Рӯй овардан ба илмомӯзӣ, хусусан ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, қадами боэътимод барои рушди устувори иқтисодии кишвар дар арсаи ҷаҳон дар шароити имрӯза бисёр зарурӣ мебошад. Зеро дар марҳилаи нави ҷаҳонишавӣ нақш ва рушди тафаккури илмҳои табиӣ-риёзӣ дар ҳалли масъалаҳои сиёсӣ ва бунёдӣ хеле муҳим аст.
Махсусан дар ин замина дастгириҳои ҳамаҷониба ва аҳамияти махсус зоҳир намудани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита хидматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саривақтист. Муҳтарам Пешвои муаззами миллат қариб дар ҳама баромад ва суханрониҳои худ дар баробари омӯхтани илмҳои гуманитарӣ, забонҳои хориҷӣ азхудкунии илмҳои табиӣ-риёзӣ ва ҳамқадами замон бо технологияи навро таъкид месозанд.
Далели ин гуфтаҳо эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” маҳз дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии кишвар аз 26.12.2019 мебошад. Роҳандозӣ ва дастгирии иқдоми мазкур ба мутахассисони илмҳои табиатшиносӣ нерӯи мусбӣ мебахшад. Пеш аз ҳама барои илм омӯхтан шароити хуби таълиму тадрис бояд амалӣ карда шавад, ки толибилмон бе мушкилӣ ба омӯзиш машғул шаванд. Ин нукта низ дар партави сиёсат ва дастгириҳои ғамхоронаи президенти мамлакат баръало намоён аст. Исботи ин гуфтаҳо таъсиси мактабҳои типи нав ва ба хориҷа сафарбар намудани мутахассисон барои такмил ва сайқал додани дониш буда, моро маҷбӯр месозад, ки кӯшишҳои худро ҳамаҷониба равона карда барои амалӣ гаштани нақшаҳои мазкур замина устувор фароҳам оварем.
Дастгириҳои Пешвои миллат барои пешрафт дар самти мазкур ва ҳавасмангардонии мутахассисон боиси таҳсин ва дастгириҳо аст. Аз ҷумла Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ аз 26.01.2021 барои ҳавасманд гардонидани донишмандони соҳаҳои мухталифи фанҳои табиатшиносӣ чунин супориш доданд: “Илова бар ин, зарур мешуморам, ки ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону чавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» гузаронида шавад [1].
Бояд тазаккур дод, ки миллати тоҷик дар гузашта низ ба омӯзиш ва густариши илмҳои табиӣ-риёзӣ аҳамияти ҳамаҷониба ва аввалиндараҷа зоҳир менамуданд. Дар ҷаҳони илм ва маданият саҳми Зардушт, Хусрави Парвиз, Абулвафои Бузчонӣ, Абумаҳмуди Хуҷандӣ, Абурайхони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино, Умари Хайём, ва дигар олимону донишмандон бисёр назаррас аст.
Дар китоби муқадасси дини Зардушт, Авесто, осмон ба 5 ноҳия ҷудо карда шудааст шимолӣ, ҷанубӣ, шарқӣ, ғарбӣ ва марказӣ. Зардушт масофаи байни замину моҳро муайян карда мафҳуми арзу тули ҷуғрофиро ба илм дохил кардааст. Батлимус (Птолемей асри II) дастовардҳои он замонро дар (Алмаҷаст) ҷамъбаст карда, назарияи “Заминмаркази”-и оламро ба миён овард. Агарчи Манзумаи заминмарказии Батлимус дуруст набуд бо вуҷуди ин имкон дод, ки мавқеи сайёраҳо муайян карда шавад. Илмҳои табиатшиносӣ дар давоми якуним ҳазор сол ба таълимоти Батлимус такя карда, бо бунёд шудани Манзумаи офтобмарказии олам ба давраи нави пешрафт расид.
Дар замони Сосониён дар дарбори шоҳии Хусрави Парвиз 360 мунаҷими варзида фаъолияти нуҷумӣ мебурданд. Замоне ки Шарқ ба омӯзиши имлҳои табиӣ рӯ оварда буд ҳанӯз имли Аврупо ба ин дараҷа нарасида буд.
Соли 827 бо амри хилофати Аббосӣ, Маъмун (786-833) Алмаҷаст аз забони юнонӣ ба арабӣ тарҷума шуд. Дар Бағдоду Ракка расадхонаҳо сохта шуданд. Абулвафои Бузҷонӣ (940-998) дар расадхонаи Бағдод яке аз номуназамиҳои ҳаракати моҳро муайян кард. Ахтаршиноси машҳури тоҷик Абумаҳмуди Хуҷандӣ дар расадхонаи шаҳри Рай нахустин бор тағйирёбанда будани қимати тӯли авҷ (апогей)-и Офтобро ва тамоюли дойратулбурҷро муайян кард, ки ҳали ҷолиби қазияи синусҳоро барои секунҷаи куравӣ муайян намуд [2]. Секстанти ӯ дар таърих бо номи (Сутси фахрӣ) машҳур аст. Дар пешбурди илмҳои табиатшиносӣ саҳми олим Абурайҳони Берунӣ бениҳоят зиёд аст. Ӯ беш аз 40 асар эҷод кардааст “Қонуни масъудӣ”, “Китоб-уд-тамдид, ниҳоят-ил-амокин-ли-тасҳии масофат-ил-масокин”, “Китоб-фи-таҳқиқи мол-ил-Ҳинд”, “Осор-ул-боқия” ва ғайра. Абурайҳони Берунӣ (973-1048) аз гармӣ васеъшавии ҷисмҳо ва аз хунуки фишурдашавии онҳоро шарҳ додааст [3]. Умари Хайём шоири шинохта, олими барҷаста, ситорашинос ва аввалин шахсе мебошад, ки лоиҳаи тақвимеро пешниҳод кард, ки асоси онро даври 33 сола (аз он 8 солаш кабиса) ташкил медод. Тақвими Хайём дар 5000 сол ба як шабонарӯз саҳв дошт. Насриддини Тӯсӣ (1201-1274) дар расадхонаи Марого бо “Зичи элхонӣ” ном асар дар Шарқу Ғарб машҳур буданд. Тараққиёти илм дар Шарқ дар асри XV бо фаъоляти расадхонаи Улуғбек зич алоқаманд аст. Асари асосии ахтаршиносони Самарқанд, ки бо номи “Зичи Улуғбек” машҳур аст ва соли 1648 дар Оксфорд бо забони англисӣ нашр гардид, аз баёни асосҳои назарии ахтаршиносӣ ва зичии 1018 ситора иборат мебошад. Дар тартиб додани зичи мазкур муҳаққиқони тоҷик аз ҷумла Ҷамшеди Кошонӣ, Қозизодаи Румӣ ва Алоуддини Коши нақши бузург доранд [4]. Аз тарҷума ва нашр шудани асарҳои “Сувар-ул-кавокиб-ас-собита”-и Абдурраҳмони Суфӣ ва “Муқаддима”-и Абумашҳари Балхӣ соли 1489 дар ахтаршиносии Аврупо нақши муҳим гузоштааст.
Аз гуфтаҳои боло бармеяд, ки ниёгони тоҷик дар пешрафти илмҳои табиатшиносӣ аз қадимулайём саҳмгузор буда, донишмандони замони имрӯза давомдиҳандаи фикру ақидаҳои онҳо мебошанд.
Каримов Х. Ш. магистранти соли якуми Институти физика
ва техникаи ба номи С.У.Умарови АМИТ
Холмуродов Ф. ходими пешбари илмии Институти физика ва техникаи ба номи С.У.Умаров.
Адабиёт
-
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.01.2021.
-
Абдулозода Х. “Абумаҳмуди Хуҷандӣ ва таърихи астрономияи халқи точик асри Х". Душанбе. 2005.
-
Кононович Э.В., Мороз В.И. "Общий курс астрономии". Москва. 2004.

ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО ВАЗИФАДОРАНД, КИ ДАР ИҶРОИ СЕ ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ – ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ, РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ҲИФЗИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ НАҚШИ ФАЪОЛОНА ДОШТА БОШАНД.
Categories
Наворҳои видеоӣ
СИМПОЗИУМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БА МУНОСИБАТИ 1045- СОЛАГИИ ДОНИШМАНДИ БУЗУРГИ ТОҶИК АБУАЛӢ ИБНИ СИНО ДАР АМИТ
Имрӯз, 4 ноябр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ба муносибати 1045- солагии донишманди бузурги тоҷик Абуалӣ Ибни Сино Симпозиуми байналмилалӣ баргузор гардид. Дар кори симпозиум ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён ва дигар олимону пажуҳишгарон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ба кори симпозиум президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳусни оғоз бахшида, иброз дошт, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ифтихор аз он дорад, ки дар партави сиёсати илму олимпарваронаи Асосгузори сулҳу вадати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз пажуҳишгарону донишмандони зиёдро аз кишварҳои гуногуни олам дар Тоҷикистони биҳиштосо, дар сарзамини миллате, ки чунин як нобиғаи нотакрорро ба мисли Абуалӣ ибни Сино ба дунё оварда, ба воя расонидааст ва осори безаволи ӯро дар хизмати кулли инсоният гузоштааст, истиқбол намуда, дар якҷоягӣ Симпозиуми байналмилалиро дар мавзуи “Саҳми Абуалӣ ибни Сино дар рушди илм, фалсафа ва тамаддуни ҷаҳонӣ” баргузор менамояд.
Таъкид гардид, ки Ибни Сино аз зумраи он мутафаккиронест, ки доир ба ҳаёт ва осораш муҳақиқони зиёде дар гузашта ва имрӯз сухан гуфтаанд. Аз ин рӯ, мехостем, ки танҳо бо зикри чанде аз комёбиҳои ин Пири ҳакимони Машриқзамин дар рушди илмҳои давронаш, хусусан дар илмҳои табиию риёзӣ, мақоми баланди ӯро дар илми ҷаҳонӣ муаррифӣ созем.
Мусалам аст, ки аз кулли осори Ибни Сино ёздаҳ асар ба соҳаи табиатшиносӣ ва илмҳои дақиқ бахшида шудаанд. Муҳимтарин асари Ибни Сино “Қонуни тиб”, ки иборат аз 5 ҷилд аст, аз серхонандатарин асарҳои ӯ дар гузашта ва даврони муосир ба ҳисоб рафта ба аксари забонҳои Аврупо тарҷума шудааст. Дар “Қонуни тиб” Ибни Сино назарияи умумии тиб, анатомия, физиология, ҷарроҳӣ, ташхис, тарзи табобат, маводи доруворӣ ва пешгирии бемориҳои гуногунро шарҳу тафсир дода, бемориҳои зуд паҳншаванда ва музмин, яъне хроникиро баррасӣ кардааст.
Гуфта шуд, ки саҳми Ибни Сино дар рушду такомули илми ботаника низ хеле бузург аст. Ба ин соҳаи илм ӯ “Китоби набот”-ро бахшида, дар “Қонуни тиб” низ бахшҳои зиёдеро дар ин самт таълиф кардааст. Дар “Китоби набот” бештар аз 500 номгӯйи растаниҳои шифобахшро меоварад, ки дар тибби қаблӣ ва муосираш мавриди истифода қарор дошта як иддаи онҳоро барои таҳқиқ дар оянда пешгӯи кардааст.
Зикр гардид, ки дар рушду нумуи соҳаи кимиё бошад, Ибни Сино хусусияти моддаҳои ғайриорганикиро, аз қабили оҳан, минералҳо ва пайвастагиҳои кимиёвӣ шарҳу тафсир дода, бо танқиди баъзе назарияҳову таълимот оид ба табдили металҳои беқиммат ба тилло фикру мулоҳизаҳои ҷолибе пешниҳод кардааст. Таснифоти моддаҳои кимиёвӣ, ки Ибни Сино пешниҳод намудааст, аз таснифоти Ҷобир ибни Ҳайён ва Муҳаммад Закариёи Розӣ бо соддагиву нодирӣ фарқ мекунад.
Қайд гардид, ки Ибни Сино дорои ақли фавқулода ва фарогир, дониши густурда дар бисёр бахшҳои илми асримиёнагӣ буд. Бузургтарин дастоварди мутафаккир дар он аст, ки ӯ бар хилофи алкимёгарон ё алхимикҳои замони худ, аввалин шуда усули дурусти гузаронидани реаксияҳои кимиёвӣ ва таҳқиқотро бо истифода аз доруҳои гуногуни кимиёвӣ дар Мовароуннаҳр ва Хуросон нишон дод.
Бояд гуфт, ки шайхурраис Ибни Сино дар таърихи адабиёти мо ба унвони бунёдгузори жанри рубоии фалсафӣ низ шинохта шудааст. Воқеан, дар чаҳорчўби рубоӣ баён намудани андешаҳои амиқи фалсафӣ зеҳни хос ва истеъдоди фавқулодаро тақозо дорад. Тавони андешаи нозуку фарогир, маҳорати хеле волои суханварӣ ва садоқат ба фарҳанги миллию забони модарӣ ба Ибни Сино имкон додаанд, ки нахустин шуда, андешаҳои фарогири фалсафию равоншиносӣ ва мантиқиро ба таври хеле муҷаз тавассути рубоӣ баён намояд.
Дар идома ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ дар суханронии хеш иброз дошт, ки Абуалӣ ибни Сино, ки дар кишварҳои ғарбӣ бо номи Авитсенна машҳур аст, на танҳо ҳамчун файласуфи ақлгаро, балки ба ҳайси табиби ҳозиқ, мутафаккири донандаи тамоми илмҳои иҷтимоию табиатшиносии давронаш, олими энсиклопедист ва ҳамчун нобиғаи кулли инсонияти мутамаддин ба ҳар яке аз илмҳои ба он машғулгардидааш навгониҳои зиёд ворид сохта, равиши рушду такомули ин илмҳоро барои чандин садсолаҳои минбаъда муайян намудааст.
Таъкид гардид, ки маҳз ҳамин хизматҳои беназири ӯро барои инсоният ба эътибор гирифта, дар назди бинои ЮНЕСКО дар қатори Абурайҳони Берунӣ, Абубакр Муҳаммад Закариёи Розӣ ва Умари Хайём ҳайкали Ибни Синоро гузоштаанд. Илова бар ин, ЮНЕСКО ибтидо аз соли 2003 дар ду сол як маротиба ба олимон мукофоти ба номи Ибни Синоро дар соҳаи этикаи илм месупорад. Созмонҳои ҷаҳонии асторономӣ дар рӯйи Моҳ кратереро бо номи Ибни Сино гузоштаанд. Солҳои 2008-2015 каталоги Ибни Сино вуҷуд дошт, ки дар он бо дастгирии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ номгӯйи донишгоҳу мактабҳои олиии тиббии кулли кишварҳои оламро ворид месохтанд ва ҳоло он бо номи “Феҳристи ҷаҳонии мактабҳои тиббӣ” низ ёд мешавад. Ин каталог, чунонки таъсисдиҳандагони он иброз доштаанд, бо сабаби “синтези донишҳои Шарқ ва Ғарб, таъсири бузург ба рушди тиб ва тандурустӣ” аз ҷониби Ибни Сино ба чунин ном сазовор дониста шудааст.
Гуфта шуд, ки Ибни Сино соли 980 дар хонадони Абдуллоҳ ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Сино, ки аз тоҷикони Балх буда, дар даврони Оли Сомон, дар замони ҳукмронии Нуҳ ибни Мансури Сомонӣ дар чоряки охири қарни даҳум ба Осиёи Миёна, ба пойтахти давлати Сомониён ҳиҷрат намуда буд, чашм ба олами ҳастӣ кушодаааст. Модараш низ аз тоҷикзанони гирду атрофи Бухоро, аз деҳаи Афшана буд. Ибни Сино аз хурдсолӣ ба омӯзиши илмҳои динӣ, сарфу наҳви забонҳои тоҷикию арабӣ, сабкшиносӣ ва шеър шуруъ карда, онҳоро то даҳсолагӣ ба пуррагӣ аз бар намуд. Баъд аз ин риёзиёт, мантиқ ва фиқҳро омӯхта, ба тадриси илмҳои фалсафӣ ва табиӣ, махсусан тиб оғоз кард.
Дар идома сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён ва дигар олимону пажуҳишгарон суханронӣ намуда, саҳми Ибни Синоро дар ташаккули тамаддуни ҷаҳон, рушду тақвияти илми тиб, фалсафа ва мантиқ беназиру нодир арзёбӣ карданд.
Инчунин, дар фарҷоми чорабинӣ байни Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Федератсияи Россия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
БОЗДИДИ ИШТИРОКЧИЁНИ СИМПОЗИУМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БА МУНОСИБАТИ 1045-СОЛАГИИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО АЗ НАМОИШИ ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМОНИ АМИТ
Имрӯз, 4 ноябр қабл аз оғози кори Симпозиуми байналмилалӣ ба муносибати 1045-солагии донишманди бузурги тоҷик Абуалӣ ибни Сино, иштирокчиёни симпозиум аз дохил ва хориҷи кишвар, аз ҷумла олимону муҳаққиқон, намояндагони муассисаҳои илмӣ ва меҳмонони хоса аз намоиши дастовардҳои илмии олимону пажуҳишгарони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон боздид намуданд.
Дар рафти боздид меҳмонон бо навтарин таҳқиқоти илмӣ, дастовардҳои инноватсионӣ, рӯйдодҳои илмӣ, тарҷума ва таҳқиқоти суннатӣ ва муосири олимони тоҷик шинос гардиданд. Ба меҳмонон равандҳои таҳқиқотӣ дар бахшҳои тиб, фармакология, илмҳои табиатшиносӣ, фалсафа, кимиё, тибби мардумӣ ва соҳаҳои дигари марбут ба мактаби илмии Ибни Сино муаррифӣ карда шуд.
Ҷузъи муҳимми ин намоиш пешниҳоди намунаҳо аз осори нодири Ибни Сино буд, ки дар онҳо мероси илмии ӯ дар самтҳои тиб, фалсафа, мантиқ, астрономия ва риёзӣ инъикос ёфтааст. Олимон дастнависҳои нодир, нусхаҳои китобҳои таърихӣ ва таҳқиқоти арзишмандро оид ба «Қонуни тиб», «Донишнома», «Ишорат ва танбеҳот» ва дигар асарҳои маъруфи Ҳаким муаррифӣ карданд. Иштирокчиён аз шарҳу тавзеҳоти мутахассисон дар бораи арзиши илмии донишҳои ибнисиношиносӣ ва нақши он дар ташаккули илм ва фарҳанги ҷаҳонӣ баҳраманд шуданд.
Меҳмонон ба фаъолияти олимони тоҷик дар самти ҷамъоварӣ, таҳқиқ, таҳия ва нашри илмии осори Ибни Сино баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки чунин чорабиниҳо барои ҳифз ва таблиғи мероси гаронбаҳои илмӣ ва таҳкими робитаҳои байналмилалӣ миёни марказҳои илмии кишварҳои гуногун мусоидат менамояд.
Имрӯз, 4 ноябр дар ҳошияи Симпозиуми байналмилалӣ ба муносибати 1045-солагии донишманди барҷастаи тоҷик ва нобиғаи ҷаҳони илм Абуалӣ Ибни Сино маросими гузоштани гулчанбар дар назди муҷассамаи ӯ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ олимону муҳаққиқон аз дохил ва хориҷи кишвар, инчунин президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, ректори Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Муҳиддин Нуриддин Давлаталӣ иштирок намуданд.
Маросим бо ҳадафи гиромидошти мақому манзалат ва саҳми таърихии Абуалӣ Ибни Сино дар рушди илм, хусусан илми тиб, фалсафа ва дафтаршиносии ҷаҳонӣ доир гардид. Ҳамзамон таъкид карда шуд, ки мероси илмии Ибни Сино ҳамчун яке аз манобеи муҳими дониш ва тафаккури инсоният то имрӯз аз аҳамияти вижа бархӯрдор мебошад.
Зикр гардид, ки осори ин мутафаккири нодир то имрӯз ба сифати такягоҳи муҳими илмӣ дар марказҳои бузурги илми ҷаҳонӣ мавриди омӯзиш ва таҳқиқ қарор дорад.
Имрӯз, 3 ноябр, дар остонаи Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва олимону муҳаққиқон ганҷинаи мероси адабии Институт, баъди солҳо муҷаҳҳаз гардидан бо таҷҳизоти наву муосир, мавриди истифода қарор гирифт.
Иттилоъ дода шуд, ки “Ганҷинаи мероси адабӣ” 16 октябри соли 1971 бо ташаббуси устодон Носирҷон Маъсумӣ, Муҳаммад Осимӣ ва Хуршеда Отахонова таъсис ёфта буд. Дар Ганҷинаи мазкур 52 фонд аз адибону донишмандони барҷастаи муосири тоҷик гирд оварда шудааст. Аҳаммияти Ганҷина аз он иборат аст, ки дар он мероси адабию илмии шахсиятиҳои маъруфи тоҷик, ба монанди устодон Айнӣ, Лоҳутӣ, Турсунзода, П. Сулаймонӣ, Улуғзода, Ҳ. Юсуфӣ, С. Ҷавҳаризода ва дигарон дар шакли дастнавис ва мусаввадаҳои худи адибон ҳифзу нигаҳдорӣ мешаванд.
Таъкид гардид, ки таҷҳизоти нави гуногунҷабҳа имконият фароҳам меорад, ки сарчашмаҳои нодири адабӣ ва ҳуҷҷатҳои таърихии милливу мероси фарҳангӣ бо стандарти байналмилалӣ нигоҳдорӣ ва муҳофизат карда шаванд. Ин иқдом барои таҳқиқоти илмӣ ва омӯзиши асарҳои классикони адабиёти тоҷик шароити беҳтар фароҳам меорад ва барои донишҷӯён ва муҳаққиқон манбаи дастрасии осон ва босифат ба мероси адабӣ хоҳад шуд.
Дар маросим таъкид гардид, ки эҳё ва таҷдиди ганҷинаҳои меросии адабӣ на танҳо барои рушди илм ва омӯзиш, балки барои нигоҳдории мероси фарҳангии миллӣ ва тақвияти худшиносии миллӣ аҳамияти бузург дорад.
ИФТИТОҲИ ҲУҶРАИ КОРИИ АВВАЛИН ПРЕЗИДЕНТИ АКАДЕМИЯИ ФАНҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН УСТОД САДРИДДИН АЙНӢ
Имрӯз, 3 ноябр, дар остонаи Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маросими ифтитоҳи ҳуҷраи кории аввалин Президенти Академияи фанҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, арбоби бузурги илму фарҳанг, асосгузори адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ баргузор гардид.
Зимни ифтитоҳ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт олимону муҳаққиқон, намояндагони муассисаҳои илмӣ ва аҳли адабу фарҳанг иштирок намуданд. Таваҷҷуҳ ба шахсияти устод Айнӣ ҳамчун намунаи олии ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва хидмат ба илму маърифат зикр гардида, қайд карда шуд, ки фаъолияти илмӣ-адабии ӯ заминагузори давраи навин дар адабиёт ва худогоҳии миллии тоҷикон мебошад.
Ёдовар мешавем, ки устод Садриддин Айнӣ ба унвони нахустин академик фаъолияти кории худро соли 1951 дар ҳамин ҳуҷра оғоз кардааст. Ба ин муносибат ҳуҷраи кории устод бозсозӣ шуда, лавҳи ёдгорӣ ва мизу курсии кории ӯ бо намунаи осор ва аксҳои хотиравӣ барқарор гардид.
Таъкид гардид, ки ифтитоҳи ҳуҷраи кории ӯ ҳамчун рамзи эҳтиром ба хизматҳои бузурги устод ва арҷгузорӣ ба таърихи ташаккули илм дар Тоҷикистон арзёбӣ гардид. Зикр шуд, ки ин иқдом барои ташаккули муҳити таърихӣ-фарҳангӣ дар Академия, боло бурдани эҳсоси худшиносии миллӣ дар миёни насли ҷавон ва омӯзиши ҳамаҷонибаи мероси устод Айнӣ аҳамияти вижа дорад.
Дар ҷараёни маросим инчунин таъкид гардид, ки сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи арзишҳои миллӣ, эҳтиром ба мутафаккирони миллӣ ва эҳёи мероси адабӣ баҳри бозсозӣ ва муаррифии чунин гӯшаҳои таърихӣ заминаи устувор фароҳам овардааст.
Ба масъулон супориш дода шуд, ки ҳуҷраи корӣ ҳамчун маркази омӯзишӣ ва илмӣ таҳқиқотӣ барои магистрантон, муҳаққиқон ва меҳмонон фаъолият намояд ва маводи таърихӣ, нусхаҳои дастнавис, аксҳо ва ёдгориҳои марбут ба ҳаёту фаъолияти устод Айнӣ мунтазам ғанӣ гардонда шаванд.
Имрӯз, 3 ноябр дар толори Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзу арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, забони давлатӣ ва мероси адабии тоҷику форс машварати корӣ баргузор гардид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт зимни суханронии хеш зикр доштанд, ки ҳифз ва тарғиби арзишҳои миллӣ, нигоҳдорӣ ва омӯзиши мероси ғании адабии тоҷику форс яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Академия ба ҳисоб меравад. Таъкид шуд, ки бо роҳнамоӣ ва дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои охир барои рушди илм, таҳқиқи таъриху адабиёти классикӣ ва муосир, таҳияи нашрияҳои илмӣ ва омӯзиши забони давлативу забонҳои бостон имкониятҳои фаровон муҳайё гардидаанд.
Инчунин, қайд гардид, ки олимону муҳаққиқон вазифадоранд дар баробари омӯзиши илмии мероси адабӣ, дар ҷомеа ҳисси миллӣ, худшиносиву ифтихор аз фарҳанги ниёгонро тақвият бахшанд ва бо корҳои илмӣ-амалӣ саҳми худро дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ гузоранд.
Дар ҷараёни машварат масъалаҳои марбут ба омодасозии нашрияҳои илмӣ, баргузории ҳамоишҳои илмӣ-фарҳангӣ, таҳияи пажӯҳишҳои вобаста ба забон ва адабиёт, инчунин роҳандозии барномаҳои тарғиботии оммафаҳм баррасӣ шуданд.
2 ҶОЙИ ЯКУМ: ҒОЛИБИЯТИ ЯК НАФАР МАГИСТРАНТ ВА ЯК НАФАР ДОКТОРАНТИ PhD - И АМИТ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ИЛМ ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ"
![]()
2 ҶОЙИ ЯКУМ: ҒОЛИБИЯТИ ЯК НАФАР МАГИСТРАНТ ВА ЯК НАФАР ДОКТОРАНТИ PhD - И АМИТ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ИЛМ ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ"
Имрӯз, 1 ноябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷамъбастӣ ва ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор гардид.
Дар озмуни мазкур як нафар магистрант ва як нафар докторанти PhD - и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иштирок намуда, сазовори ҷойи якум гардиданд.
ҒОЛИБОН:
Ҳусайнов Шоҳрух - докторанти курси якуми Институти математикаи ба номи А.Ҷураеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз номинатсияи математика ғолиби ҷойи аввал гардид.
Муродова Макнуна - магистри курси дуввуми Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз номинатсияи Физика - астрономия сазовори ҷойи якум гардид.
ТАҚДИМИ ҶОИЗАҲО БА ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ» АЗ ҶОНИБИ ПРЕЗИДЕНТИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН, АКАДЕМИК ХУШВАХТЗОДА ҚОБИЛҶОН ХУШВАХТ
Имрӯз, 1 ноябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷамъбастӣ ва ҷоизасупории озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор гардид, ки дар он президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт иштирок намуда, инчунин ба ғолибони озмун ҷоизаҳо супориданд.