Skip to main content

Ба истиқболи 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Истиқлолияти давлатӣ барои тоҷикон заминаи воқеиро баҳри интихоби дурнамои имрӯзу фардои миллат ва рушди мамлакат ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ фароҳам овард. Дар ҳама давру замон инсон на танҳо барои некӯаҳволии моддӣ ва роҳати ҷисмонӣ кӯшиш менамуд, балки барои ӯ қадршиносӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳо ва қонеъ гардидани ниёзҳои гуногун ҳамеша муҳим буд ва мемонад.

Таърихи инсоният собит сохт, ки муҳимтарин ниёзи инсонӣ ҳамеша расидан ба истиқлолият будааст. Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар шаҳрванди Тоҷикистон арзиши хосса дорад, зеро он рамзи Ваҳдати миллат, соҳибихтиёрӣ ва озодӣ мебошад. Низоми арзишҳое, ки пойдевори ғоявии истиқлолияти Ватани моро ташаккул медиҳад, бунёдест барои рушди маънавию ахлоқи ҳамватанони мо ва қодир ба он аст, ки дар зеҳни ҳар тоҷик худшиносии миллӣ, ифтихор аз фарҳанги волои тоҷик, эҳтиром ба таърих ва анъанаҳои миллиро эҳё ва тарбия намояд.

Мо мутмаин ҳастем, ки ҳувияти миллӣ ҳар қадар қавитар бошад, майлу хоҳиши ҳифзу таҳкими истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ҳамон қадар зиёдтар мешавад. Ҳувияти миллӣ ва соҳибихтиёрӣ ду падидае ҳастанд, ки доимо ҳамроҳ зуҳур мекунанд. Сатҳи ҳувияти миллӣ ва соҳибихтиёрӣ бояд ҳамеша ба ҳамдигар мувофиқат кунанд. Ба ҳамин хотир дилхоҳ миллати худшинос барои эъмори давлати соҳибистиқлол талош мекунад ва дар навбати худ дилхоҳ давлат низ барои таҳкими худшиносии миллӣ бояд талош намояд, зеро дар ниҳояти кор тавоноии бақои онҳо аз ҳамдигар вобастагии амиқ дорад.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон барои ҳар шаҳрванди кишвар имконияти зиёд барои рушд фароҳам оварда шуд. Дар натиҷаи фаъолияти роҳбарияти Тоҷикистон ҳар шаҳрванди ватандӯсти мамлакат эҳсос мекунад, ки имрӯз мо дар Ватани орому осуда ва амн зиндагӣ мекунем. Истиқлолияти мамлакат барои ҳар фарзанди тоҷик маънои ҳуқуқии худмуайянкунӣ ва интихоби роҳи рушди худро дорад.

Дар заминаи гуфтаҳои боло, бо дарназардошти таърихи соҳибистиқлолии Тоҷикистон, ки 34-сола мешавад, метавон гуфт, ки мо тавонистем истиқлолияти давлатиамонро ҳифз намуда, онро таҳким бахшем, худро ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмиллалӣ муаррифӣ намоем, ҳудуди кишварро пурра ҳифз кунем. Роҳбарияти Тоҷикистон, хусусан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нагузоштанд, ки қувваҳои берунӣ ба равандҳо ва корҳои дохилии сиёсии мо дахолат кунанд ва вазъи давлати моро муташанниҷ гардонанд.

Давраи давлатсозӣ ва давлатдории мустақил ба мо, тоҷикон имкон дод, ки мо ба роҳи ислоҳоти сиёсии иқтисодӣ ворид шавем, иқтисоди миллӣ ва сохторҳои нави идоракуниро ташаккул диҳем, барои ҳамгироии Тоҷикистон ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ роҳ кушоем. Роҳбарияти мамлакат ҷиҳати таҳкими Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон чаҳор ҳадафи стратегии рушди минбаъда – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва суръат бахшидан ба саноатикунонии кишварро муайян кардааст.

Ба андешаи мо, аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар назди ҳамватанони мо вазифаи эҳёи мероси бебаҳои маънавию фарҳангие, ки дар тӯли садсолаҳо аз ҷониби гузаштагони мо офарида шуда буданд, меистод. Дар ин раванд хотираи таърихӣ, барқарор намудани таърихи воқеӣ ва ҳақиқии халқи тоҷик мавқеи муҳим ишғол мекунад. Ба туфайли ҷидду ҷаҳди роҳбарияту олимони кишвар саҳифаҳои муҳимтарини замони гузаштаи миллати тоҷик аз нав кашф карда шуданд. Далелу рақамҳои кашфгардида шаҳодати онанд, ки сарзамини мо яке аз қадимтарин марказҳои тамаддун маҳсуб мешавад.

Имрӯз, яъне дар замони соҳибистиқлолӣ идомаи пайгиронаи эҳёи арзишҳои миллӣ, шинохти амиқи худ, ташаккули ғояю мафкураи миллӣ дар соҳаи маънавӣ вазифаи асосии ҷомеаи тоҷик шуморида мешавад. Мазмуни асосии мафкураи миллӣ, ки бунёди пешрафти иҷтимоию сиёсии кишвар маҳсуб мешавад, бояд аз чунин ҳадафу вазифаҳои наҷиб, аз қабили таъмини сулҳу субот дар кишвар, ободии Ватан, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум иборат бошад.

Мафкураи истиқлолияти миллӣ бо дарназардошти анъана, таърих, забон, рӯҳияи тамаддунофари чандинасраи халқи мо ва дар ҳамбастагии зич бо арзишҳои умумибашарӣ бояд тамоми мардуми Тоҷикистонро дар атрофи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид созад. Ин андеша бояд барои ба дилу шуури одамон интиқол додани эътимод ба фардои дурахшон, тарбия намудани меҳру муҳаббат ба Ватан хизмат кунад.

Бо назардошти чунин андешаҳо бояд эътироф кард, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бузургтарин ва олитарин арзишест, ки бақои давлату миллат ва дурнамои рушди бомуваффақияти кишвар ба ин падида вобастагии амиқ дорад. Ба шарофати ин арзиши бебаҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ ва эътироф гардида, халқи тоҷик ҳамчун миллати мутамаддин ва бофарҳанг шинохта шуд.

Рустам ҲАЙДАРЗОДА, директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлтаҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, доктори илмҳои фалсафа