Skip to main content
Инсоният дар кадом ҳолате, ки набошад, дар ҷое, ки зиндагӣ кунад, чи хурду бузург ба табиат ва ҳастиҳои он эҳтиёҷ дорад. Бе ҳастиҳои табиат ҳаёт дар ягон давру замон пойдор буда наметавонад, зеро ҳастии ҳар як ҷисми зинда ба об, хок, боду ҳаво, гулу гиёҳ, набототу ҳайвонот ва растаниҳо сахт алоқаманд аст. Бе об ҳаёт нест. Об ҳастии ҳаёт аст. Ягон гулу гиёҳ, набототу растанию ҳайвоноти зинда бе истифодаи об буда наметавонад. Сабзишу расиши ҳар як мавҷудот ба об вобаста аст.

Хок чун ҳастии бузурги табиат, эҳёгари тамоми мавҷудоти олам аст. Ин сарвати бузург имконият медиҳад, ки ҳамаи ҳастиҳо аз онпкрбор гардида тамоми растаниҳо дар он рӯянду сабзанд, ба воя расида, гулу мева ва бор оранд. Ҳамчун пурбардортарин маъхази бузург тамоми хубию зиштиҳо ва ифлосиҳо ҳатто ҷисмҳои фавтидаи одамону ҳайвоноти талафёфта низ дар қаъри замин ниҳонанд, ки моро аз вайрон намудани боду ҳаво эмин медоранд.

Боду ҳавои тозаву озода манбаи осоиш самимии ҷисмҳои зиндаи рӯи замин аст. Аз ҳавои тоза нафаси озодаву бароҳат мегирем, нашъунамо меёбем, тансиҳату осуда зиндагӣ мекунем. Бад будани ҳавою муҳити атрофро ба бемориҳо оварда мерасонад. Ҳастиҳои табиати атроф низ ба тозагии боду ҳаво ниёз доранд. Бо сардии ҳаво дар хоби ноз мераванду бо фаро расидани фасли баҳори дилангез аз нав бедор мегарданд.

Сарватҳои зеризаминӣ низ яке аз захираҳои бузурги табиатанд, ки инсоният пайваста аз онҳо истифода мебараду ҳаёги хешро рангину пуртароват мегардонад.

Гулу гиёҳхо ки ҳамагӣ дар ҳолатҳои гуногун ҳамчун манбаи дору истифода мешаванд, аз ҳастиҳои табиатанд. Модоме ки ин ҳама номбаршудаҳо манбаъҳои табиатанду инсониятро бузурги мебахшанд, чӣ гуна метавон барои зиёд намудану озода нигоҳ доштани онон чун фарзанди бузурги инсоният бетараф буд. Чӣ гуна метавон табиати нодирро чун атои Офаридгори бузург напазируфт. Чӣ гуна метавон дар ободии он накӯшид, ки ҳаёт саросар ба он эҳтиёҷ дорад.

Мутаассифона, дар зиндагӣ нафароне ёфт мешаванд, ки нисбати манбаъҳои табиат беэътиноӣ зоҳир мекунанд. Оби дарёву чашмаҳоро ифлос мегардонанд, дарахтонро решакан, гулу гиёҳҳоро поймол мекунанд. Бо дуди сӯзишвориҳои ғализ ҳавои гирду атрофро ифлос мегардонанд, ҳайвонотҳои ваҳширо, ки дар ҷангалзорҳо ҳаёт ба cap мебаранд, насли онҳоро аз байн мебаранд.

Албатта, ин гуна одамон танҳо барои манфиати худашон ба чунин корҳо даст мезананд, аммо дар бораи рӯ ба талафот овардани табиати атроф фикр намекунанд. Ин гуна одамонро бояд ҳамеша назорат кард ва фаҳмонд, ки нисбати табиат ва боигариҳои он мулоҳизакор бояд бошанд. Зебоии табиат, бузург будани он, самарабахшии ҳар як ҳастии табиат боисӣ ҳаёти осудаҳолона, тозагии муҳит ва зебоии ҳар назари мост.

Агар атроф тозаву озода, муаттару дилнишин бошад, табъи кас низ болидаву хотир осуда мегардад. Набототу растаниҳо, ки асоси зебоии табиатро ташкил мекунанд, ҳамеша ба нигоҳубини дурусти инсоният ниёз доранд. Агар мо ҳамчун инсони комил онҳоро хуб парвариш намоем ва аз зебоиҳои он истифода барем, хотирамонро болида мегардонанд. Агар обҳоро чун сарвати бебаҳо сарфакорона истифода барему тоза нигоҳашон бидорем, манбаи пайдоиши нуру зиё ва зебогии оламу одам мегарданд. Агар захираҳои табиатро муқаддас ҳисобему онҳоро сарфакорона истифода барем, зиндагиамон торафт ободу зебо ва хотирмон дилпазир хоҳад гашт. Агар ҳайвоноти ваҳшию хонагиро хубтару бештар парварем, бештар дар ҳаёти ҳаррӯзаамон мададгорамон хоҳанд гашт.

Хулоса, табиат чун омили бузурги ҳастию ҳаёт дар тамоми давру замонҳо ба дастгирии мо одамон ниёз дорад. Мо низ чун махлуқоти зинда бе ҳастиҳои он озодона умр ба cap бурда наметавонем.

Кишвари азизамон Тоҷикистон бисёр табиати бузургу нодир дорад, ки барои васфаш китобҳо лозим меоянд. Табиати атрофро ба чатри сояафкани бузург метавон ташбеҳ дод, ки инсониятро аз гармову боришоти зиёд эмин медорад, аз бемориҳо дур месозад ва дар паноҳи гулу гиёҳва дарахтони сарбаландаш мепарварад.

н.и.т., Наҷибуллоҳи Рузи - мудири Озмоишгоҳи “Технологияҳои компютери” МД МТТИ АМИТ