Перейти к основному содержанию

11 октябр бо ташаббуси Институти Физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи байналмилалӣ бахшида ба 60-солагии Институт дар толори маҷлисии Меҳмонхонаи Румӣ баргузор гардид.

Дар конференсияи мазкур президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, олимону академикони институти мазкур ва меҳмонон аз Россия, Ӯзбекистон ва дигар манотиқи ИДМ иштирок доштанд.

Ба кори конфронс директори Институт Зарифзода Афзалшоҳ Қаҳрамон – доктори илмҳои физика математика ҳусни оғоз бахшида, сухани муқаддимавиро ба президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт доданд. Мавсуф сараввал меҳмононро, ки аз дохил ва хориҷи кишвар ташриф оварда буданд, хайрамақдам гуфта аз таърих ва дастовардҳои институт ёдовар шуд.

Таъкид гардид, ки Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар зарфи 60 соли таъсисёбиаш ба комёбиҳои беназир ноил гаштааст. Бахусус, дар замони Истиқлолияти давлатӣ фаъолияти худро дар партави сиёсати хирадмандона ва илмпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, ба дастовардҳои назарраси илмӣ ноил гардид.

Бояд зикр намуд, ки баъд аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ба ҳифз ва тараққӣ додани маркази асосии илми тоҷик – Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умаров як қисми ҷудонашавандаи он ба ҳисоб меравад, равона карда шуд. Дар натиҷаи ин сиёсати илмдӯстона ва ояндабинонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қудрати илмии худро ҳифз намуда, фаъолияти серсоҳаашро дар самтҳои барои ҷумҳурӣ афзалиятноки илм бомуваффақият идома дод.

Ҳоло Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои рушди таҳқиқоти илмии бунёдӣ ва амалӣ дар самтҳои афзалиятноки илмҳои табиатшиносӣ ва техникӣ чораҳо андешида, дар масъалаҳои илмиву технологии мамлакат саҳмгузорӣ мекунад, дастовардҳои илм ва технологияи ҷаҳониро омӯхта, ба истифодаи онҳо дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.

Вобаста ба супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Институт барои тайёр намудани кадрҳои ҷавони илмӣ аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Таъсиси магистратура дар Академияи миллии илмҳо падидаи нав буда, имкон медиҳад, ки дар Институт дар солҳои оянда тайёр кардани кадрҳои илмии ҷавон вусъат пайдо намояд ва дар пешрафти соҳаҳои мухталифи илм ҷавонон саҳмгузор бошанд.

Институт дар айни замон фаъолияти худро ба иҷрои се ҳадафи стратегии давлат – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ равона намуда, бо натиҷаҳои таҳқиқоти илмии бунёдӣ ва амалии олимон ҷиҳати рушди илми ватанӣ, боло бурдани тафаккури илмиву техникии ҷомеа, сатҳи фарҳангу маънавиёти ҷавонони кишвар, ташаккули тафаккури зеҳнию ҳуқуқии мардум, дар руҳияи ватанпарвариву башардӯстӣ, ифтихори миллӣ, худогоҳиву худшиносӣ тарбия намудани ҷомеа ва ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ намудани дастовардҳои илмӣ саҳми худро гузошта истодааст, гуфта ба кори конференсия барору муваффақият таманно намуд.

Дар идомаи конференсия олимону академикони дохилу хориҷ баромад намуда, оид ба пешрафт ва рушди фанҳои табиию риёзӣ маълумотҳои муфассали саривақтии хешро пешниҳод намуданд.