Перейти к основному содержанию

МАҚОЛАИ БЕҲТАРИН:“Саҳми Ибни Сино дар ташаккули тибби қадим ва муосир: осори илмӣ, таҷриба ва назария”

Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ба ифтихори солгарди бузургдошти алломаи Шарқ Абуалӣ Ибни Сино озмуни мақолаи беҳтарин таҳти унвони “Саҳми Ибни Сино дар ташаккули тибби қадим ва муосир: осори илмӣ, таҷриба ва назария”- ро эълон менамояд.

Озмуни мазкур дар қаламрави Федератсияи Россия ва берун аз он баргузор карда шуда, дар он намояндагони касбу кори гуногун, алоқамандони осори Ибни Сино, табибон, ҳамшираҳои шавқат, ординаторон, донишҷӯёни равияи тиббӣ ва олимону муҳаққиқони соҳаи тиб иштирок карда метавонанд.

Бо мақсади муайяннамудани беҳтарин мақолаҳои илмӣ-публисистӣ дар бораи ҳаёт ва фаъолият, осори эҷодӣ, амалияи фаъолияти тиббӣ, назарияи фалсафӣ ва илмии Ибни Сино дар иртибот ба саҳми арзишманди Абуалӣ Ибни Сино дар соҳаи тибби ҷаҳонӣ Кумитаи тадорукот таъсис дода шуда, қабули мақолаҳо то 13 августи соли 2024, соати 18:00 ба вақти Москва тавассути суроғаи электронии tojikon.pressa@list.ru қабул карда мешаванд.

Мақолаҳои пешниҳодгардида бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар шакли электронӣ бо ҳуруфи Times New Roman Tj, андозаи ҳуруфи 14, дар ҳаҷми на кам аз 4 саҳифаи компютерӣ то 13 августи 2024 қабул карда мешаванд.

Ғолибони озмуни мазкур муайян карда шуда, аз ҷониби Шӯрои ҷамъиятӣ бо диплом, туҳфаҳои пуливу хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Ҷойи 1 барои ғолибон 30 ҳазор рубл дорад

Ҷойи дуюм 20 ҳазор ва ҷойи сеюм 15 ҳазор рубл барои мақолаҳои илмӣ

Ба ҳамин зайл барои мақолаҳои публисистӣ

Барои тамос:

+7 929 554-83-28 Салимзода Каримҷон