Перейти к основному содержанию

Имрӯз, 23 феврал дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба муносибати 33-юмин солгарди Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.

Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барафрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи муқаддаси давлатдорӣ ва нишони эҳтирому садоқат ба Ватан аз ҷониби курсантони Академияи Вазорати корҳои дохилӣ оғоз гардид.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш иброз дошт, ки Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ба анъанаҳои касбии ифодагари сифатҳои баланди ватандӯстию хештаншиносӣ ва савганди ҳарбии худ содиқ монда, аз рӯзи аввал, яъне баробари ташкилшавӣ дар чунин як марҳила ва давраи мураккаби сарнавиштсоз, ки пояҳои истиқлоли давлатӣ ва якпорчагии Ватанро хатарҳои зиёд таҳдид мекард, бетараф намонданд.

Таъкид гардид, ки афсарони содиқ ба Ватану миллат барои ба эътидол овардани вазъи ҷамъиятию сиёсии кишвар, ҳимояи сохти конститутсионӣ ҷасорату мардонагӣ нишон доданд. Артиши миллии Тоҷикистон, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ ба шумор меравад, ҳамқадами соҳибистиқлолӣ ва зодаи Истиқлоли давлатӣ буда, бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи холӣ, аз сифр таъсис дода шуд.

Гуфта шуд, ки дар пайравӣ аз дастуру ҳидоятҳо ва илҳом аз корномаи беназири Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ афсарону сарбозон тавонистанд, ки мушкилиҳои оғози давлатдории навинро сарбаландона паси сар карда, дар як муддати кӯтоҳ ба яке аз қудратмандтарин қувваҳои мусаллаҳи минтақа табдил ёбанд. Воқеан, ҳама гуна пешрафту гулгулшукуфоӣ дар партави сулҳу амният сурат мегирад ва хушбахтона ин саодат барои сарзамини мо таҳти роҳнамоии Пешвои муаззами миллат бо саъю талоши шабонарӯзӣ ва бедорхобиҳои афсарону сарбозони Артиши миллӣ ва дигар сохторҳои низомӣ таъмин гашта истодааст.

Зикр гардид, ки вазъи имрӯзаи сиёсати геополитикии ҷаҳон, хатарҳои воқеии ба минтақа таҳдидкунанда, гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, авҷи терроризму экстремизм дар сар то сари ҷаҳон имрӯзҳо зарурияти ба маротиб пурқувват намудани Артиши миллӣ ва мусоидати ҳамаҷонибаро дар тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстии ҷавонон тақозо менамояд. Сабақи таърихӣ гувоҳ аст, ки маҳз заъфи давлатдорӣ дар ҳамаи давру замонҳо аз надоштани омодагии ҷангӣ ва ба ин восита ба дасти аҷнабиён гузоштани рукни муҳими давлатдорӣ–артиши миллӣ будааст.

Қайд гардид, ки таҷлили ҳамасолаи 23-юми феврал ба ҳайси Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ на танҳо арҷгузорӣ ба хизмату ҷонфидоии афсарону сарбозон, балки таҷассумгари масъулияти умумимиллӣ дар самти таҳкими амният ва суботи давлат мебошад. Зеро дар шароити муосир, ки бо таҳдидҳои гуногуни геополитикӣ ва равандҳои печидаи ҷаҳонӣ тавсиф меёбад, мавҷудияти артиши касбӣ ва омодабош омили муҳими пойдории давлатдории миллӣ ба шумор меравад.

Дар идома олимону кормандон доир ба 23-юми феврал — Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, аз таърихи таъсис, марҳилаҳои ташаккул ва нақши муҳими Артиши миллӣ дар ҳифзи истиқлолу якпорчагии давлат ёдовар шуданд. Қайд гардид, ки таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ яке аз қадамҳои муҳимми таҳкими пояҳои давлатдорӣ ба шумор рафта, имрӯз ин ниҳоди муқтадир ба такягоҳи боэътимоди сулҳу субот ва амнияти кишвар табдил ёфтааст.

Дар фарҷом як зумра аз собиқадорони ҷангу меҳнат ва хизматчиёни фаъоли соҳа барои саҳми арзандаашон дар ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими қобилияти мудофиавии кишвар ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносии миллӣ бо туҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ гардиданд. Ҳамзамон президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо медали ҷашнии 30-солагии Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.