27 сентябри соли равон мулоқоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо Артур Ван Дизен – роҳбари Намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид ( UNICEF) дар Тоҷикистон баргузор гардид.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки Хазинаи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид (UNICEF) аз соли 1993 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад. Мақсад аз фаъолияти барномаи навбатии Созмони Миллали Муттаҳид (UNICEF) ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон аст.
Зимни вохурӣ ҷонибҳо ба масъалаҳои мубраму саривақтӣ дар мавзуи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак суханронӣ намуда, барои ба мактаб фаро гирифтан, соҳибмаълумот намудан, пешгирии никоҳи барвақтии духтарон, гирифтани сади роҳи зӯроварӣ дар оила, то ки ба ҷиҳати рӯҳиву равонии кӯдакону модарон таъсири бад нарасад, таъмини саломатии кӯдакон ва дигар масъалаҳо барои рушду инкишоф ва ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҳамзамон президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт зикр намуд, ки тибқи талаботи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавзуҳои масъалагузоринамудаи шумо дар “Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Қонун дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдакони ноболиғ”, “Қонуни масъулият дар таълим ва тарбияи кӯдак” ва дигар қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амал татбиқ шуда истодааст ва ҳамеша ин масъалаҳо таҳти ҳимояи давлат қарор дорад.