Перейти к основному содержанию
Имрӯз (01.10.2024) дар маҷлисгоҳи Институти астрофизикаи АМИТ бо иштироки ноиби Презтденти АМИТ, раиси Шуъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникии АМИТ, д.и.т. профессор Амонзода Илҳом Темур ва котиби илмии Шуъбаи мазкур д.и.т., профессор Ғафоров А.А. ҳисоботи нӯҳмоҳаи кормандони илмии Институти астрофизикаи АМИТ шунида шуд.

Бояд қайд намуд, ки маҷлиси мазкурро директори Институт н.и.ф.-м. Бӯризода А.М. ифтитоҳ бахшида, меҳмононро ба Институт хайрамақдам намуд. Баъдан ҷиҳати баррасии ҳисоботи нӯҳмоҳа баромад, ироа намуд. Дар ҳисоботи мазкур натиҷаҳои назарраси илмӣ – таҳқиқотӣ, илмӣ –ташкилӣ, омода намудани мутахассисони илмӣ, таблиғи донишҳои астрономӣ, ҳамкориҳои илмӣ бо муассисаҳои дохилию хориҷӣ пешниҳод карда шуд.

Ҳамзамон роҳбарони зерсохторҳои Институт низ доир ба масъала баромад намуда оид ба корҳои анҷомдодаи худ маълумот манзур намуданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбарияти олии кишвар, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар самти омода намудани мутахассисони баландихтисоси илмӣ дар Институт корҳои назаррас анҷом дода шуда истодааст. Таҳти роҳбарии Узви вобастаи АМИТ, д.и.ф.-м. Қоҳирова Г.И. ду нафар ва таҳти роҳбарии н.и.ф.-м. Нарзиев М. як нафар рисолаҳои илмӣ омода намуда истодаанд.

Пас аз баррасии ҳисобот аз ҷониби ноиби Презтденти АМИТ, раиси Шуъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникии АМИТ, д.и.т. профессор Амонзода И.Т. суханрони намуда, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта пешниҳодҳои муфид ироа карда супоришои мушахас доданд