Перейти к основному содержанию

17 сентябри соли равон бо ташаббуси Шуъбаҳои сиёсатшиносӣ ва масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ семинари илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар самти мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм” баргузор гардид.

Дар ибтидо сухани ифтитоҳӣ ба директори ИФСҲ АМИТ д.и.ф., профессор Маҳмадизода Н.Д. дода шуд. Устод Маҳмадизода Н.Д. нисбати ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар самти мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм сухан ронда иброз намуданд, ки чунин ҳамкориҳо дар шароити пуртазодди ҷаҳони муосирмуҳим ва рузмарраанд. Дар поёни суханронии хеш ба кори семинари илмӣ-амалӣ барор хостанд.

Сипас модератори семинар д.и.ф., профессор Зиёи Х.М. суханро ба баромадкунандаи аввали семинар, д.и.ф., профессор Ҳайдарзода Р.Ҷ. пешниҳод намуданд.

Профессор Ҳайдарзода Р.Ҷ. дар мавзуи “СҲШ дар таҳкими ҷаҳони бисёрқутба” баромад намуда, иброз доштанд, ки яке аз созмонҳои бонуфуз, ки кишварҳои минтақа ҷиҳати мубориза бо ҳамагуна таҳдидҳои амниятӣ ҳамкориҳоро ба роҳ мондаанд Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ба ҳисоб меравад. Созмони мазкур дорои механизмҳои бисёрҷанбаи ҳамкориҳо бар зидди терроризм, экстремизм ва сепаратизм дар минтақаи Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад. Дар баробари ин СҲШ ба яке аз созмонҳои калонтарин ва босуръат рушдёбандаи байналмилалӣ мубаддал гардидааст.

Дар айни замон, СҲШ ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи мутақобилан судмандро дар формати 8+4+9 (кишварҳои узви СҲШ+ кишварҳои нозир+ кишварҳои дорои мақоми “шарикони муколама”) ба роҳ монда аст. Соли 2017 пас аз шомил гардидани Ҳиндустону Покистон ва соли 2021 Ҷумҳурии исломии Эрон ва соли 2022 Ҷумҳурии Белорус ба СҲШ аз лиҳози ҷуғрофӣ ҳудуди созмон васеъ гардида, 40% аҳолии ҷаҳонро ба ҳам муттаҳид сохт ва дар умум 30% ММД ҷаҳон ба ин минтақа мансуб аст. Аз ин лиҳоз, нақш ва мақоми созмон дар фазои қораи Авруосиё афзунтар гардид.

СҲШ блоки ҳарбӣ (ба мисли НАТО) ё форуми доимо амалкунандаи кушод доир ба масъалаҳои амниятӣ (ба мисли АСЕАН) набуда, мавқеи миёнаро ишғол менамояд. СҲШ бо созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз қабили СММ, ИДМ, СААД, ЕврАзЭС ва АСЕАН ҳамкорињои мутақобиларо ба роҳ мондааст.

Вазифаҳои асосии СҲШ таҳкими сулҳу субот ва амният дар фазои кишварҳои узви созмон, мубориза бар зидди терроризм, сепаратизм, экстремизм, киберҷиноят ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, инчунин рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва шарикии энергетикӣ, ҳамкориҳои илмӣ ва фарҳангӣ баҳисоб меравад.

Сипас модератори семинар д.и.ф., профессор Зиёи Х.М. суханро ба баромадкунандаи дуюми семинар, н.и.с., дотсент Сафарализода Х.Қ. пешниҳод намуданд.

Дотсент Сафарализода Х.Қ. дар мавзуъи “СҲШяке аз созмонҳои калидї ҷиҳати мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм” баромад намуда, иброз доштанд, ки муқовимати дастаҷамъона бар зидди ҳама гуна таҳдидҳои террористӣ ва экстремистӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти СҲШ мансуб ёфта, бо гузашти беш аз бист сол созмон тавонист дар ин самт таҷрибаи назаррасеро ба даст орад. Дар амал то ба имрӯз диққати асосии кишварҳои узви Созмон бевосита ба нигоҳдории сулҳ ва амнияти байналмилалӣ ва мубориза бо хатару таҳдидҳои муосир, пеш аз ҳама терроризми байналмилалӣ, экстремизм ва сепаратизм равона карда шудааст. Доир ба ин масъала Конвенсияи Шанхай оид ба мубориза бар зидди терроризм, сепаратизм ва экстремизм аз 15.06.2001 ба имзо расонида шудааст, ки дар он ҳадафҳо, вазифаҳо ва принсипҳои асосии ҳамкориҳои кишварҳои узви созмонро соҳаи гуногуни баррасишаванда муайян мекунанд, аз ҷумла мубориза бо терроризм, экстремизм ва сеператизм, мубодилаи иттилоот, иҷрои дархостҳо оид ба чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, табодули таҷриба, иттилоот, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ғайра.

Конвенсияи Шанхай дар бораи мубориза бо терроризм, сепаратизм ва экстремизм ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷиҳати таъмини сулҳу субот ва мубориза бар зидди ҳамагуна хатарҳои замони муосир дар минтақа ба имзо расонида шуданд ва аз ҷониби кишварҳои минтақа ва аъзои созмон мавриди амал қарор дорад.

Дар охири семинар мубоҳиса оид ба маърузаҳои баромадкунандагон сурат гирифт, ки дар онњо ходимони илмии Институт ва унвонҷўёну докторантони PhD фаъолона иштирок намуданд.