъи шуури ҷамъиятӣ ва ҳамчун арзишҳои маънавӣ ва миллианд. Аз ин рӯ, анъанаҳо ва расму оинҳо унсури муҳими ҳастии иҷтимоӣ ва фарҳанги маънавӣ буда, дар натиҷаи фаъолияти якҷоя дар ҷомеаи инсонӣ ба вуҷуд омадаанд, ки воситаи муҳими робитаи гузаштаи як халқ бо имрӯзанд.

  • Тамоюлҳои арзишӣ-маъноӣ. Тамоюлҳои арзишӣ-маъноӣ мафҳуми равоншиносӣ мебошанд, ки барои ташаккули як шахсият ё коллектив нақши муҳим мебозанд. Ин тамоюлҳо барои дарки ҷаҳони атроф муҳим буда, дарбаргирандаи ҳадафҳо, рафтор ва манфиатҳои муайян мебошанд. Албатта, тамоюлҳои арзишии як миллат дар зери таъсири омилҳои гуногун, ба монанди ҷомеа, оила, маориф ва таҷрибаи ҳаёт шакл мегиранд.

Дар навбати худ тамоюлҳои арзишӣ-маъноӣ дорои сохтори муайян мебошанд, ки аз инҳо иборат аст:

— арзишҳо, яъне принсипҳо ва маромҳои асосие, ки мо онҳоро дар раванди зиндагиамон муҳим арзёбӣ мекунем, ба монанди ростқавлӣ, ҷавонмардӣ, оила, арзишҳои оилавӣ, дастовардҳо дар ҳаёт ва ғайра;

— маънии ҳаёт, ин ҳам аз ҷумлаи муҳимтарин тамоюлҳои арзишие мебошад, ки мардуми мо таърихан ба он аҳамият ва маънии асосӣ медиҳад. Яъне мо дар зиндагиамон барои расидан ба ҳадафҳо, хостаҳо ва орзуҳоямон кӯшиш менамоем. Ба ибораи дигар, ба ҳаётамон маънӣ мебахшем;

— бовармандӣ, яъне муносибатҳои ботиние, ки муносибати шахсро ба олами атроф шакл медиҳад.

— аксуламалҳои эмотсионалӣ ё эҳсосотӣ. Дар зиндагӣ чунин эҳсосот ба вуҷуд меоянд, ки дар баробари посух ба рӯйдодҳо ва вазъияти муайян рух мезананд, ки бевосита тамоюлҳои дохилии инсон мебошанд.

  • Ҳувияти ҷамъӣ (коллективӣ). Чӣ имрӯз ва чӣ дар таърих ҳувияти якҷоя будан, бо ҳам будан ва ба қавле, дар ғаму шодии якдигар шарик будан дар қавми мо будааст. Яъне барои на манфиатҳои фард, балки баҳри манфиатҳои умумимиллӣ мубориза бурдан аз ҷумлаи арзишҳои умумиинсонӣ ва умумиқавмии мо мебошад. Дар чунин ҳолат ҳар фарди ҷомеа худро ҷузъи ҷудонашавандаи миллати бузург ҳисоб мекунад.

  • Заминаи ақидатӣ-фарҳангӣ. Албатта, бовару эътиқод на ҳамчун маҷмуи эътиқодҳои догматикӣ, балки ҳамчун қолиб ва чаҳорчӯбаи фарҳангӣ ва таърихӣ аст, ки ба ташаккули арзишҳо, рамзҳо ва мафҳумҳои ахлоқӣ дар таърихи миллати мо таъсири пойдор гузоштааст. Таърихан дин, шакли шуури ҷамъиятӣ, институти иҷтимоӣ ва ҷузъи таърих, фарҳанг ва тарзи зиндагии ҳар халқ мебошад. Имрӯз низ дар шароити давлати дунявӣ арзишҳои динӣ эътироф карда мешаванд.

Дар ин замина бояд таъкид кард, ки ҷомеаи ҷаҳониро хатарҳои муосир таҳдид менамоянд. Чунин таҳдидҳо, ки аслан аз ҷониби баъзе ташкилоти манфиатхоҳ қолабсозӣ мегарданд, фазои ҷомеаҳоро ноором мекунанд. Албатта, ҳар ҷомеаи озоди демократӣ ба бунёди ниҳодӣ эҳтиёҷ дорад, ки бояд бо роҳи ташаккули арзишҳои калидии ҷомеа рушд намояд. Таърих гувоҳ аст, ки тоҷикон дар муносибат бо дигар халқу миллатҳо муносибати таҳаммулгароёна ва боадолатона доштаанд. Миллати тоҷик дар раванди бархӯрдҳои таърихӣ таҷрибаи ғанӣ ба даст оварда, арзишҳои миллӣ, динӣ ва фарҳангии худро ҳифз намудааст. Имрӯз низ дар шароити яке аз равандҳои ҳассоси замонавӣ – ҷаҳонишавӣ ҳифз намудани арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон чӣ дар дохили ҷумҳурӣ ва чӣ дар хориҷи он вазифаи пурмасъулият ба шумор меравад.

Нусратулло ЗОКИРЗОДА, мудири кафедраи фалсафаи назди Раёсати

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа