Наврӯз ҳодисаи астрономиест, ки ҳар сол дар як лаҳзаи дақиқ дар миқёси сайёраи Замин ба амал меояд. Дар соли 2026 ин ҳодиса дар шаҳри Душанбе тибқи ҷадвали астрономӣ рӯзи 20 март, соати 19:45:53 бо вақти маҳаллӣ ба вуқуъ меояд, ки ин ҳодисаро дар илми астрономия бо номи “таҳвили сол” маъруф медонанд. Дар ҳамин лаҳза маркази Офтоб ҳангоми ҳаракати зоҳирии худ дар осмон хати истивои осмонӣ (экватори осмонӣ)-ро убур намуда, мавқеашро аз нимкураи ҷанубӣ ба нимкураи шимолӣ иваз мекунад. Ин нуқтаи хос дар астрономия бо номи эътидоли баҳорӣ маъруф буда, оғози баҳорро муайян менамояд. Дар фарҳанги тоҷикон ҳамин лаҳза ҳамчун Наврӯз пазируфта шуда, рамзи навшавии зиндагӣ ва оғози соли нав ба ҳисоб меравад.
Наврӯз, яке аз қадимтарин ҷашнҳои умумимардумӣ бо таърихи чандинҳазорсолааш, дар олами инсонӣ маъруфият ва эътибори беандоза дорад. Ин ҷашни бостонӣ на танҳо ҳамчун фарорасии фасли баҳор ва оғози ҳаёти нав пазируфта мешавад, балки ҳамчунин рамзи эҳёи арзишҳои фарҳангӣ, астрономӣ ва маънавии халқҳо ба ҳисоб меравад. Наврӯз ба таҳкими робитаҳои байни миллатҳо, тарғиби ҳамбастагӣ ва эҷоди фазои шодиву фараҳ миёни мардуми кишварҳо нақши муҳим мебозад. Халқи тоҷик, бо эҳтироми амиқ ба анъанаҳои ниёгон, ин ҷашни муқаддас ва азизро бо хурсандӣ таҷлил мекунад ва орзуву ормонҳои беҳтарини худро бо Наврӯзи хуҷастапай пайванд медонанд. Аз номи ҷашн бармеояд, ки Наврӯз «рӯзи нав» маънӣ дошта, дар аввали соли нави хуршедӣ ба истиқболи ҳаёти нав ва фарорасии фасли баҳор барпо мегардад. Ҳамин тариқ, Наврӯз ҳам рамзи табиат ва омодагӣ ба ҳаёти нав, ҳам маънои пурзӯр ва фарҳангӣ барои ҳамдилии инсонҳо ва эҳёи арзишҳои фарҳангии гузашта мебошад.
Роҷеъ ба таърихи пайдоишу баргузории ин ҷашни куҳанбунёд дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва бадеӣ маълумоти зиёд зикр гаштааст, ки донишмандони тоҷику эронӣ ва хориҷӣ дар асоси онҳо мақолаҳову рисолаҳои арзишманд таълиф намудаанд. Дар «Наврӯзнома» (Китоби Наврӯзии) Умари Хайём дар давраҳои таърихи шоҳигарии форсҳои давраи Пешдодиён ва дар «Шоҳнома» гузоштаи ин ид алоқа бо шоҳигарии Ҷамшед пайвастагӣ дорад. Агар ба таърих назар афканем, мебинем, ки давраи салтанати Шоҳ Ҷамшед давраи адлу инсоф ва пайдоиши якчанд ҷашнҳои суннатӣ ва оинҳое, ки аз замони Зардушт боқӣ монда буданд, ба пуррагӣ қайд мешуданд. Бояд тазакур дод, ки дар осори бузургони мо низ ба амсоли Абубакри Розӣ, Абурайҳон Берунӣ, Балхӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Истархӣ, Ҳамзаи Исфаҳонӣ, Умари Хайём, Носири Хусрав ва дигарон ба ҷашни қадима будани Наврӯз далолат медиҳанд. Қадамҳои устувор барои ҷаҳонӣ шудани ҷашни ниёгони мо Наврӯз ин бо пешниҳод ва заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, сараввал 30 сентябри соли 2009 аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи ёдгории ғайримоддии фарҳангии башарият, ки дар доираи барномаи ин ташкилоти бонуфуз, тартиб дода шуда ва баъдан 19 феврали соли 2010 дар иҷлосияи 64, аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид -Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон карда мешавад, аз он рӯз то ин ҷониб ҳамасола онро 21 март дар саросари ҷаҳон бо як шукӯҳу шаҳомати тоза ҷашн мегиранд. Доир ба таҷлили Наврӯз Абурайҳони Берунӣ донишманд ва нобиғаи тоҷик дар китоби машҳури худ “Осор-ул-боқия” навиштааст, ки “Рӯзи Наврӯз ягона рӯзест, ки тағйирнопазир аст”.
Дар замонҳои қадим одамон асосан барои таъмини ниёзмандии рӯзгор ва хонаводаи хеш сароғоз ба чорводорию ғаллакорӣ ва корҳои саҳрогӣ машғул буданд. Барои ин одамон тавассути омӯхтани мавқегирии ситораҳо, Офтобу Моҳ нисбати ҷирмҳои дигари осмонӣ, фаслҳои сол, фасли киштукор ва дигар ашёҳои лозимаро муайян менамуданд. Онҳо зимни сафар аз як шаҳр ба шаҳри дигар, баҳрнавардӣ, саёҳат ба мамлакати дигар, тиҷорат ва дигар корҳои рӯзгор, ҳамчунин барои муайян намудани вақт, самти ҳаракат (роҳ) ё ки тарафҳои зарурӣ барои сафар, шабонгоҳ аз мавқеъгирии ситораҳои осмон истифода мебурданд. Барои инсоният талаботи ҳисобкунии вақт дар давраҳои қадим пайдо шудааст. Одамон фосилаҳои вақтро бо ҳодисаҳои такроршавандаи табиат муқоиса мекарданд. Гузариши ҳаёти инсон низ дар вақт ҷараён мегирад. Дар натиҷаи мушоҳидаҳои даврӣ, аввал бо камбудӣ бошад ҳам ҳисоби вақтро фаҳмида буданд. Ҳазорсолаҳо пеш дар ибтидои маданияти инсонӣ тақвимҳои оддитарин, ба монанди ҳисоби панҷрӯза, дар асоси панҷ ангушти дасти инсон сохта шуда буд ва баъдтар вобаста ба даҳ ангуштони ду даст «ҳафтаи даҳрӯза», ки аз даҳ рӯз иборат буд, пайдо шуд. Мардумони давраи баъдӣ дар асоси мушоҳидаҳои ҳаракати моҳтоб дар атрофии Замин ва ивазшавии шакли зоҳирии он, ки мо бо чашми оддӣ дида метавонем, вақтро ҳисоб менамуданд.
Яке аз падидаҳои муҳими астрономӣ, ки ба мавқеи Наврӯз таъсир мерасонад, ин сабаби ҳаракати тақдимӣ, ки аз ҳисоби претсесияи Замин ба амал меояд, нуқтаҳои эътидолӣ дар пасманзари осмони ситоразор ҳамасола ба андозаи 50.3 сонияи кунҷӣ ё тақрибан 0.0140 ҳаракат намуда, дар давоми 25771.6 сол як даври пурра мекунад. Дар натиҷа, Наврӯз ҳар сол нисбат ба соли қаблӣ тақрибан 20 дақиқа ва 24 сония пештар фаро мерасад.
Меҳвари гардиши Замин нисбат ба ҳамвории эклиптика таҳти кунҷи тақрибан 23°26′ моил аст. Ин моилӣ сабаби асосии ивазшавии фаслҳои сол мебошад. Ҳангоми расидани Офтоб ба нуқтаи эътидоли баҳорӣ, он дар экватори осмон қарор гирифта, кунҷи байни эклиптика ва экватори осмонӣ дар ин нуқта ба сифр баробар мегардад. Ин лаҳзаи эътидоли баҳориро баъдан Наврӯз номиданд.
Замин ҳангоми ҳаракти солонааш дар осмони ситоразор чор мавқеъгирии хоса дорад нисбат ба Офтоб, ки ду ҳолати он, нуқтаҳои эъдидоли баҳорӣ (20-22 март) ва тирамоҳӣ (22-23 сентябр) буда, ду ҳолати дигари он, нуқтаҳои инқилоби тобистона (20-21 июн) ва зимистона (21-22 декабр) мебошанд. Гарчанде Наврӯз 21 март ҷашн гирифта шавад ҳам, вобаста ба тақвими истифодашаванда расидани Офтоб ба нуқтаи эътидоли баҳорӣ аз 20 то 22 март ба вуқӯъ меояд. Замин дар атрофи Офтоб аз рӯйи мадори эллипс (байзашакл) ҳаракат менамояд, ки сабаби номунтазамии ҳаракати он ё ҳаракати номунтазами Офтоб дар осмони ситоразор аст. Ин сабаби тағйирёбанда будани давомнокии шаборӯзи ҳақиқии офтобӣ мегардад. Замин ҳангоми ба Офтоб наздик будан ними роҳи солонаро дар 179 шаборӯз ва ними роҳи аз Офтоб дурро дар 186 шаборӯз тай менамояд.
Имрӯз Наврӯз ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эътироф гардида, на танҳо дар кишварҳои форсизабон, балки дар саросари ҷаҳон таҷлил мешавад. Он ҳамчун дар худ ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамоҳангии амиқи илм, омили таҳкими сулҳ, ва эҳтироми фарҳангҳоро таҷассум мекунад. Аз як тараф, он бо қонунҳои дақиқи механикаи осмонӣ ва ҳаракати Замин вобаста аст, аз ҷониби дигар, ҳамчун мероси маънавии инсоният арзиши беназир дорад. Лаҳзаи фарорасии он — 20 марти соли 2026, соати 19:45:53 (Душанбе) — на танҳо оғози баҳор, балки оғози як давраи нави ҳаёт, умед ва созандагӣ мебошад.
Муаллифон: н.и.ф.-м., Исмоилзода Ҷонмуҳаммад Абдулло, ходими илмӣ
Латипов Манучеҳр Нураҳмадович Институти астрофизикаи АМИТ

