Перейти к основному содержанию
Забони миллӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ буда, дар пойдорӣ ва таҳкими давлати миллӣ мақом ва нақши муҳим дорад. Забон дар ҳама давру замонҳо яке аз сарчашмаҳои асосии Истиқлолияти миллӣ ва омили муҳими ташаккули миллат мебошад. Таърих гувоҳ аст, ки пас аз пош хӯрдани давлати Сомониён, ки халқи тоҷик давлатдории худро аз даст дода буд, вале забони тоҷикиро ҳамчун забони давлатӣ дар мақоми поянда устувор нигоҳ дошта тавонист. Забон неъмати бебаҳоест, ки инсон онро аз замонҳои қадим истифода мебарад. Он яке аз унсурҳои асосии фарқкунандаи инсон аз махлуқоти дигар аст.

Дар ҳар давру замон одамон ба он чун муқаддастарин, заруртарин ва пояндатарин дороии худ муносибат намуда, маъмулан барои таъмини волоияти он мекӯшанд. Халқу мардуме, ки забонашро маҳфуз дошта наметавонад, ногузир аз он маҳрум мегардад. Аз ин ҷост, ки ҳар як соҳибзабон дар рушди забони хеш саҳмгузор бояд бошад. Тоҷикон, хушбахтона, яке аз он камтарин мардум, ки забони худро дар дудмони куҳани таърих хубу марғуб нигоҳ дошта, на танҳо мавҷудияташро, балки рушдашро таъмин карда меояд. Ба вижа дар даҳсолаҳои охир, ки равиши ҷаҳонишавии арзишҳои моддию маънавӣ доираи имконоти рушди забонҳои хурдро торафт маҳдуд менамояд, масъалаи ҳифозати забони миллӣ беш аз пеш доғтар мегардад, зеро, забони тоҷикӣ дар масири мавҷудияташ борҳо рушду нумӯъ карда, маротибаҳо равнақу инқирозро аз сар гузаронидааст. Охирин марҳалаи рушду ғаномандии он ба солҳои 80-и асри ХХ ва оғози садаи ХХI рост меояд. Дар ин давра ба шарофати қувват гирифтани худогоҳию ҳуввияти миллию расидан ба истиқлоли давлатӣ забони тоҷикӣ беш аз ҳарвақта аҳамияти амалию ҳаётӣ пайдо кард.

Замони ба даст овардани Истиқлол бо ибтикори Асосгузори сулҳуваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангии забони тоҷикӣ тағйир ёфта, он на танҳо дар манотиқи Тоҷикистон балки да арсаи ҷаҳонӣ обрӯву эътибор пайдо намуд. Бо дарки хусусияти муттаҳидгардонӣ ва ваҳдатсозии забон Пешвои миллат онро ҳамчун як рукни устувору побарҷои давлатдории навини тоҷикон эътироф намуданд. Маҳз хидматматҳои беназир ва шоёни Пешвои миллат буд, ки ин забон дар созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ садо медиҳад. Ҳамчунин, Пешвои миллат дар таълифоти илмию пажуҳишиашон муҳимтарин масоили таърихи тоҷиконро дар ҳамбастагӣ бо масъалаи забон баррасӣ мекунанд ва иртиботи бевоситаи ин ду рукни муҳими милатсоз ва давлатсозро пайваста таъкид месозанд. Дар шароити имрӯзаи ҷаҳони муосир арҷгузорӣ ба рукнҳои давлатсози ҷомеа - забон, фарҳанг, тамаддун ва анъанаҳои миллӣ бамаротиб зиёд мегардад, зеро раванди ҷаҳонишавӣ ду ҷанба- мусбат ва манфӣ дорад ва дар баробари хусусияти ҷаҳонӣ касб кардани урфу одатҳои миллӣ, аз ҷониби дигар, хатари кам шудани мавқеъ ва нуфуз ва аз байн рафтани онҳо, бахусус забонҳои миллӣ пеш меояд. Бино ба назари пажуҳишгарон дар сад соли оянда хатари аз байн рафтани тақрибан ҳаштод дарсади забонҳои дунё вуҷуд дорад. Бо назардошти ин, Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати рушду такомули забони тоҷикӣ ҳамвора чорасозӣ мекунад ва таваҷҷуҳи шахсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ин масъала намунаи беҳтарини ҳифзи арзишҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Чунки забон василаи сохтани ҳуввияти миллист, шахсе ки асолати худро мешиносад, аз Ватан ва муқаддасоти миллӣ ифтихор мекунад ва бадин васила худшинос ва худогоҳ мегардад. Яъне, забон қисми таркибии ҳуввияти миллӣ буда, воситаи заминасоз барои падидории ифтихори миллӣ дар замири ҳамватанон аст. Ҳамин таваҷҷуҳу ғамхорӣ ва ҳисси баланди худшиносии Президент буд, ки бо тасмими номбурда соли 2008 “Соли бузургдошти забони тоҷикӣ” эълон гардид. Баргузории чорабиниҳои ҷашнӣ эҳсоси худшиносии ҷомеаро бамаротиб боло бурд. Нашри асари дуҷилдаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Забони миллат-ҳастии миллат” – ро падидаи нодир ва беназир дар амри таърихи пайдоиш, ташаккул ва рушди забони тоҷикӣ баршумурдан мумкин аст. Ба андешаи мо, «Забони миллат-ҳастии миллат» асари арзишманди дорои хусусияти энсиклопедӣ буда, аз рӯйи хислат, мавзуъ, муҳтаво, равиши таҳқиқ, навгонӣ, фарогирии мавод, дастабандии таърихи ташаккул, сохти дастурии забони тоҷикӣ, арзёбии куллии масоили забону адабиёт, забон ва тарзи баён дастоварди беназир, таҳқиқоти пурарзиш ва саҳифаи тоза дар илми забоншиносии замони истиқлол маҳсуб мегардад. Маводи арзишманди онро метавон ба сифати дастури таълим дар дарсҳои забон, адабиёт ва таърих мавриди истифода қарар дод.

Бо вуҷуди ҳамаи ин пешравиҳову густариши забони яке аз масъалаи муҳими нигоҳ доштани асолат ва покизагии забони модарӣ аз мавзуъҳои муҳими ҷомеаи имрӯза табдил ёфтааст. Чӣ тавре ки дар кӯчаву хиёбонҳо, бахусус дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки доираи васеидонишҷӯён ва хонандагонро фаро гирифтааст муоширати онҳо бо забони дурушту пурғалат ва омехта сурат мегирад.

Имрӯз дар байни ҷавонон омӯзиши забонҳои хориҷа ба тадриҷ густариш ёфта истодааст. Мутаассифона онҳо забони шевои худро бо забонҳои бегона омехта намуда, зебоӣ ва асолати онро аз байн мебаранд. Аз ин рӯ зарур аст, ки тамоми асарҳои илмиро на бо забони бегона балки бо забони худ иншо намоем. Ҳар қадаре ки бо забони бегона гуфтугӯ намоем, ҳамон қадар асолати забонро аз даст медиҳем. Вақте ки асолати забон аз даст меравад, забон ногузир маҳкум ба нобудӣ мешавад. Донишмандони тоҷик бояд саъй намоянд, ки дар баробари таълифи асар ба забони модарӣ, асарҳои худро бештар ба саҳифаи сомонаҳои интернет ворид намуда, забони ширину шевои тоҷикиро дар зеҳни мардум мақом диҳанд ва худашон низ дигар забонҳоро хуб омӯзанду асар ва кашфиётҳои навтарини илму фанро ба забони тоҷикӣ баргардон кунанд.

Хушбахтона таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси омӯзиши забони давлатӣ ва таълими босамари он дар назди забоншиносон, мутахассисони соҳа ва устодони соҳибтаҷриба илова ба таҷдиди усули таълим, инчунин усули инноватсионии тадрис ва истифодаи воситаҳои технологияи муосири таълим ва дар ҳамин замина таълифи китобҳои дарсиро бо атрибутҳои миллӣ ба миён гузошт. Чунин талабот дар ҷодаи омӯзиш ва парвариш тафаккури навро ба вуҷуд меорад, зеро мутобиқи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асоси методологии тарбияро дар кишвари мо тафаккури нави сиёсӣ ва фарҳангӣ ташкил медиҳад, ки моҳияти он таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстию ватанпарастӣ, таъмини амнияти давлату миллат, ҳифзи тамомияти арзӣ ва манфиатҳои умумимиллӣ мебошад.

Мутахассиси бахши маҷаллаҳои тиббии шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фарматсевтии АМИТ Юлдошева З.И.