Javascript, Disable context menu on right click Перейти к основному содержанию

Ҳамасола дар ҷумҳурӣ 6- уми ноябр ҳамчун рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Воқеан ҳам Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз, роҳнамои миллат ва умуман ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва ҷомеаро ба танзим медарорад. Маҳз ба василаи Конститутисия кишвари Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақил, демократӣ ва амну осоишта муаррифӣ гардидааст.

Имрӯз (24.10.2024) дар толори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 6- уми ноябр Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Нақши Конститутсия дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа» бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, муовини Раиси шаҳри Душанбе, роҳбарияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва устодону донишҷӯён баргузор гардид.

Ба кори конфронс ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Насриддинзода Э.С. ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро барои иштирок дар ин конфронси сатҳи баланд хайрмақдам гуфт. Дар идома муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ зимни сухани ифттитоҳӣ таъикд дошт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шудааст. Ва ба василаи ин ҳуҷҷати тақдирсоз ва бахтномаи миллат мо дар замони даргириҳои ҷанги шаҳрвандӣ тавонистем барои ба танзимдарории сохти конститутсионии кишвар ноил гардем.

Дар идомаи конфронс президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт зимни суханронии хеш зикр кард, ки имрӯзҳо дар миқёси ҷумҳурӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ, конференсия, ҳамоишҳои илмӣ-амалӣ ва илмӣ-назариявӣ баргузор шуда истодаанд.

Ҳамин аст, ки Соли равон, ки бо ташаббус ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30-юмин солгарди қабули санади тақдирсози миллат-Констиутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад ва соли 2024 ба ин муносибат ҳамчун соли «Маърифати ҳуқуқӣ» эълон шудааст, таваҷҷуҳ ба ин масъала мубрамияти хоса касб кард.

Таъкид гардид, ки Пешвои муаззами миллат, воқеан нақши таърихии Конститутсияро дар ташаккул ва рушди далватдории нави миллии Тоҷикистон дурурст арзёбӣ намуда, дар Паёми худ аз 28 декабри соли 2023 таъкид карданд, ки «Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем. Бинобар ин, пешниҳод менамоям, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳимми таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад».