Перейти к основному содержанию

Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъсиси озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” дар соли 2024 ҳоло дар тамоми вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷараëни даври сеюми озмуни мазкур сурат гирифта истодааст.

Имрӯз (17.09.2024) президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт аз ҷараёни озмуни ҷумҳуриявии "Илм фурӯғи маърифат", ки дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 19- и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор гардида истодааст боздид намуданд.

Дар ибтидо президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба иштирокчиëни озмун барору муваффақият таманно намуда, таъкид дошт, ки барои дар сатҳи хуб баргузории озмун тамоми идораву корхонаҳои масъулгаштаи шаҳру ноҳияҳо шароити мусоид муҳаё намуданд, то ки иштирокдорони озмун дар фазои осоишта ва шафофият иштирок намуда, мутобиқ ба донишу маҳорати доштаашон сабқат намоянд. Инчунин ба ҳайати ҳакамон барои шаффофият баргузор намудани даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии "Илм фурӯғи маърифат" дастурҳои мушаххас дода шуд.