Перейти к основному содержанию

Санаи 2-уми апрели соли 2026 дар Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид.

Чорабиниро президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ифтитоҳ намуда, зимни суханронии худ таъкид доштанд, ки Наврӯз яке аз қадимтарин ва пурғановатарин ҷашнҳои тамаддуни башарӣ буда, рамзи эҳёи табиат, оғози зиндагии нав ва пирӯзии некиву рӯшноӣ бар бадиву торикӣ мебошад. Мавсуф зикр намуданд, ки маҳз бо сиёсати хирадмандонаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалӣ касб намуда, имрӯз дар арсаи ҷаҳон ҳамчун рамзи сулҳ, ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмии мардумон пазируфта шудааст.

Сипас, директори Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви АМИТ, н.и.ф.м. Раҳимзода Алишер Орзу суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки Наврӯз ҷашни покизагӣ, дӯстӣ ва эҳёи арзишҳои миллӣ буда, мардумро ба ваҳдат, созандагӣ ва ободкорӣ ҳидоят менамояд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки кормандони соҳаи илм низ дар баробари дигар қишрҳои ҷомеа дар рушди кишвар ва ҳифзи арзишҳои миллӣ саҳми назаррас доранд.

Дар ин айём табиат эҳё гардида, замин қабои сабз ба бар мекунад ва инсон бо рӯҳияи нав ба зиндагӣ қадам мегузорад. Наврӯз бо суннатҳои неки миллӣ, аз ҷумла оростани хони «Ҳафтсин» ва «Ҳафтшин», пухтани суманак, баргузории бозиҳои миллӣ ва эҳтироми арзишҳои фарҳангӣ, шукӯҳи хоса дорад.

Ҳамзамон, саҳни Институт бо шиору овезаҳои наврӯзӣ, намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили чакандӯзӣ, атласу адрасбофӣ, асбобҳои мусиқии миллӣ ва оростани дастархони наврӯзӣ, аз ҷумла «Ҳафтсин» ва «Ҳафтшин», зебу зинат дода шуда, ба маърази тамошобинон гузошта шуд.Дар чорабинии идона олимону кормандон ва меҳмонон фаъолона иштирок намуда, барномаи фарҳангӣ фазои идонаро боз ҳам рангин намуд.

Дар фарҷоми чорабинии тантанавӣ як қатор кормандони фаъол ва меҳмонони гиромӣ барои саҳми арзанда дар ташкил ва баргузории чорабинии наврӯзӣ, иштироки фаъолона ва ҳисси баланди масъулиятшиносӣ бо ифтихорнома ва сипосномаҳои Институт сарфароз гардонида шуданд. Ҳамзамон ба ҳамаи иштирокчиён барои саҳмгузорӣ дар ободонӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ изҳори сипос ва миннатдорӣ баён гардид.