Ҳамдиёрони азиз, олимону кормандони гиромӣ!
Боиси хушнудист, ки ҳамасола санаи 5-уми октябрро ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ бо ифтихору сарфарозӣ таҷлил мекунем.
Барои ҳар як фарди ҷомеа донистани забони модарӣ - арҷгузорӣ ба миллат ва гузаштаи хеш аст. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Забони давлатӣ ба ғамхориву пуштибонии доимӣ на танҳо аз ҷониби давлату Ҳукумат, балки аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ ва кулли сокинони мамлакат ниёз дорад, зеро рушди пайваста ва ҳамаҷонибаи он рамзи устувориву пойдории давлат ва истиқлоли сиёсии мо дар замони пурошӯби имрӯза мебошад.».
Аз таърихи башарӣ бармеояд, ки арзишмандтарин муқаддасот барои миллат дар радифи истиқлолу озодӣ, забон ба ҳисоб меравад. Бо дарназардошти аҳамияти хосааш Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забонро сарчашмаи ҳастии миллат номидааст. Воқеан, дар ҳама давру замон ягона нишонаи инъикосгари миллату халқиятҳо забон мебошад. Вақте, ки ба таърихи миллатҳо назар меафканем маълум мегардад, ки маҳз забон дар равандҳои тақдирсозу мураккаб кафолати мавҷудияти миллатро дар навбати аввал таъмин намудааст.
Дар робита ба ин бояд тазаккур дод, ки забони тоҷикӣ ҳамчун куҳантарин забон дар минтақа дар тамои марҳилаҳои сарнавиштсози таърихӣ барои миллати мо нақши сипарро иҷро намудааст. Ин забони тамаддунофар тавассути чеҳраҳои мондагори миллат, ки бо хираду ҷаҳонбинии хеш ба фарҳанги башарӣ саҳм гузоштаанд, то имрӯз моро ҳамчун миллати фарҳангофару тамаддунсолор муаррифӣ намуда, истодааст.
Аз фурсати муносиб истифода бурда, ҳамаи Шуморо ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки он яке аз пояҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва нишонаи равшани ҳувияти миллии мо ба ҳисоб меравад, самимона табрик гуфта, дар корҳои илмию таҳқиқотиятон комёбиҳо таманно дорам.
Рӯзи забони давлатӣ муборак!