То пирӯзии инқилоби Октябр оид ба фарҳангу иҷтимоиёт ва иқтисодиёти халқҳои Осиёи Марказӣ аз ҷониби шарқшиносону низомиёни рус баъзе рисолаву мақолаҳо ба чоп расидаанд. Онҳо ҳангоми иҷрои вазифаҳои маъмурии худ ба гирдоварии маълумоти этнографию фолклорӣ, таърихӣ ва забоншиносӣ низ машғул шудаанд. Чунончи, дар нашрияи осиёмиёнагии «Туркестанские ведомости» мақолаҳои «Навруз в Самарканде» бо имзои мустаори «В.В», Байрамалибеков «Иди Наврӯз», М. Карухи «Таҷлили Наврӯз», Н. А. Неский «Соли навро дар Бухоро чӣ гуна ҷашн мегиранд» ва чанде дигар ба чоп расидаанд.
Ҳамчунин тасвири тарзи баргузории Наврӯзро метавон аз китобу ёддоштҳои сафарии баъзе муҳаққиқони рус пайдо намуд. Масалан, граф Бобринский А. А. Дар китоби худ «Кӯҳистониёни болооби Панҷ (вахониҳо ва ишкошимиҳо)» (1908) дар баробари тасвирҳои этнографии рӯзгору маишати мардуми ин минтақа роҷеъ ба ҷашнҳои арӯсӣ, Наврӯз, бовару эътиқодҳо маълумот додааст. Ӯ боби 13-уми асари худро ба ҷашни Наврӯз, тақвимҳои маҳаллӣ ва маросимҳои кишоварзӣ бахшида, нақлу ривоятҳои ҷолиб овардааст. Дар ҳамон солҳо мардумшиносон М. С. Андреев ва Половсев А. А. ба Бадахшон сафар карда, натиҷаи сафари бахшида ба мардумшиносии худро дар асарашон «Мавод доир ба этнографияи ақвоми эронии Осиёи Миёна: Ишкошим ва Вахон» (1911) инъикос кардаанд. Таваҷҷуҳи онҳоро низ тақвими «Андоми мард»(Офтоб дар мард)-и мардуми маҳаллӣ, бозию машғулиятҳои вобаста ба худ ҷалб намудаанд. Аз он ҷумла, онҳо роҷеъ ба таҷлили иди Наврӯз ҳарф зада, қайд намудаанд, ки рӯзи Наврӯз дар хона ҳар гуна хушбӯиҳо, ба монанди испанд, стирахм, шохи арчаро дуд мекарданд.
Баҳори соли 1925 мардумшинос Е. М. Пешерева ҳангоми кофтуковҳои мардумшиносӣ дар Исфара шоҳиди баргузории сайри Лола мешавад ва бори нахуст дар арсаи илм роҷеъ ба он маълумот медиҳад. Ҳарчанд ин сайр дар моҳи апрел дар айёми шукуфтани гули лола сурат мегирифтааст, аммо он ба фарорасии баҳор ва анъанаи гулгардонӣ иртибот дорад.
Олими тоҷик Л. Бузургзода дар солҳои 1930-юм ба сайри гули лола таваҷҷуҳ карда, дар як мақолаи худ бо унвони «Сайри гули лола» суханро аз тавсифи Наврӯз оғоз менамояд ва аз суннатҳои солинавии тоҷикон як-як ёдовар шуда, сипас ба тасвири сайри гули лола дар Исфара оғоз менамояд. Дар навиштаҳои ӯ анъанаҳои юғмонӣ ё ҷуфтбаророн, сайри ҷӯйканон, гаштак, бадеҳагуйӣ, дорбозӣ, театри чодири хаёл, масхарабозӣ, рақсу мусиқӣ, нақшхонӣ инъикос ёфтаанд.
Дар даврони Шӯравӣ омӯзиш ва тарғиби арзишҳои миллӣ маҳдуд буда, ҷашни Наврӯзро низ баъзе сиёсатмадорон ҳамчун «иди динӣ» ва «хурофоти» медонистанд. Гоҳ-гоҳе баъзе адибон бо унвони иди баҳор ва арӯсӣ сол шеърҳои халқӣ-адабёти солинавиро дар маҷмӯаҳо ё саҳифаҳои матбуот ба чоп мерасониданд.
Дар мақолаи А.П. Колпаков, ки ба тасвири баъзе ҷашнҳои Эрон бахшида шудааст, ялчанд намунаи фолклори тоҷикӣ вобаста ба Наврӯз зикр гардидаанд.
Мардумшиноси рус Н. А. Кисляков соли 1947 дар маҷаллаи «Советская этнография» мақолаеро бо номи «Старинные приёмиземледельческой техники и обряды, связанные с земледелием у таджиков бассейна реки Хингоу» ба чоп мерасонад, ки дар он оид ба тақвимҳои суннатӣ, ҷуфтбаророн, мавқеи Бобои Деҳқон ва иди соли нав сухан рафтааст.
Устод Садриддин Айнӣ на танҳо дар эҷоди назму наср ва адабиётшиносӣ асосгузори адабиёти навини тоҷик ба шумор меравад, балки дар шинохти санъату фарҳанги миллӣ низ қадамҳои аввалинро гузоштааст. Ӯ дар солҳои 1940-ум дар асари адабӣ-таърихии худ «Ёддоштҳо» оид ба ҷашни Наврӯз, сайрҳои тирамоҳӣ ва маросиму анъанаҳои халқӣ маълумоти пурарзиш дода, миллати қадимӣ ва соҳибтамаддун будани тоҷиконро ба исбот расонидааст.
Дар оғози солҳои 1950 оид ба Наврӯз ва баъзе анъанаҳои вобаста ба он дар мақолаҳои мардумшиносии М. Раҳимов «ҳисоботи муқаддимавӣ оид ба корҳои таҳқиқотӣ аз экспедитсияи этнографии Ғарм дар соли 1952»,» Осори боварҳои қадимӣ дар расму одатҳои кишоварзии тоҷикони Қаротегин ва Дарвоз дар асри XIX ва ибтидои асри XX» ва дигар мақолаҳои ӯ тасвири маросимҳои халқӣ, аз он ҷумла чоршанбеи охирин, гулгардонӣ, ҷуфтбаророн, шавгунӣ, тақвимҳои мардумӣ, мусобиқаҳои Наврӯзи ва амсоли инҳо ба назар мерасанд ва муаллиф дар ҳама мақолаҳояш Наврӯзро иди баҳор, оғози корҳои кишоварзӣ қаламдод кардааст. Таҳқиқ ва тасвири васеътари одобу русуми Наврӯз тақрибан аз нимаи дувуми солҳои 1950 оғоз мешавад, ки дар навиштаҳои як зумра адибон, олимони адабиётшинос ва мардумшиносони тоҷик Н. Нуроҷов соли 1956 дар асараш «Театри халқии тоҷикӣ» зимни тасвири шаклҳои театри мардумии сокинони вилояти Кӯлоб, инчунин роҷеъ ба иди суннати Соли Нав-Наврӯз, анъанаҳои гулгардонӣ, суманакпазӣ, таомҳои наврӯзӣ, бозиҳои бачагонаву мусобиқаҳои паҳлавонии гӯштӣ, бӯзкашӣ ва дигар дилхушиву сайрҳои мардумӣ маълумоти муҳим додааст. Муалиф ба чунин натиҷа расидааст, ки маросимҳои «Суманакпазӣ» ва «Гулгардонӣ» яке аз суннатҳои бостонии мардуми Хатлонзамин буда, таҷлили онҳо марбут ба пешаи кишоварзӣ мебошанд. Маросими «Гулгардонӣ»-ро сокинони Кӯлоб бо ният ва орзуи зудтар аз зимистони сард раҳоӣ ёфтан, ба баҳори сабзу хуррам сиҳаату саломат расидан ташкил мекарданд. Тадқиқоти Н. Нурҷонов ба исбот расонидааст, ки дар ин маросимҳо омилҳои драма ва мусиқӣ, суруд ва ҳазлу мазҳака мавқеи муҳим доранд. Муҳаққиқи адабиёти тоҷикӣ-форсӣ И. С. Брагинский дар монографияи «Из истории таджикской народной поэзии. Элементы народно-поэтического творчества в памятниках древней и средневековый письменности» ба таҳлилу баррасии заминаҳои фолклории адабиёти тоҷику форс аз он ҷумла, бовару эътиқодот, асотир ва суннатҳои фарҳангӣ, пардохта,зимнан аз ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон ва Сада ёдовар шудааст. Унсурҳои таркибии таҷлили Наврӯз дар рӯзгори тоҷикони тоинқилобӣ оташафрӯзӣ, ороиши хона бо сабза, чидани гулҳо, ордпошӣ ба меҳмонон, ба якдигар ҳадя кардани тухмҳои рангшуда, обпошӣ ва ғайра будаанд. Соли 1957 рисолаи илмии М. Раҳимов «Земледелия таджиков бассейна Р. Хингоу в дореволюционный период» аз чоп баромад, ки он яке аз аввалин монографияҳои мардумшиносӣ дар илми тоҷик ба ҳисоб меравад. Муаллиф дар боби панҷуми китоб оид ба ҷашну маросимҳои кишоварзии тоҷикони кӯҳистон маълумот дода, мавқеи Наврӯзро дар ҳаёти мардум, махсусан, деҳқонон ва алоқамандии онҳо бо корҳои кишоварзӣ муфассал баён кардааст. Ӯ навиштааст: «Соли нав» ё «Сари сол»- оғози сол ва иди анъанавии кишоварзӣ буда, хусусияти оммавӣ ва халқӣ дорад ва тоҷикони ҳавзаи дарёи Хингоб онро бо тантана таҷлил менамуданд. Замонии ҷашнгирии он ба рӯзи эътидоли баҳорӣ рост омада, дар шароити Ҳавзаи дарёи Хингоб ба саршавии корҳои деҳқонӣ мувофиқ мебошад».
Дар солҳои 50-уми садаи 20 дар баробари рисолаву мақолаҳои илмӣ дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ низ матолиби гуногун, аз он ҷумла, мақолаҳои тасвирӣ, хабарӣ ва шеърҳо дар васфи Наврӯз ва зебоиҳои фасли баҳор ба чоп мерасиданд. Чунончи, мақолаи илмӣ бо унвони «Идиҳои табрикотии бачагон мактабҳои кӯҳнаи Бухоро» ба қалами муаррих ва мардумшиноси рус А. А. Семёнов тааллуқ дорад, ки дар маҷаллаи илмии «Ахбори Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон» (1956, шумораи 10-11) ба табъ расидааст. Дар он таронаҳои идонаи бачагона ба муносибати идҳои Наврӯз ё Соли нав, Қурбон ва рамазон оварда шуда, муаллиф шаклу мундариҷа ва мавридҳои иншову тақдими идҳо ба волидайн шарҳ дода аст. Аз он ҷумла, дар мақола 9 адад рубоиву дубайтии наврӯзӣ ҷой дода шудаанд, ки ба қавли муаллиф, онҳо дар қоғази сабз нависта мешуданд. Дар мақолаи М. Забирзода бо номи «Чанд сухан дар бораи Наврӯз» оид ба ҷанбаҳои нуҷумӣ ва табии Наврӯз, анъанаи идинависӣ, мусобиқаҳои варзишии гуштӣ, ҷавгонбозӣ, бӯзкашӣ, бозиҳои бачагонаи баҳории қалъагирак, ҳойравӣ (арғунчакбозӣ) ва ғайра, ки дар рӯзҳои иди Наврӯзи тоҷикони кӯҳистон барпо мешуданд, маълумоти мухтасар дода шудааст. Инчунин дар мақола суруди «Баҳория», 8 адад рубоӣ, 2 байт ва як порча аз ғазали Бедил, ки ҳама ба тавсифи Наврӯзу фасли зебои баҳор бахшида шудаанд, оварда шудаанд. Муаллиф Наврӯзро иди халқӣ хонда, таъкид кардааст, ки он ба ҳеҷ дину мазҳаб вобаста нест. «Ин ид-иди умумихалқии меҳнат, иди Баҳорон аст.» Дар он солҳо муаллифон саъй мекарданд, ки дар мақолаҳои худ ҳатман якчанд шеъру таронаи Наврӯзиро ҷой диҳанд. Соли 1960 фолклоршиносон Р. Амонов ва С. Норматов маҷмӯаи «Таронаҳои наврӯзи»-ро дар ҳаҷми 118 саҳифа тартиб додаанд, ки дар он шеърҳои бахшидашуда ба рӯзгори нави замони сотсиалистӣ аз эҷодиёти шоирони халқӣ ҷой дода шудаанд. Дар ин маҷмӯа шеърҳои «Наврӯз» ва «Баҳори нав муборак бод» низ ҳамчун назира ба сурудҳои халқии мавсимӣ ва баъзе рубоиёт дарҷ гаштаанд.
Дар маҷмӯаҳои фолклории тартибдодаи Р. Амонов «Эҷодиёти даҳнакии аҳолии Кӯлоб» (1956, ва нашри дувум, 1963,) «Намунаи фолклори диёри Рӯдакӣ» (1958, нашри дувум, 1963, ҳаммуалиф М. Шукуров), «Фолклори сокинони саргаҳи Зарафшон» (1960) ва дар рисолаи илмии ӯ- «Очеркҳои эҷодиёти даҳнакии аҳолии Кӯлоб « (1963), инчунин дар маҷмӯаҳои «Намунаҳои фолклори Дарвоз» (муратиб А. З.Розенфелд, 1962) ва «Фолклори Норак» (мураттиб С. Маҳдиев, 1963) якчанд намунаи шеъру таронаҳои наврӯзи, аз он ҷумла, сурудҳои маросими гудгардонӣ-»Гули сиёҳгӯш», «бойчечак», «Бойкандак», «Соли нав», «Баҳорон шуд», идҳои наврӯзӣ ва якчанд дубайтиву рубоӣ ҷой гирифтаанд, ки аз иди ҳақиқии мардумӣ будани Наврӯзро нишон медиҳанд.
Р. Аҳмадов яке аз нахустин олимони наврӯзшинос буда, ба гирдоварии мавод ва таҳқиқу таблиғи ҷашни Наврӯз солҳои тӯлонӣ машғул шудааст. 22 марти соли 1960 дар рӯзномаи «маориф ва маданият» мақолаи ӯ «Иди Наврӯз» ба табъ расид, ки дар он нисбат ба дигар мақолаву хабарҳо пурмуҳтавотар буд. Муаллиф дар ин мақола нахуст аз «Ёддоштҳо « -и устод С. Айнӣ иқтибос оварда, таъкид менамояд, ки иди Наврӯз оғози соли нав ва шурӯи киштукори баҳорӣ мебошад. Сипас дар бораи ҷанбаҳои нуҷумӣ ва таърихии Наврӯз сухан рафта, муаллиф ба беҳтарин суннатҳои ниёгон ишора кардааст. Ҳамин тариқ, Аҳмадов Р. дар охири мақола ба таври хулоса қайд кардааст, ки «Халқи тоҷик дар маданияти чандинасраи аҷдодонамон маданияти миллишаклу сотсиалистимазмун бунёд намуд, ки дар он ҳанӯз унсурҳои бисёре аз расму оин ва урфу одатҳои миллӣ мавҷудияти худро давом дода истодаанд».
Солҳои 60-уми асри гузашта дар байни зиёиёни тоҷик, бахусус дар адабиёт ва саҳифаҳои матбуот ҷунбишҳои фикрӣ, андешаҳои ҳувиятшиносӣ ва миллатдӯстӣ ба вуҷуд меоянд ва таваҷҷуҳ ба арзишҳои адабию фарҳангии миллӣ меафзояд. Аз он ҷумла, дар шинохти ҷашни Наврӯз ва одобу русуми он мақолаҳои мухталиф яке паси ҳам дар саҳифаҳои матбуоти тоҷик нашр гардида, ҳамин тариқ, олимону адибон ва рӯзноманигорон ба ҷомеаи тоҷикон арзишҳои миллии худро муаррифӣ карда, ҳисси худшиносии онҳоро бедор менамоянд.
Рӯзномаи «Маориф ва маданият» дар он солҳо бо сарварӣ ва эҳтимоми сармуҳаррири он Бӯринисо Бердиева ба минбари озодандешон ва миллатдӯстон табдил ёфта буд. Яке аз мавзуъҳои меҳварӣ дар рӯзнома инъикос намудани Наврӯз ва суннатҳои он ба шумор мерафт. Б. Бердиева, ки худ яке аз рӯзноманигорони миллатдӯст буд, бо кӯшишу ҷасорат аз Наврӯз дар кулл аз фарҳанги миллӣ пуштибонӣ мекард. Баъдҳо ин бонуро «Қаҳрамони Наврӯз» ва рӯзноманигорону шоирон дар васфи ӯ мақолаву шеърҳо навиштаанд.
Тартибдиҳӣ ва интишори маҷмӯаи шеърҳо низ яке аз тадбирҳои таблиғу тавсифи Наврӯз дар солҳои 1960-70 ба шумор мерафт. Пас аз маҷмӯаи тартибдодаи Р. Амонов ва С. Норматов соли 1968 маҷмӯаи ашъори шоирони маъруф, монанди Б. Раҳимзода, Ғ. Мирзо, Б. Собир, Лоиқ, Гулназар ва дигарон бо номи «Наврӯзӣ» аз тарафи нашриёти «Ирфон» аз чоп баромаданд. Баъд аз як сол шоирон Лоиқ ва У. Раҷаб маҷмӯаи дигареро бо номи «Наврӯзӣ» тартиб доданд ва дар он шеърҳои наврӯзиро аз осори шоирони классики тоҷику форс иннтихоб намуда, ба чоп расониданд.
Маҷмӯаи дигари шеърҳои наврӯзии шоирони мусоири тоҷик бо унвони»Наврӯзӣ» соли 1968 чоп шудааст, ки дар он аз эҷодиёти Б. Мирзо, Ф. Ансорӣ, Лоиқ. Б. Собир, Гулназар, М. Бахтӣ, М. Фарҳат шеърҳо дар васфи Наврӯз ва Баҳор дарҷ шудаанд. Муҳаққиқи фолклори бачагона Б. Шермуҳаммадов дар рисолаи «Назми халқии бачагони тоҷик» (1973) боби дувумро ба фолклори мавсимии баҳорӣ бахшида, дар саҳифаҳои он намунаҳои зиёди шеъру таронаҳои бачагонаро дар васфи баҳор ва Наврӯз ҷой додааст. Аз он ҷумла, сурудҳои «Соли нав», «Гули сиёҳгӯш», «Бойчечак», «Баҳор омад», «Килоғузғуз» якҷо бо шарҳи анъанаҳои гулгардонӣ, сайрҳои баҳории Наврӯзӣ-сайрҳои Сари Сол, Оби Раҳмат, Гули сурх, бозиҳои бачагонаи Наврӯзӣ, хурокҳои хоси Наврӯз-суманак, ҳалиса бо таронаҳояшон дарбоби дуюм зикр шудаанд. Муаллиф таъкид мекунад, ки бо омадани Наврӯз, пеш аз ҳама, бачаҳо хурсандӣ мекунанд, писарон пеш аз ид мӯйи сар метарошиданд, духтарон сар мешустанд, ба даст ҳино мебастанд, ба абрӯ усма мемолиданд. Рӯзи ид либосҳои наву тоза пӯшида, таронаҳои идӣ мехонданд ва аз калонсолон ҳадяи идона мегирифтанд, сипас бо калонсолон ба сайргоҳ мерафтанд.
Соли 1978 китобчаи Р. Аҳмадов «Наврӯзи хуҷастапай» ба нашр расид, ки он иборат аз маълумоти мухтасари таърихӣ оид ба наврӯз, тасвирҳои этнографии одобу русуми Наврӯз дар байни тоҷикон, аз он ҷумла, гулгардонӣ, ҷуфтбаророн, суманакпазӣ, инчунин намунаҳои фолклорӣ иборат мебошад. Ҳамин гуна китобча соли 1985 ба забони русӣ ба нашр расидааст, ки ба қалами М. Мирраҳимов таалуқ дорад. Муаллифи он бо такя ба сарчашмаҳои таърихӣ, аз он ҷумла, «Осору-л-боқияи»-и Берунӣ, «Наврӯзнома»-и Хайём, «Қадимтарин ахбори сарчашмаҳои арабӣ оид ба ҷашнгирии Наврӯз дар замони Сосониён»-и К. А. Инострансев ба хонандагон маълумот додааст.
Рисолаи дигари илмӣ, ки ба қалами А. Неъматӣ таалуқ дорад, бо унвони «Ҷашнҳои тақвимии кишоварзии тоҷикон ва ниёгони онҳо» соли 1989 ба забони русӣ аз чоп баромад. Муаллиф дар он оид ба таърихи ҷашнҳои тақвимии кишоварзии тоҷикон, аз ҷумла, Сада, Наврӯз Меҳргон ва ҷашнҳои дигари эрониёни бостон маълумоти мухтасар додааст. Соли 2016 дар шаҳри Хуҷанд маҷмӯаи мақолаҳо доир ба Наврӯзи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо унвони «Наврӯзномаи Суғд» чоп шуд, ки мураттиби он Н. Нурзод мебошад. Дар маҷмӯа мақолаҳо доир ба Наврӯзи мардумони Хуҷанд, Бӯстон, Исфара, Истаравшан, Фалғар, Деваштич, Зарафшон, Мастчоҳ, ҳамчунин тоҷикони Ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Қазоқистон ва Узбекистон фароҳам омадаанд.
Дар китоби дигар, ки «Наврӯз шиносномаи миллат» (Душанбе:адиб, 2016) ном дорад, матни суханронию табрикоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашнҳои Наврӯзи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ гирдоварӣ шудаанд.
Соли 2018 Муассиаси давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик донишномаи Фарҳанги Мардуми Тоҷикро бо номи Наврӯз ва ҷашнҳои дигар (қ.3) ба чоп расонид, ки дар он оид ба идҳои Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргон маълумотҳои илмии фаровоне дода шудааст.
Дар шинохт ва ҷаҳонӣ гардонидани иди Наврӯз Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми бузург доранд. Маҳз Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути хидматҳои шабонарӯзиашон тавонистанд расму оин ва ҷашнҳои миллиамонро зинда гардонида ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд.
Н.Холназаров, ходими илмии ИОМДОА-и АМИТ
