Skip to main content
Дар моддаи 1-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта шудааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоҷикистон ҳаммаъноянд.»

6 ноябр барои тамоми мардуми тоҷик яке аз санаҳои тақдирсози миллат мебошад. Зеро маҳз дар ҳамин рӯз бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст. Ин сана барои мардуми мо таърихӣ буда, сарнавишти имрӯзу фардои давлатамонро дар худ таҷассум менамояд.

Таърих гувоҳ аст, ки дар Тоҷикистон аз соли 1929 то имрӯз 5 маротиба, яъне, солҳои 1929, 1931, 1937, 1978 ва 1994 конститутсияҳои гуногун қабул гардидаанд. Конститутсияи нави амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз конститутсияҳои гузашта куллан фарқ дошта, меъёрҳои он ба стандартҳои санадҳои меъёри ҳуқуқии байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд.

Боиси ифтихор аст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлолро кишварҳои ҷаҳон ҳамчун давлати озод, ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ шинохта, эътироф мекунанд. Таҳкими сулҳу субот, пайи ҳам бунёд шудани корхонаҳои саноатии хурду азим, муассисаҳои фарҳангию тиҷоратӣ, рушди соҳибкорӣ, афзудани иқтидори иқтисодӣ, рамзҳои давлатӣ, таъсиси пули миллӣ боварию эътимоди моро ба ояндаи дурахшонзиёд гардонданд.

Аз вақти қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишварамон дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Тайи ҳамин солҳо музокироти тӯлонии миёни тоҷикон, ки мақсад аз он таъмини сулҳу субот ва оромию баҳамоии тарафҳо буд, шурӯъ шуда, 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид.

Созишнома дар баробари ҳаллу фасли як қатор масъалаҳои мубрами рӯз, ворид намудани тағйироту иловаҳоро ба Конуститутсия пешбинӣ намуд.
Пешрафти ҳаёти ҷомеа талаб менамуд, ки муқаррароту меъёрҳои конститутсионӣ такмил дода шуда, ба талаботи давру замон мувофиқ гардонда шавад. Тавре Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ соли2003 иброз намуда буданд: «…меъёрҳои Конститутсия бояд ба инкишофи равандҳои демократӣ дар ҷомеа ва танзими муносибатҳои нави иқтисодӣ мусоидат намоянд. Бояд тазаккур дод, ки соли1999 на ҳамаи камбудию нуқсонҳои Конститутсия ислоҳ гардида, норасоиҳои дар матн ҷойдошта бартараф карда шуданд».

Табиист, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо ба сифати қонуни асосии давлат, балки ҳамчун санади таъсиснамоие, ки барпогардидани давлати навинро аз лиҳози ҳуқуқӣ эълон менамуд, қабул гардид. Дастоварди бузург дар даврони Истиқлолият ин дар сатҳи Конститутсия эътироф гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Аз ин рӯ дар Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба панҷ гурӯҳ тақсим мешавад: ҳуқуқҳои шахсӣ, ҳуқуқҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ. Маҳз тамоми ҷанбаҳои ҳуқуқиро Конститутсияи соҳибистиқлоли Тоҷикистон фаро гирифтааст.

Конститутсия шоҳсутуни асосии миллат ва тақдирсози имрӯзу фардои давлати Тоҷикистон ва миллати тоҷик маҳсуб ёфта, ҳифз ва риояи он ба ҳар як фард қарзи шаҳрвандӣ аст. Конститутсия санади воқеан муҳими таърихиву муқаддаси ҳар давлату миллат ва танзимкунандаи тамоми муносибатҳои муҳими ҷомеа мебошад.

Табиист, ки Конститутсияи мамлакат муаррифии давлати мустақили Тоҷикистон буда, бевосита муҳайёсозандаи ормонҳои деринтизори миллати соҳибтамаддуни мо маҳсуб мешавад. Имрӯз бо итминони комил гуфта метавонем, ки Конститутсияи мо ба эътибори коршиносони мутамаддини ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ аз зумраи Созмони Милалӣ Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, яке аз намунаҳои беҳтарини Конститутсияҳои демократии ҷаҳонӣ ба шумор меравад.

Аз ин рӯ мардуми Тоҷикистон дар муқаддимаи худ ба қабули Конститутсияи кишвар изҳор доштаанд: «Мо, халқи Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем».

Дар воқеъ, қабули Конститутсияи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти бузӯрги назариявӣ ва амалию сиёсиро ба худ касб намудааст.

Хусусан боби 2-юми Конститутсия ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст, ки бевосита аз эҳтироми баланди давлат нисбат ба инсон ва ҳамчун сарчашмаи олии олами ҳастӣ шуморидани инсон аз ҷониби давлат арзёбӣ мешавад.

Бояд зикр намуд, ки дар Конститутсия инсон ва ҳуқуқу озодиҳои вай ба сифати арзиши олӣ эҳтиром мегарданд. Ҳуқуқи инсон дар ҳимояи қонун қарор дошта, шахс аз ҳуқуқ ба соҳиби моликият будан, ҳуқуқ ба истироҳат, муҳоҷират, ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ ва ёрии тиббӣ, кафолати таъмини иҷтимоӣ дар пиронсолӣ, ҳуқуқ ба маълумот, иштироки бевосита дар фаъолияти илмӣ, педагогӣ эҷодӣ ва ҳуқуқ ба муҳоҷирату озодона интихоб намудани макони зист истифода менамояд.

Дар низоми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ мавқеи маҳсус доранд. Дар муқоиса ба дигар гурӯҳи ҳуқуқу озодиҳо, ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ асосан барои шаҳрвандони ҷумҳурӣ таъин гардидаанд. Хусусан иштироки озоди шаҳрвандон дар раванди сиёсӣ, идораи корҳои давлатӣ, дар раъйпурси иштирок намудан, интихоб кардан ва интихоб шуданро кафолат медиҳад. Дар баробари ин одамон имконият доранд, ки дар маҷлисҳо, ҷамъомадҳо, намоишҳо иштирок намоянд. Ин ҳолат аз он шаҳодат медиҳад, ки ин гурӯҳи ҳуқуқу озодиҳои асосӣ бо сохтори давлатӣ, ташкили мақомоти давлатӣ, вазъи ҳуқуқии инсон, моҳияти идораи давлатӣ ва сохтори ҷомеа алоқаманд аст.

Муҳимияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин боз дар он ифода меёбад, ки тибқи моддаи 34- Конститутсия модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд. Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул мебошанд. Давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд. Аз ин ҷост, ки падару модаронро ба хотири нигоҳдошти урфу одат, ҳастии миллат ва бунёди ҷомеаи солим дар таълиму тарбияи фарзандон масъул ва фарзандони болиғу қобили меҳнатро дар нигоҳубин ва таъмини падару модар ҳангоми барҷомондагӣ ва пиронсолӣ муваззаф гардонидааст, ки ин рамз яке аз арзишҳои муҳимтарини миллии мардуми тоҷик маҳсуб меёбад

Ҳамин тавр, Конститутсияи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 33 соли арзи вуҷудаш барои устувор гардонидани пояҳои давлату давлатдорӣ, қонуният, волоияти қонун ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон хизмат карда, ҳамчун бахтномаи миллат, гувоҳномаи давлати соҳибистиқлол ва рисолаи тақдири кишвар буда, ба шарофатии он ҷаҳониён Ҷумҳурии Тоҷикистонро чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмиллалӣ, кишвари татбиқкунандаи сиёсати дарҳои кушода ва халқи Тоҷикистонро чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ шинохтаанд.

Салимова Соро Шералиевна - ходими илмии озмоишгоҳи “Фармакология”-и Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АМИТ

Гузашти солҳо собит намуд, ки роҳи пешгирифтаи мардуми соҳибфарҳангу тамаддунсози тоҷик ҷиҳати бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ, ки дар Конститутсияи давлати соҳибихтиёри тоҷикон дарҷ шудааст, ягона роҳи дуруст ва таҷассумкунандаи манфиатҳои миллӣ, таконбахши рушди бонизоми давлат ва таъминсозандаи зиндагии орому босуботи ҷомеа мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади асосии давлат маҳсуб ёфта, қувваи олии юридикӣ дорад ва асосҳои сохти сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодиву иҷтимоии давлатро муқаррар мекунад. Ҳамчунин, конститутсия принсипҳои ташкилёбии фаъолияти мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, ҳуқуқу вазифаҳои шаҳрвандон, системаи интихобиро ба тариқи қонун мустаҳкам намуда, барои қонунгузории ҷумҳурӣ заминаи ҳуқуқӣ гузоштааст.

Баъди барҳам хӯрдани сохти давлатдории шӯравӣ зарурати таҳияи қонунҳои нав, пеш аз ҳама, қабули Конститутсияи нав ба миён омад. Зеро дар он замон маълум набуд, ки мо кадом роҳи рушди ҷомеа ва кадом шакли идораи давлатро интихоб менамоем. Бинобар ин, бо роҳбарии Раиси Шӯрои Олӣмуҳтарам ЭмомалӣРаҳмон Комиссияи конститутсионӣ таъсис ёфта, он лоиҳаи Конститутсияи навро таҳия намуд ва 6 ноябри соли 1994 тавассути овоздиҳии умумихалқӣКонститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

Тибқи Конститутсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон гардид. Ин имкон дод, ки Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваста, дар арсаи байналмилалӣ онро эътироф намоянд.

Конститутсияи Тоҷикистон ба сифати Қонуни асосӣ заминаҳои ҳуқуқии давлат, дахлнопазирӣ ва якпорчагии кишвар, манфиатҳои миллӣ, ҳадафҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ ва асосҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистонро муайян сохт.

Дарвоқеъ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин санади олии ҳуқуқӣ, аз ҷониби коршиносон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, мутахассисони Федератсияи Россия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва кишварҳои Аврупо баҳои баланд гирифта, яке аз панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо эътироф шудааст.

Мо дар даврони истиқлол, бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд, бо такя ба Конститутсияи худ давлате бунёд намудем, ки дар он сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ пойдор буда, мардум ба имрӯзу ояндаи худ дилпурона назар мекунанд ва дар фазои сулҳу оромӣ зиндагӣ ба сар мебаранд.

Бовар дорам, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар оянда низ саъю кӯшиш мекунанд, ки бо заҳмати содиқонаву аҳлона дар ободиву пешрафти Ватани азизамон, тараққиёти давлат ва боз ҳам беҳтар гардидани шароити зиндагии ҳар як оила саҳми арзишманд гузоранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Мавқеи асосиро дар Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ташкил медиҳанд, зеро риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд кафилидавлатдории ҳуқуқбунёду демократӣ мебошад. Махсусан, пас аз тағйиру иловаҳое, ки аз26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли2003 ва22 майи соли 2016 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсия ворид карда шудаанд, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бо инобати манфиати онҳо такмил дода шудаанд. Тибқи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд» (м.5).

Конститутсия яке аз нишонаҳои муҳимтарини соҳибихтиёрии давлат маҳсуб гашта, хусусиятҳои хоси давлатдории миллии соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро таҷассум менамояд ва дар худ моҳияти тамоми соҳаҳои ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии давлату ҷомеаи тоҷиконро ифода менамояд.

Бояд ёдовар шуд, ки Конститутсияи ҶумҳурииТоҷикистон сарчашмаи ҳама муносибатҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ буда, риояи кардани он аз тарафи ҳамаи шаҳрвандони кишвар ҳатмӣ арзёбӣ мегардад.

Шарипова Н.Т. Лаборанти калони ШФКА – и Институти астрофизикаи АМИТ

(Ба муносибати 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ 6 ноябри соли 1994 дар таърихи навини давлатдории тоҷикон рӯйдоди муҳимми сиёсию ҳуқуқӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ ба вуқуъ пайваст, ки он дар саҳифаи рӯзгори мардуми тоҷик бо хатти заррин ҳамчун Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт гардидааст.

Дар моддаи аввали Конститутсияи ватанӣравшан эълом шудааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад бояд қайд намуд, ки ин ҳадафи муҳимми сиёсию давлатӣ, пеш аз ҳама, аз ҳадафҳои Иҷлосияи таърихии XVI - уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки оғози марҳалаи таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ дар кишвар маҳсуб мешавад, сарчашма гирифтааст.

Конститутсия, ҳамчун санади таърихӣ, воқеан ҳам омили муҳимми муттаҳидкунанда, ҳимоякунандаи сулҳу субот, оромӣ ва ризояти шаҳрвандӣ дар ҷомеа мебошад. Аз тарафи дигар, Конститутсияи ватанӣ сарнавишти миллатро рақам зада, дар он тамоми паҳлуҳои ҳаёт ва фаъолияти инсон, сохторҳои давлатӣ ва ҷамъияӣ инъикос ёфтааст ва аз тариқи ин санади асосии ҳуқуқӣ роҳи рушду пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои садсолаҳо муайян гардидааст.

Бояд ёдовар шуд, ки дар муҳокима ва қабули Конститутсия саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле назаррас аст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди Конститутсия чунин гуфтаанд: «Ҳадафи сиёсии мо барпо кардани давлати демократию ҳуқуқбунёд аст. Дар ин ҷода, Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади воломақоми миллат ва шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат раҳнамои ҳамешагии мо хоҳад буд». Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Конститутсияи ватанӣ тавонистааст ифодагари манфиатҳои халқи тоҷик бошад ва тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ дар шароити ҷаҳоншавӣ муаррифӣ бисозад. Он барои сулҳу субот ва ба Ваҳдати миллӣ расидани тоҷикон нақши муҳим бозидааст. Ин хуҷҷати тақдирсоз аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ дар шумори панҷКонститутсияи беҳтарин ва мардумитарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣдар Аврупо номбар гардидааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита бо Конститутсияи ватанӣ чунин ибрози назар намудаанд: «Эътирофи соҳибихтиёрии давлати Тоҷикистон ба воситаи Конститутсияи он, бешубҳа, аз ҷумлаи арзишҳои гаронбаҳои миллат мебошад, зеро маҳз соҳибихтиёриву истиқлолият барои миллат имконияти интихоби озодонаи роҳи пешрафти мустақилонаро фароҳам оварда, халқро ба ҷаҳониён ҳамчун соҳибдавлату соҳибқудрат муаррифӣ карда истодааст». Бо мурури замон ва вобаста ба тақозои раванди ҷаҳонишавӣ ба ин санад се маротиба тағйиру иловаҳои зарурӣ ворид (26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016). карда шуданд

Тайи 30- соли вуҷуду ҳузури Конститутсияи ватанӣ дар фазои Тоҷикистони соҳибистиқлол муносиботҳои гуногунҷанба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, кишварҳои дуру наздик ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ аз қабили Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои зертобеи он, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва амсоли инҳо таҳкиму тақвият ёфтаааст инчунин раванди ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар арсаи байналмилалӣ идома дорад.

Муҳимтар аз ҳама, дар асоси ин санади таърихсоз нахустин маротиба дар фазои сиёсии мамлакат парлумони дупалатагӣ таъсис дода шуд, ки пайваста дар такмили қонунгузории кишвар нақш мебозад. Ин аст, ки бояд ба Конститутсияи кишварамон ҳамчун муқаддасоти миллӣ арҷгузорӣ намоем ва меъёрҳои онро, ки барои рушду суботи кишвар равона шудааст, риоя намоем. Дигар ин ки халқи тоҷик, бо такя ба Конститутсияи ватанӣ кишвари демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ барпо намуда, дар талоши ҳифзи манфиатҳои худ ба муваффа-қиятҳои беназир ноил гардидааст.

Лозим ба ёдоварист, ки дар кишвар волоияти қонун, яъне озодӣ ва баробарҳуқуқии шаҳрвандон, дӯстии тамоми миллату халқиятҳо, таъмин гардида, дар маҷмуъ, ҷомеаи навини адолатпарвар барқарор карда шудааст. Аммо душманони миллат дар хориҷ аз кишвар дар пайи барангехтани кинаву адоват ва ихтилофоти сиёсию мафкуравӣ буда, бо ҳар роҳу восита мехоҳанд ба баданаи миллату давлат садама ворид созанд. Хушбахтона, миллати тоҷик ва махсусан, насли ҷавони мо бар он мекӯшанд, ки давлатро бо ибтикороти созанда обод созанд ва роҳро барои расидан ба зиндагии шоиста ҳамвор намоянд. Дар чунин вазъи ногувори бозиҳои геосиёсӣ ва бархурди тамаддунҳо ҷавонони кишвар бояд бо ҳар роҳ кӯшиш кунанд, ки тамоми дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва илмию техникии ноилгардидаро ҳифз ва муаррифӣ намоянд.

Барои расидан ба ин ҳадаф, наврасону ҷавонони кишвар бояд қабл аз ҳама, сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, руҳияи ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳии миллиашонро баланд бардошта, дар рушди кишвар ва таҳкими сулҳу субот ва амнияту осоиши Ватан саҳми арзанда бигузоранд.

Чун дар арафаи 30-солагии Конститутсияи ватанӣ қарор дорем, мардуми шарифи Тоҷикистони азизро ба муносибати ин ҷашни сиёсию давлатию ҳуқуқӣ табрик намуда умед мекунем, ки халқи тоҷик бо такя ба Конститутсияи ватанӣ дар рушди минбаъдаи давлат ва кишвар саҳми муносиб мегузорад.

Хоҷаев Ҳикматулло Ҳимматович - муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

123Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади асосии тақдирсози давлат, санади ҳуқуқии таъсисёбандаи кишвар ва ба танзимдарорандаи фаъолияти ҳамаи субъектҳои муносибатҳои ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад.

Истилоҳи Конститутсия маънои «барқарор мекунам», «таъсис медиҳам»-ро дошта, таърихи хело ҳам тулонӣ дорад. Аммо ба сифати Қонуни асосии кишвар, низому дастури давлатдорӣ, ки ҳадафи асосиаш аз маҳдуд сохтани ҳокимияти беҳади давлат, танзимкунандаи равобити байни давлат ва мақомоти мухталифи он ва аз ҳама муҳим муайянкунандаи равобити байни давлат ва шаҳрванд, таҳкимбахши ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад ба вуҷуд омад. Аз ин рӯ, мутафаккирон ва муҳаққиқони даврони гузашта ба ин ақида буданд, ки қонунӣ будани ҷомеаи сиёсӣ ва сохти бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ба Қонуни асосӣ марбут аст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ин, санади муътабар барои такмил ва танзими ҳуқуқи инсон ва фаъолияти мухталифи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, мавҷудияти гуногунандешии сиёсӣ рӯи кор омад.

Моҳи феврали соли 1992 гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Қонуни асосӣ, таъсис дода шуд ва охири моҳи апрели соли 1992 лоихаи Қонуни асосӣ барои муҳокимаи шаҳрвандони дар матбуоти даврӣ нашр гардид. Бинобар сабаби вазъи нооромии кишвар бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» муҳлати муҳокимаи лоиҳаи Қонуни асосӣ то аввали моҳи июли соли 1992 тамдид карда шуд. Сарфи назар аз ин ва дигар тадбирҳое, ки ҳукумати воқеӣ андешид, аммо вазъияти сиёсӣ аз зери назорат хориҷ гардида то ба сатҳи ҷанги шаҳрвандии тӯлонӣ расид. Табиист, ки дар ин шароит қабул кардани Конститутсияи кишвар ғайриимкон буд.

Пас аз баргузории Иҷлосияи тақдирсозӣ 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти таҷлили Конститутсияи нави миллӣ аз нав ба миён омад. Иҷлосияимазкур барои барқарор намудани сохти конститутсионии кишвар нақши басо бузурге бозид ва вазъи солими ҷомеаро таъмин кард. Дар ин шароит лоиҳаи нави Конститутсия таҷлил гардид ва ба муҳокимаи умумихалқӣ пешнидод шуд.

Муҳокимаи лоиҳаи Конститутсияи нави Ҷумҳурӣ, ба маъракаи дар ҳақиқат сиёсии умумихалқии тақдирсоз табдил ёфт ва мардуми кишвар барои такмили мазмуну муҳтавои лоиҳа пешнидодҳои муфид ирсол доштанд. Илова бар ин ба лоиҳаи Конститутсия, коршиносони як қатор кишварҳои ҷаҳон, ба мисли давлатҳои Осиёи Марказӣ, Россия ва Аврупо, инчунин Созмони Миллали Муттаҳид ва дигар Созмонҳои байналмиллалӣ назару андешаҳои худро изҳор доштанд.

6 ноябри соли 1994 лоиҳа аз тариҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид ва ба худ ҳукми қонуни асосии давлатро гирифт. Ин санади тақдирсоз қонуни олии кишвар мебошад ва номи «Конститутсия»-ро гирифт.

Хислати олӣ доштани Конститутсия дар меъёрҳои ҳуқуқии он дарҷ ёфтаанд. Масъалан, қисми моддаи 10-и он, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши Олии ҳуқуқӣ дошта меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқие, ки бар хилофи Конститутсия мебошанд эътибори ҳуқуқӣ надоранд. Тамоми қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурӣ ба расмият дароварда ва қабул карда мешаванд. Агар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бар хилофи Конститутсия бошанд онҳо қувваи қонунӣ пайдо намекунанд.

Мувофиқи қисми 2-и моддаи 10 –и Конститутсияи Ҷумҳури, давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, ҳизбҳои сиёсӣ, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд, ки Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя ва иҷро намоянд. Яъне Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди давлат ва ҳамаи сохторҳои мақомоти давлати, шахсони мансабдор, ҳизбҳои сиёсӣ, шаҳрвандони ҷумҳури ва иттиҳодияҳои онҳо вазифаи риоя ва иҷрои талаботи Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсиони, қонунҳои Ҷумҳури ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки дар асоси Конститутсия ба расмият дароварда ва қабул шудаанд,гузоштааст.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини шароити зиндагии арзанда, зиндагии осоишта ва инкишофи озодонаро бо чунин аломатҳояш барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам меорад:

Мувофиқи моддаи 1 Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон- Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ мебошад.

Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, зарои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад.

Давлати соҳибихтиёр самтҳои асосии сиёсати дохилӣ, яъне роҳу усулҳои тараққиёти худро дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, интихоби шакли давлатдорӣ ва шакли молумулкиро мустақилона ҳал мекунад.

Риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд яке аз муносибатҳои муҳимтарини ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад, ки таввасути меъёрҳои Конститутсия ва қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон», ки 14 декабри соли 1996 қабул гардидааст, амалӣ мешавад.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои худашон ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, Вазоратҳо, Кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, макомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот муроҷиат намоянд. Бинобар ин, тамоми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ашхоси бе шаҳрванд аз тарафи давлат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бе восита ҳифз гардида, эҳтиромона доир ба масъалаҳое, ки шаҳрвандон муроҷиат менамоянд, новобаста аз мансубият мақомотҳои давлатӣ эҳтиром зоҳир намуда, оиди масъалаҳои пешниҳод шудаи шаҳрвандон роҳу усулҳои ҳалли масъалаҳоро дар доираи Конститутсияи мамлакат ва дигар қонунҳои Ҷумҳурӣ баррасӣ намуда, талаботи муроҷиаткунандагонро қонеъ мегардонанд.

Бедилзода Ҳ- н.и.с., Мудири шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байнамилалии Институти фаслафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИ

Сафару ташрифҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як гӯшаву канори кишвари азизамон пайки шодӣ ва ободӣ овардааст. Ин сафару ташрифҳои созанда ва ободкор, ҳар як гӯшаву канор ва шаҳру навоҳии Тоҷикистони азизро боз зеботару ободтар гардонидааст. Тавре, ки дар боло зикр кардем, ҳар сафару ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат ба минтақаҳои ҷумҳурӣ доимо пайки шодӣ ва фараҳ овардааст. Инчунин қудуми мубораки Пешвои муаззами миллат ба рушду инкишоф ва сифату суръати корҳои ободониву созандагиро суръат бахшидааст. Инро аз сафарҳои Пешвои миллат пурра дарк намудан мумкин аст. Мардуми кишвар низ аз омадану ташрифи Пешвои миллатро доимо хуб истиқбол намуда, барои корҳои созандагию бунёдкорӣ як руҳияи тозае ба худ касб менамудаанд.

Боиси ифтихор аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ санаи 29-уми октябр бо ташрифи созандаву ободкор ва таърихӣ ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташриф оварданд. Зимни ин ташрифи созандаву бунёдкор Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонромавриди истифода қарор доданд.

Ҳамзамон баъди ифтитоҳи Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба Пешвои миллат боз 5 лоиҳаи нави сохтмони биноҳои марказҳои илмию таҳқиқотӣ аз ҷониби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт муаррифӣ гардид. Аз ҷумла, лоиҳаи бинои Институти илмӣ-таҳқиқотии автомобилҳои нави барқӣ, лоиҳаи бинои Маркази экспедитсия ва санҷиши сарватҳои маъданӣ, лоиҳаи бинои Маркази илмии технологияҳои иттилоотӣ, лоиҳаи бинои Маркази байналмилалӣ ва лоиҳаи 5 бинои филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар вилояти Хатлон муаррифӣ гардиданд.

Бо дастгирӣ ва ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушди минбаъдаи таҳқиқоти илмӣ, ҳамчунин тақвият бахшидани ҳамкориҳои илмии олимони тоҷик ва таваҷҷуҳи хос ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, илм ва маорифи миллии тоҷик дар солҳои истиқлоли давлатӣ рушду инкишоф ёфта, имрӯз бо кишварҳои дигар роқобатпазир шудааст.

Шарифов И.И. ходими илмии шуъбаи ИДМ, Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Дар баробари соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати қабули Конститутсияи нав пеш омад. Бо дарназардошти муҳимияти ин санаи таърихӣ дар ҳаёти мардуми саодатманди кишвари соҳибистиқлоли мо, ҳар сол 6-ноябр дар ҷумҳурӣ ҳамчун иди «Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.

Мардуми Тоҷикистон марҳилаи давлатдории демократӣ, эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ривоҷи муносибатҳои нави иқтисодиро дар заминаи моликияти хусусӣ ва соҳибкорӣ шурӯъ намуд. Дар ҷомеа зарурати таърихии интихоби шакли нави давлатдорӣ, низоми мақомоти нави ҳокимияти давлатӣ, таъмини арзишҳои воқеъан олии инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он, танзими муносибатҳои нави ҷамъиятӣ эҳсос мегардид. Ҳамаи ин дигаргуниҳои дар ҳаёти кишвар бавуҷудомада, зарурати муайян намудани асосҳои ҳуқуқии тағйироти куллӣ ва пешрафти минбаъдаи ҷомеаи тоҷиконро ба миён овард.

Бо ҳидояти хирадмандонаи Президенди Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи Тоҷикистон бо эҳтиром гузоштан ба озодӣ, ба ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд, ба арзишҳои аслии башарӣ ва ба бунёди давлати соҳибихтиёр, демокративу ҳуқуқбунёд марҳилаи тозаи қонунгузориро дар қаламрави кишвари худ асос гузошт. Дар саргаҳи ин иқдом қабули Конститутсияи нави мамлакат қарор дошт ва бори аввал дар таърихи давлатдории тоҷикон аз тариқи раъйпурсии умумихалкӣ сурат гирифта, хамчун хуҷҷати раҳнамои як давлати комилҳуқуқ аз чониби ҷомеаи ҷахонӣ эътироф шуд. Дар ин замина 6-уми ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар райъпурсии умумихалқӣ қабул гардида, қувваи қонунӣ гирифт. Ин рӯйдод яке аз дастовардҳои бузурги давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҷомеа ва давлати Тоҷикистон ба марҳилаи сифатан нави таърихи инкишофи худ ворид шуд ва дар кишвар давраи дигаргуниҳои куллӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа оғоз гардид. Минбаъд чун тағйиротҳои дар ҷомеа ба амаломада, дар Конститутсия низ тағйиротҳои куллӣ ба вуҷуд омад. Дар натиҷаи райпурсии умумихалқӣ - 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 ба Конститутсия (Сарқонуни)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1994) тағийру иловаҳо ворид карда шудаанд. 22 майи соли 2016 дар Тоҷикистон раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия (Сарқонуни)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар натиҷаи он калимаи Сарқонун аз байн гирифта шуда, минбаъд Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ монда шуд. Ба вуқуъ пайвастани чунин рӯйдоди таърихӣ, албатта, пешравии ҷомеа ва соҳибистиқлолии ҷумҳуриамон гардид. “Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади воломақоми миллат ва шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат, раҳнамои ҳамешагии мо хоҳад буд”,- гуфтаанд Президенти ватанамон Эмомалӣ Раҳмон.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади сарнавиштсоз ва муайянкунандаи муносибатҳои муҳими ҳуқуқии кишвар ба шумор рафта, дар он самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон, шакли давлатдорӣ, фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд ба расмияти ҳуқуқӣ дароварда шудаанд. Ин санади меъёрии ҳуқуқиест, ки қувваи олии ҳуқуқӣ дошта, шоҳроҳи муайянкунандаи самтҳои асосии фаъолияти ҳар давлат ва ҷомеаи пешрафта мебошад. Тамоми санадҳои дигари ҳуқуқӣ бевосита аз Конститутсия сарчашма гирифта, бояд ба он мутобиқат намоянд.

Конститутсияи соли 1994 маҳсули зеҳнии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки он тариқи райпурсии умумихалқӣ муҳокима ва қабул карда шудааст. Тақдирсоз будани Конститутсияро дарк намуда, Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шудан, бевосита ба мураттабсозии лоиҳаи он ба ҳайси Раиси комиссияи конститутсионӣ машғул гардиданд ва новобаста аз вазъи ногувори сиёсиву иқтисодии ҷумҳурӣ барои омӯзиши таҷрибаи пешрафта, аъзоёни комиссияро ба давлатҳои гуногуни мутараққӣ фиристоданд. Комиссия таи ду соли мураттабсозии лоиҳаи Конститутсия фикру андешаҳои гуногунро омӯхта, лоиҳаро ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод намуд. Таклифу пешниҳодҳои мардуми шарифи Тоҷикистон имконият дод, ки лоиҳа манзури рӯзи гузаронидани райпурсӣ карда шавад. Дар байни аъзоёни комиссия оид ба идоракунии президентӣ ва парлумонӣ баҳсҳои гуногун вуҷуд доштанд ва ниҳоят шакли идоракунии президентӣ пазируфта шуд, ки мо самараи онро ҳамарӯза эҳсос мекунем.

Ҳанӯз соли 1993 бо пешниҳоди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид шуда буд, ки «мақсади Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- бунёд намудани давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва гузариш ба иқтисодиёти бозоргонӣ аст». Ин суханҳои пешгӯинамудаи Сарвари давлат баъди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон(6-уми ноябри соли 1994) ба қисми таркибии ин санади сарнавиштсоз ворид гардид ва дар муддати кӯтоҳи таърих самараи худро нишон дод.

6-уми ноябри соли 1994 дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол санаи фархунда ва фаромӯшнашаванда мебошад, чунки дар ин рӯз ду зуҳуроти муҳим ва тақдирсоз- қабули Конститутсия ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. Ин ду воқеаи сиёсӣ дар давлатдории навини Тоҷикистони соҳибистиқлол падидаи нав ба шумор мераванд. Халқи тоҷик тавонист дар он марҳилаи ҳассос шахси ботаҳаммул, хоксор, пурзаковату хирадмандро сарвари давлати худ интихоб намояд.

Конститутсия низ ҳамчун санади қувваи олии ҳуқуқидошта самтҳои асосии фаъолияти Тоҷикистони соҳибистиқлолро муайян намуда, бо ёрии он мо тавонистем миллати тоҷикро аз парокандагиҳо эмин нигоҳ дошта, давлатимутамаркази ҳуқуқбунёду муосирро бунёд намоем ва алангаи оташи ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандиро хомӯш созем.

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар арзи ҳастӣ намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амали мустақими меъёрҳои он шаҳодат медиҳанд, ки он яке аз конститутсияҳои асосии беҳтарини дунё маҳсуб меёбад. Бо шарофати замонавӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои санадҳои байналхалқӣ будани Конститутсия, Тоҷикистони соҳибистиқлолро зиёда аз 150 давлати дунё пазируфтаанд. Имрӯз давлати мо бо зиёда аз 100 давлати дунё муносибатҳои дӯстона ва равобити дипломатӣ дошта, аъзои зиёда аз 50 ташкилотҳои бонуфузи байналхалқӣ мебошад. Президенти мамлакат ҳамчун ҳомии халқ ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли муаммоҳои глобалии ҷаҳони муосир диққати ҷиддӣ зоҳир менамоянд.

Эҳтиром нисбат ба Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи кишвар вазифаи ҳар як шахс мебошад ва ба ин хотир мо ҳамеша бо мақсади баланд бардоштани сатҳи тарбияи насли наврас, тарғибу ташвиқи одоби ҳамидаи муошират, риояи арзишҳои волои умумибашарӣ ва миллӣ, дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ҷавонмардиву ахлоқи нек ба воя расонидани ҷавонон бояд кӯшиш намоем ва танҳо дар ин сурат метавонем ба дастовардҳои нав ноил гардида, муқаррароти Қонуни асосии кишварро воқеан дар ҳаёт амалӣ созем.

Конститутсия ҳамчун ифодакунанда ва равшангари роҳ ба сӯи ояндаи неку пурсаодат моро водор месозад, ки минбаъд низ бо риояи арзишҳои волои демократӣ ва ҳуқуқӣ ҷомеаи худро аз ҳама гуна хатарҳои дохиливу берунӣ эмин нигоҳ дорем ва дар Ватани азизамон барои ҳар як шаҳрванд шароити мусоиду шоистаи зиндагӣ ва фаъолиятро муҳайё созем.

Рӯзӣ Конститутстяи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Рахмонов Р.О. – муовини директор оид ба илм ва таълими Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АМИТ

“Мо ҳамеша ба неруи созандаи занони фарзонаву оқили тоҷик такя менамоем. Онҳо дар баробари ба ҷо овардани рисолати аслии худ – устувор гардонидани оила, тарбияи шоистаи фарзандони боодобу соҳибмаърифату банангу номус, ватандӯсту худшинос, инчунин, бо заҳмату талошҳои пайгиронаи худ дар рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар саҳми босазо гузошта истодаанд”.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолии кишвар Ҳукумати мамлакат, хусусан Пешвои миллат муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон ба занону бонувон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, онҳоро ҳамчун аъзои фаъоли ҷомеа пазируфтанд ва дар ҳама самтҳо занону бонувони кишварро дастгирӣменамоянд, ки ин дастгириҳо барои пешрафти фаъолияти онҳо бисёр муҳим мебошад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти воқеияти имрӯзаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусиятҳои фарҳангиву анъанавӣ барномаи беҳтаргардонии шароити кор ва зиндагии занон, амалӣ кардани баробарҳуқуқии мард ва зан таҳия шудааст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон баробарҳуқуқӣ ва озодии занонро пурра кафолат медиҳанд.

Ба шарофати сулҳу ваҳдати миллӣ, иқдомгирифтан дар роҳибарпо намудани давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд ҶумҳурииТоҷикистон кӯшишҳоихудро ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқуозодиҳоиинсон тавассути мустаҳкамкардани заминаи қонунгузорӣ ва татбиқисиёсат дар самти масъалаҳои занон ва бонувон мунтазам тақвиятмебахшад. Бо дарки муҳимиятидастгирии қувваиин ду қишри ҷомеа ҳамчун қувваиасосӣ ҷиҳатиамалӣ намудани сиёсати иҷтимоӣтавассути истифодаи нерӯи занон ва бонувон дар ташаккул, пешрафти давлат ҳифзиарзишҳоифарҳанги миллӣ ва ниҳодидавлатдорӣ яке аз самтҳоиафзалиятноки давлату ҳукуматмаҳсубмеёбад. Зеро таърих исбот намудааст, ки субот ва пешрафти давлат аз дастгирии ин ду қишри ҷомеа вобастагии зиёд дорад.

Вобаста ба ин, дар риштаи рушди қонунгузорӣ оид ба ҳуқуқҳова озодиҳои занон ва бонувондараҷа ва миқёситатбиқионҳодар ҳаётиимрӯза таҷассуми худро ёфтааст. Яъне, барои дастгирии ин табақаи ҷомеа дар сатҳи қонунгузорииамалкунанда дар баробари қабули қонунҳо, қабулибарномаҳоирушди иҷтимоии онҳо ҷиҳатитаъмини иштироки васеъ дар ҳаёти ҷамъиятиву идоракунии давлатӣ қабулгардида, самти фаъолияти занон ва бонувон дар шароити муносибатҳоинави сиёсиву иҷтимоӣ дар мамлакат муайян гардидааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти воқеияти имрӯзаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусиятҳои фарҳангиву анъанавӣ барномаи беҳтаргардонии шароити кор ва зиндагии занон, амалӣ кардани баробарҳуқуқии мард ва зан таҳия шудааст. Моддаи 17-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон баробарҳуқуқӣ ва озодии занонро пурра кафолат медиҳанд.

Раванди демократӣ ва гузариш ба иқтисоди бозорӣ барои мардон ва занон озодии васеи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ муҳайё намуда, барои ифода ва ҳаллу фасли проблемаҳояшон имконият ба вуҷуд овард. Дар баробари ин ҳоло ҳам рушди озоди иқтисодию сиёсӣ, фарҳангию таълимӣ бинобар фаъолияти нобаробари сохторҳои гуногун имкониятҳои баробарро барои мардон ва занон таъмин намекунад. Аз ин рӯ, барои ноил шудан ба баробарҳуқуқии мардон ва занон аз тариқи ислоҳоти сиёсӣ ва аз роҳи татбиқи тадбирҳои мушаххас, ки ба беҳбудии вазъи занон мусоидат мекунад, дахолати давлатӣ лозим аст.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 №5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» дар таъмини иштироки воқеии занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва идоракунии давлат нақши муҳим бозид.

Ин ҳуҷҷати муҳим ҳамчун раҳнамо барои таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 1997 №383 «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ; аз 8 августи соли 2001 №391 «Дар бораи Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010», аз 30 апрели соли 2004 №196 «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010», аз 31 октябри соли 2005 №421 «Дар бораи Барномаи давлатии «Тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010», аз 3 марти соли 2006 №94 «Дар бораи тасдиқи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мусоидат намуд, ки мақсади онҳо ба беҳдошти вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию маънавии оилаҳо, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, иштироки фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлат, тайёр намудани кадрҳои болаёқату донишманд аз ҳисоби духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон ва беҳгардонии вазъи сиҳатии модару кӯдак равона карда шудаанд.

Зиёда аз ин, ҷиҳати дастгирӣ бо таваҷҷуҳи хоса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд: “Нақш ва мақому манзалати зан дар ҷомеаи мо имрӯз бениҳоят муҳим мебошад. Бе иштироки фаъолонаи занон, бидуни фикру ақида ва пешниҳодҳои онҳо ҳаллу фасли мушкилоти иҷтимоӣ-сиёсӣ ғайри имкон мебошад”.

Занони бомаърифат, соҳибфарҳанг, омӯзгор, устод дар тарбияи фарзанд, оила ва ҷомеа нақшу мақоми арзанда мебозанд. Президенти мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ҳангоми мулоқот бо намояндагони фаъоли занони мамлакат бахшида ба Рӯзи модар, 6 марти соли 2007 дар шаҳри Душанбе чунин иброз дошта буд: «Арҷ гузоштан ба мақому манзалат, қадру қимат ва иззату эҳтироми модарон қарзи фарзандӣ ва фарзи имонии ҳар як инсон аст. Ин рисолатро мо дар сурате адо карда метавонем, ки ба қадри заҳматимодарон, хоҳарон, меҳрубониву ғамхории самимии занон ва хоҳарону духтарони худ бирасем».

Сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тули солҳои соҳибистиқлолӣ имкон фароҳам овард, ки мақому манзалати занон дар ҷомеа ба маротиб баланд бардошта шавад. Дар замони марҳилаҳои навин ягон самти фаъолиятро бидуни ширкати фаъоли занон тасаввур намудан ғайриимкон аст. Хусусан, саҳми онҳо дар бахшҳои илму маориф, фарҳанги тандурустӣ ва дигар самтҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар торафт афзун гардида истодааст.

Чуноне Сарвари давлат зикр доштанд: “Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, сарвари муваффақ, донишманди асил, табиби ҳозиқ, соҳибкори саховатпеша, корманди поквиҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, бинокори номдор, муррабии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки ин мояи ифтихори ҳар яки мову шумо мебошад”.

Дар ҳақиқат, занону бонувони тоҷик бо сабру таҳаммул, ифату порсоӣ меҳру садоқат ва гузашта аз ин, бо кору пайкори созанда ва заҳмати софдилона номи Зан-Модарро маҳбуби қалбҳо гардонидаанд. Ҳамин тавр, эҳсос мешавад, ки занон- модарон низ бо азму иродаи қавӣ кӯшиш доранд, ки рисолати пурмасъулияти ватандорию ватансозиро пешаи худ созанд. Минбаъд низ занони созандаи кишварро мебояд, ки ба қадри соҳибихтиёриву соҳибдавлатӣ, сулҳу суббот ва оромии ҷомеа расанд, истиқлолияту озодии сарзамини аҷдодиро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намуда, дар рушди Тоҷикистони азиз саҳми босазо гузоранд.

Шоиста Исматзода - ходими илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Пайнавишт:

1. Эмомалӣ Раҳмон. Хизмати модарон барои башарият беҳудуд аст: Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот бо занони мамлакат. ш. Душанбе, 6 марти соли 2007 // Минбари халқ. - 2007. - 10 март.

2. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 22 декабри соли 2016 // Ҳақиқати Суғд. - 2016. - 24 декабри соли 2016.

3. http://kumitaizanon.tj/index.php/tj/.

4. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» // http://www.president.tj/node/27417.

Сафару ташрифҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як гӯшаву канори кишвари азизамон пайки шодӣ ва ободӣ овардааст. Ин сафару ташрифҳои созанда ва ободкор, ҳар як гӯшаву канор ва шаҳру навоҳии Тоҷикистони азизро боз зеботару ободтар гардонидааст. Тавре, ки дар боло зикр кардем, ҳар сафару ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат ба минтақаҳои ҷумҳурӣ доимо пайки шодӣ ва фараҳ овардааст. Инчунин қудуми мубораки Пешвои муаззами миллат ба рушду инкишоф ва сифату суръати корҳои ободониву созандагиро суръат бахшидааст. Инро аз сафарҳои Пешвои миллат пурра дарк намудан мумкин аст. Мардуми кишвар низ аз омадану ташрифи Пешвои миллатро доимо хуб истиқбол намуда, барои корҳои созандагию бунёдкорӣ як руҳияи тозае ба худ касб менамудаанд.

Боиси ифтихор аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ санаи 29-уми октябр бо ташрифи созандаву ободкор ва таърихӣ ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташриф оварданд. Зимни ин ташрифи созандаву бунёдкор Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонромавриди истифода қарор доданд.

Ҳамзамон баъди ифтитоҳи Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба Пешвои миллат боз 5 лоиҳаи нави сохтмони биноҳои марказҳои илмию таҳқиқотӣ аз ҷониби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт муаррифӣ гардид. Аз ҷумла, лоиҳаи бинои Институти илмӣ-таҳқиқотии автомобилҳои нави барқӣ, лоиҳаи бинои Маркази экспедитсия ва санҷиши сарватҳои маъданӣ, лоиҳаи бинои Маркази илмии технологияҳои иттилоотӣ, лоиҳаи бинои Маркази байналмилалӣ ва лоиҳаи 5 бинои филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар вилояти Хатлон муаррифӣ гардиданд.

Бо дастгирӣ ва ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушди минбаъдаи таҳқиқоти илмӣ, ҳамчунин тақвият бахшидани ҳамкориҳои илмии олимони тоҷик ва таваҷҷуҳи хос ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, илм ва маорифи миллии тоҷик дар солҳои истиқлоли давлатӣ рушду инкишоф ёфта, имрӯз бо кишварҳои дигар роқобатпазир шудааст.

Шарифов И.И. ходими илмии шуъбаи ИДМ, Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашмаи сарбаландии ҳар як сокини Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва барои ҳар як шаҳрванд рӯйдоди муҳими таърихӣ ва тақдирсоз ба шумор меравад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд. 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли2003 ва 22 майи соли2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти давлатии кишвари моро аз лиҳози ҳуқуқӣ расмӣ гардонид ва чун шиносномаи миллату давлати тоҷикон онро бо номи давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона расман ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кард. Дар Моддаи 1-уми он зикр гардидааст: Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад.

6 ноябри соли 2024 ҷашни 30 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷлил мегардад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: “Бузургӣ ва аҳамияти ин санади муҳими таърихӣ, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки онбори нахуст аз ҷониби худи халқ ва барои халқ бо роҳи ифодаи озодонаи майлу иродаи шаҳрвандони мамлакат кабул карда шудааст. Дар ҳақиқатан бузургӣ ва аҳамияти ин санади муҳими таърихӣ мебошад, ки бо роҳи ифодаи озодонаи майлу иродаи шаҳрвандони мамлакат кабул карда шудааст”.

Конститутсия баробарии ҳамаро дар назди қонун эълон намуда, кафолати ҳуқуқу озодиҳоро ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва моликият ба дӯши давлат вогузор намудааст.

22 майи соли 2016 мардуми шарифи Тоҷикистон бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ бори сеюм тавассути раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид намуданд, ки онҳо матни ин ҳуҷҷати сарнавиштсозро такмил дода, нишонаи ба зинаи нави рушд ворид шудани Тоҷикистонро собит намуданд.

Ин раъйпурсӣ, ки дар фазои сулҳу суботи комил ва сатҳи баланди сиёсӣ баргузор гардид, бори дигар исбот сохт, ки мардуми Тоҷикистон соҳиби фарҳангу маърифати пешрафтаи сиёсӣ ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ мебошанд. Имрӯз бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки ин санади сарнавиштсози таърихӣ манфиатҳои олии миллат ва давлати соҳибистиқлоламонро инъикос намуда, ба омили муҳимтарини кафолати устувории ҳаёти сиёсии ҷомеа мубаддал гардид.

Маврид ба зикр аст, ки Конститутсия аз як тараф, барои рушди давлати демократӣ ва таъсиси низоми самарабахши ҳокимияти давлатӣ заминаи ҳуқуқӣ гузошта, аз ҷониби дигар, барои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар саросари мамлакат шароити мусоид фароҳам овард. Конститутсия ҳамчун муҳимтарин омили таъмини истиқлоли миллӣ ва якпорчагии кишвар тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлатро кафолат дода, халқи Тоҷикистонро сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намуд.

Дар Конститутсия меъёрҳои принсипҳои демократӣ, аз ҷумла асосҳои демократии сохти давлатдорӣ, моҳияти дунявӣ ва иҷтимоии давлат, афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, принсипи гуногунфикрии сиёсӣ, фаъолияти парлумони касбӣ, бунёдҳои ҳуқуқии ҷомеаи шаҳрвандӣ, дахлнопазирии моликияти хусусӣ, таъмини адолати судӣ, баробарии ҳама дар назди қонун, асли озодии виҷдону эътиқод ва ғайра дар бар мегирад.

Соҳиби Баҳруло, - ходими хурди илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Дар ҳама давру замон вазифаи асосии давлат танзим намудани муносибатҳои ҷамъиятӣ маҳсуб меёбад. Давлат дар навбати худ дар раванди танзимнамоӣ аз механизмҳои мухталиф истифода менамояд, ки самараноктарини он қонун маҳсуб меёбад. Махсусан, қонуни асосӣ ва ё Конститутсия, ки дар ҳама кишварҳо сарчашмаи асосии ҳуқуқ шумурда мешавад.

Хушбахтона имрӯз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон эътироф шуда, он ҳамчун бахтномаи миллат ва шоҳсутуни давлатдории миллӣ ба шумор меравад. Бояд гуфт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ормонҳои миллӣ ва мардумии халқи мо қабул шудааст. Конститутсия давлати соҳибистиқлоли тоҷиконро ба самти комёбиҳои бузург раҳнамоӣ мекунад.

Дар муддати 30 соли баъди қабули Конститутсия ҷумҳурии соҳибистиқлоламон таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ва кулли паҳлӯҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ як қатор пешравиҳои бузург ба даст овард. Фароҳам омадани фазои осоиштаву босубот, таъмини сартосарии сулҳу ваҳдати миллӣ, барқарор гардидани муносибатҳои судбахши байналмилалӣ ва сиёсати сулҳҷӯёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рисолати таърихии ин санади бебаҳои сарнавиштсоз ва олии ҳуқуқӣ сарчашма мегирад.

Воқеан ҳам, Конститутсия кафили сулҳ, якпорчагӣ, ваҳдати миллӣ ва пойдориву таҷассумгари давлату давлатдории мо, барномаи амал ва зиндагии шоиставу раҳнамои ояндаи дурахшони мардуми тоҷик мебошад.

Конститутсия санади меъёриву ҳуқуқӣ буда, эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва арзиши олии миллату давлат ҳисобида мешавад. Дар Конститутсияи Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон аз ҷониби давлат эътироф ва кафолат дода шуда, дар моддаи 5-уми он омадааст: “Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд”.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шиносномаи давлату миллат буда, дар он номи давлат, шакли давлатдорӣ ва сохтори он инъикос мешавад. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки “Бузургӣ ва аҳаммияти ин санади муҳимми таърихӣ, пеш аз ҳама дар он ифода меёбад, ки он бори нахуст аз ҷониби худи халқ бо роҳи ифодаи озодонаи майлу иродаи шаҳрвандони мамлакат қабул карда шудааст”.

Дар асл Конститутсия ҳуҷҷати таърихӣ ба шумор меравад. Конститутсия дар шакл ва мазмуни ҳозираи худ ҳамагӣ зиёда аз дусад сол боз амал мекунад. Конститутсия ҳанӯз дар Руми қадим маъмул гардида буд. Дар як вақт чандин конститутсияҳои мухталиф амал мекарданд. Ҳамчунин, дар бархе аз мамолики Аврупо дар асрҳои миёна низ мавҷудият доштанд. Аммо дар шакл ва мазмуни муосири худ бошад, Конститутсия дар натиҷаи ғалабаи инқилоби буржуазӣ-демократӣ ва ба сари ҳокимияти давлатӣ омадани синфи нави буржуазӣ пайдо гардид.

Дар замони муосир Конститутсия сарчашмаи асосии ҳуқуқи инсон ба ҳисоб рафта, тамоми меъёрҳои ҳуқуқии дохили давлатӣ, ки ба ҳуқуқу озодии инсон мутааллиқанд, дар асоси он қабул карда мешаванд. Халқи Тоҷикистон тибқи дебочаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон худро қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта, садоқатмандиашро ба арзишҳои ҳуқуқи башар пайваста изҳор намудааст. Ҳамин тариқ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти ҳуқуқ, таҷзияи ҳокимият, фаъолияти озоди иқтисодӣ, гуногунандешӣ, бисёрҳизбӣ, ки дар Конститутсияи кишвари соҳибистиқлол дарҷ гардидаанд, аз ҷумлаи арзишҳои умумибашарӣ маҳсуб меёбанд.

Имрӯз ҳар як узви ҷомеаро зарур аст, ки новобаста аз касбу кор ба Конститутсия арҷ гузошта, онро ҳамчун роҳнамои хеш истифода намояд.

Абдулмуминзода Гесу Насимҷон корманди маркази инноватсионии илм ва технологияҳои АМИТ

Боиси фараҳмандист, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати - миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯз қудуми созанда ва мубораки хешро ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ниҳоданд. Албатта мо шоҳид аз онем, ҳар куҷое, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадам мегузоранд онҷо ободу зебо мегарданд. Ин аз сиёсати бунёдкорона ва созандаи ин абармарди миллат гувоҳӣ медиҳад.

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун муассисаи илмии кишвар дар пешбурди сиёсати илмии кишвар нақши бориз дорад. Аз моҳи январ инҷониб маҳз роҳбарии ин ниҳодро доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба ӯҳда доранд, ки дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ин муассисаи илмии кишвар ба дастовардҳои бузурги илмӣ ноил гардидааст.

Ҳамзамон дар се моҳи соли ҷорӣ дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ибтикори президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар се муассисаи илмию таҳқиқотӣ озмоишгоҳҳои наву замонавӣ муҷҷаҳаз бо технологияҳои нав харидорӣ ва ба истифода дода шуд.

Инчунин, дар доираи ин ҳидоятҳо дар заминаи Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бунгоҳи тиббӣ ва ошхона аз таъмири капиталӣ бароварда шуда ба истифода дода шуданд. Тавре ҳамагон огоҳ ҳастем имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати - миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маросими ифттитоҳи Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иштирок намуданд.

Зимни ифттитоҳ таъкид гардид, ки Марказ бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маблағи 47 миллион сомонӣ аз буҷаи давлатӣ ва маблағҳои шарикони хориҷии рушд омода шудааст. Корҳои сохтмонӣ аз соли 2021 оғоз гардида, соли 2024 ба анҷом расид. Бояд гуфт, ки иншооти навбунёд 4-ошёна буда, дар масоҳати 35 садяк бо тарҳи меъмории замонавӣ бунёд ёфтааст.

Ҳамзамон зимни муаррифӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки марказ дорои 16 озмоишгоҳи инноватсионии илмӣ-таҳқиқотии самтҳои химия, биология ва нодиртарин озмоишгоҳҳои илмии соҳаи иммунологӣ, вирусологӣ, бехатарӣ ва амнияти биологӣ ва криминалистикаи ядроӣ буда, барои омӯзиш ва ташхиси маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ хизмат менамояд. Инчунин, озмоишгоҳҳо бо таҷҳизот ва технологияи наву замонавӣ муҷаҳҳаз буда, барои гузаронидани таҳқиқот, ташхис ва таҳлил дар асоси стандартҳои байналмилалӣ омода шудааст.

Қайд кардан ба маврид аст, ки ифтитоҳи озмоишгоҳҳои мазкур бо мақсади амалисозии Барномаи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” сурат гирифта, барои иҷрои саривақтии таҳқиқотҳои бунёдӣ дар илми ватанӣ замина мегузорад. Бо ифтитоҳи озмоишгоҳҳо қадами муҳиме баҳри таҳкими амният ва иқтидори илмӣ на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ гузошта мешавад.

Ҳамзамон пас аз ифттитоҳи Маркази мазкур ба Пешвои муззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт 5 лоиҳаи нави сохтмони биноҳои марказҳои илмию таҳқиқотӣ муаррифӣ гардиданд. Инчунин ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Иттилоъ дода шуд, ки 3 лоиҳа дар асоси ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин рӯйи кор омадааст. Бояд гуфт, ки лоиҳаҳои мазкур на танҳо бо мақсади анҷом додани корҳои илмӣ таҳқиқотии муштарак, балки дар мустаҳкам намудани дӯстии мардумони ду кишвари дӯст дар доираи ибтикороти “Як камарбанд - як роҳ” мусоидат менамоянд.

5- ЛОИҲАИ НАВИ СОХТМОНИ БИНОҲОИ МАРКАЗҲОИ ИЛМИЮ ТАҲҚИҚОТӢ

-Лоиҳаи бинои Институти илмӣ-таҳқиқотии автомобилҳои нави барқӣ аз 3 ошёна иборат буда, масоҳати умумии бино 2000 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар иншоот синфхонаҳои таълимӣ, маркази тамрини мошинҳои барқӣ, озмоишгоҳи ташхиси техникӣ, омӯзишии қисмҳои иловагии мошинҳои барқӣ, марказҳои таҳқиқот ва коркард ва коргоҳи маъмурият, толори таълимӣ бо 150 ҷой ва ошхона бо 60 ҷойи нишаст омода мешавад.

- Лоиҳаи бинои Маркази экспедитсия ва санҷиши сарватҳои маъданӣ аз 2 ошёна иборат буда, масоҳати умумии он 2500 метри мураббаъ хоҳад буд. Дар ин ҷо маркази иттилоотӣ, маҷлисгоҳ бо 30 ҷой, ҳуҷраҳои корӣ ва озмоишгоҳи таҳлилии химиявӣ, таҳлили хосиятҳои маводҳо, ҳуҷраи реагентҳо, нигоҳдории боқимондаҳои моддаҳои хавфнок ва заҳролудкунанда ҷойгир мешавад. Мақсад аз таъсиси Маркази санҷишӣ ва озмоиши канданиҳои фоиданоки маъдан таҳлил ва таҳқиқи конҳои канданиҳои фоиданоки зеризаминӣ ва омӯзишу таҳлили таркиби химиявӣ ва физикаи хок мебошад.

-Лоиҳаи бинои Маркази илмии технологияҳои иттилоотӣ аз 3 ошёна иборат буда, масоҳати умумии он 2000 метри мураббаъ хоҳад буд. Дар ин ҷо марказҳои иттилоотӣ, идоракунӣ, толори намоишӣ, озмоишгоҳҳои барномасозӣ, шабакавӣ, кабинети мултимедиавӣ ва маркази идоракунӣ ва толори лексионӣ ҷойгир карда мешавад.

-Бинои Маркази байналмилалӣ аз 10 ошёна иборат буда, бунёди он дар масоҳати 40 садяк замин пешбинӣ гардидааст.

-Лоиҳаи 5 бинои филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар вилояти Хатлон буда, сохтмони он дар шаҳри Бохтар ба нақша гирифта шудааст. Бинои мазкур аз маҷмуи биноҳои 2 ва 3-ошёна иборат буда, дар масоҳати 12 садяк замин бунёд мешавад.

Воқеан иқдому ташаббусҳое, ки ҷиҳати пешрафти илми ватанӣ роҳандозӣ мегарданд, маҳз аз сиёсати илмпарварони Асосгузори сулҳу ваҳдати - миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегиранд. Дар заминаи ин тибқи дастур ва ҳидоятҳои ин абармарди миллат талошҳои президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт барои пешрафти илми ватанӣ, таъмини шароити мусоиди корӣ барои олимону кормандон боиси таҳсин аст.

Дар оянда маҳз бо дастгриҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таҳти роҳбарии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт соҳаи илми кишвар ба пешрафту дастовардҳои назаррас ноил мегардад. Ҳамзамон амалӣ намудани лоиҳаи 5 сохтмони биноҳои марказҳои илмию таҳқиқотӣ дар оянда барои олимону кормандон шароити мусоиди корӣ фароҳам меорад ва дар пешбурди корҳои илмию таҳқиқотияшон мусоидат менамояд.

Таҳияи МУҲАММАД Аминзод

312Ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас санаи 29 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ифтитоҳи озмоишгоҳҳои мазкур бо мақсади амалисозии Барномаи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” сурат гирифта, барои иҷрои саривақтии таҳқиқотҳои бунёдӣ дар илми ватанӣ замина мегузорад.

Марказ бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маблағи 47 миллион сомонӣ аз буҷаи давлатӣ ва маблағҳои шарикони хориҷии рушд омода шудааст. Корҳои сохтмонӣ аз соли 2021 оғоз гардида, соли 2024 ба анҷом расид.

Мақсад аз таъсиси Маркази санҷишӣ ва озмоиши канданиҳои фоиданоки маъдан таҳлил ва таҳқиқи конҳои канданиҳои фоиданоки зеризаминӣ ва омӯзишу таҳлили таркиби химиявӣ ва физикаи хок мебошад.

Бо ифтитоҳи озмоишгоҳҳо қадами муҳиме баҳри таҳкими амният ва иқтидори илмӣ на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ гузошта мешавад.

Таъсиси чунин бинои нав бо дар назардошти зарурати рушди илмҳои табиӣ ва риёзӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардид, ки ин аз таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъмини рушд ва инкишофи устувори кишвар гувоҳӣ медиҳад.

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун муассисаи илмии кишвар дар пешбурди сиёсати илмии кишвар нақши муассир дошта иқдомҳои созандаи
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт барои пешрафти илми тоҷик дар оянда имконияти хуб фароҳам меоварад.

Тули нуҳ моҳ аст, ки устоди гиромӣ ба ҳайси Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки яке аз бузургтарин маркази илми дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад фаъолият доранд. Метавон гуфт, ки дар давоми нуҳ моҳ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бисёр аз иқдомҳои созандаву натиҷабахш роҳандозӣ гардидаанд, ки барои пешрафти илми тоҷик мусоидат хоҳанд кард.

Бо боварӣ метавон гуфт, ки дар оянда зери роҳбарии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт илми тоҷик бениҳоят пешрафт намуда, дар сатҳи байналмилалӣ шинохта мегардад.

Дар ин замина мо аҳли илми кишвар вазифадор ҳастем, ки бо ҳисси баланди ватандорӣ, зери партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон содиқона ба Ватан хизмат намуда, баҳри расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат, таъмини рушди босуботи кишвар, пешрафти соҳаҳои мухталиф, ҳифзи дастовардҳои истиқлол, муқаддасоти миллӣ, таҳкими хотираи таърихиву фарҳангии миллати тоҷик ва муаррифии шоистаи Ватани азизамон - Тоҷикистон саҳми арзишманди худро гузорем.

Мо олимони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷавобан ба ин ҳама ғамхориҳо миннатдории самимонаи хешро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт мерасонем, ки барои мо олимони ҷавон чунин шароитҳоро муҳайё месозанд.

Юсуфзода Шодоб Хӯҷамқул - Раиси Шӯрои олимони ҷавони Институти фаслафа сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ

Subscribe to Мақолаҳо