Перейти к основному содержанию

Имрӯз, 22 июн дар Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ифтихори 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 29 – солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ ҳамоиши илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Ваҳдати миллӣ – кафили мондагории миллат ва истиқлоли давлатӣ” баргузор гардид.

Дар ҳамоиш президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт таъкид дошт, ки Ваҳдати миллӣ ва истиқлоли давлатӣ ду арзиши аз ҳама муҳими ҷомеаи инсонӣ ба ҳисоб мераванд, ки яке бе дигаре қиммате надорад. Таҷрибаи таърихии аксар халқияту миллатҳо ва вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ собит менамояд, ки истиқлоли давлатӣ, озодӣ, соҳибихтиёрӣ ва ба ин монанд падидаҳои нодир дар заминаи ягонагӣ, якдилӣ ва дар умум ваҳдат ба вуҷуд омада, дар роҳи рушд устувориашон таъмин мегардад.

Таъкид гардид, ки ваҳдат калиди тамоми орзуву омол ва ормони ҳазорсолаи миллату халқиятҳо ба ҳисоб рафта, маҳз дар заминаи ин рукни муқаддас метавон ба тамоми мақсадҳо ноил гардид. Ҳам таҷрибаи миллати тоҷик ва ҳам дигар халқҳо бори дигар дар давраи нави таърихӣ исбот намуд, ки бе ваҳдат нигаҳдошти истиқлоли миллӣ ва давлатӣ ғайримкон аст.

Дар идомаи ҳамоиш таъкид гардид, ки халқи тоҷик маҳз ба шарофати ба даст овардани сулҳу субот ва таҳкими ваҳдати миллӣ тавонист давлати соҳибистиқлоли худро аз хатари парокандагӣ эмин нигоҳ дошта, барои рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва илмӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварад.

Қайд гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ ва эҳёи давлатдории навини тоҷикон нақши калидӣ ва хизматҳои шоиста доранд.

Гуфта шуд, ки маҳз бо талошҳои пайгирона, иродаи матин ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар кишвар барқарор ва таҳким ёфта, барои бунёди давлатдории муосири тоҷикон, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд гардидани нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ заминаи воқеӣ фароҳам оварда шудааст

Зикр гардид, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари сулҳхоҳу ташаббускор шинохта шуда, дастовардҳои назаррас дар самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа маҳсули сиёсати хирадмандона ва ваҳдати пойдори миллӣ арзёбӣ мегарданд.

Иброз гардид, ки ҳифзу таҳкими ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар буда, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои давлатӣ ва арҷгузорӣ ба сулҳу субот аз масъалаҳои муҳими рӯз ба ҳисоб меравад. Зеро танҳо дар фазои орому осуда метавон ба ҳадафҳои стратегии давлат, аз ҷумла таъмини рушди устувор, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таҳкими нуфузи байналмилалии Тоҷикистон ноил гардид.

Дар фарҷоми ҳамоиш таъкид гардид, ки Ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ ва омили асосии бақои давлатдории миллӣ минбаъд низ бояд ҳамчун сарвати бебаҳои миллат ҳифз ва таҳким бахшида шавад.